Пайк

ХАБАРҲО

2 МИЛЛИОНУ 400 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ҚАСРҲОИ ФАРҲАНГ


Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21.07.2017 дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт: Айни ҳол дар Вазорати фарҳанг 1354 китобхона, 332 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 415 клуб, 7 филармонияҳои халқӣ, 62 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22  театри халқӣ, 54 осорхона, 14 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 6 ансамбли эстрадӣ, 18 муассисаи театрии касбӣ, 95 муассисаҳои таълимии фарҳангу санъат, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи санъат. фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 84 мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ фаъолият мекунанд.

Тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол дар ҷумҳурӣ 367 рузнома (107 адад давлатӣ  ва 260 адад ғайридавлатӣ),  239 маҷалла ( 110 адад давлатӣ ва 129 адад ғайри давлатӣ), 321 матбаа ( 36 адад давлатӣ  ва 276 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт ( 10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 адад давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ”  ва “Дар барои матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” фоъолият менамоянд, илова намуд Орумбекзода дар идомаи суханрониаш доир ба ҳисоботи шашмоҳаи аввали соли 2017.

Ҳамчунин  Шамсиддин Орумбекзода ишора намуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017”  барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ  2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағи мазкур мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ҷиҳати ба анҷом расонидани сохтмони қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод- 1,0 млн сомонӣ, барои сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб – 500 ҳазор сомонӣ, барои оғози сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав  600 ҳазор сомонӣ, барои сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ- 240 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани корҳои лоиҳавию сохтмонӣ дар иншооти солҳои оянда – 60 ҳазор сомонӣ равона гардид.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru