Пайк

ХАБАРҲО

Мирзои Салимпур: Ҷомиа мисли бухорист, матбуот дудбаро

Мусоҳибаи Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ бо Мирзои Салимпур

Боби I Мирзо дар ҳаёт

Дуруд ба шумо!

Сипос аз шумо барои имкони чунин гуфтугӯ ва дуруд ба якояки хонандагони “Пайк”!

Оғози суҳбат бисёр хуб аст барои дафтари хотиротро варақ задану  аз даврони кӯдакию наврасї чизе гуфтан...

Ман дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадаам. 6 сол доштам, ки падарам маро ба мактаб бурд, вале на мактаби худи Мортеппа, балки ба мактаби рақами 15 дар деҳаи бо мо ҳамсояи Шӯроб, ки маркази колхози ба номи Жданов буду бинои дуқабата дошт ва аз мактабҳои пешрафтаи он замон ба шумор мерафт. Дар мактаб хеле фаъол ва аълохон будам – сардори синф, раиси дружинаи пионерӣ, раиси кумитаи хонандагон... Ва дар олимпиадаҳо низ аз мактаби рақами 15 зиёд намояндагӣ кардаам. Боваратон намеояд, вале дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби нишони нуқра шудам. Ва боз аз фанни химия!

Бобои модариам Ёқуб Юсупов аз солҳои 30 то миёнаи солҳои 60 раиси колхози Жданов, як раиси овозадор ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ. Хеле ҳайбат доштанд ва ҳатто мо, набераҳо, аз ӯ бим мекардем. Ҳарчанд дар даврони кӯдакии мо он кас дигар раис набуд, даврони пирӣ меронданд. Тағоҳоям Шарифи Юсуф ва шодравон Муҳаммадӣ хеле мардони дастурхондор буданд. Шарифи Юсуф бо ҳама ҳунармандони маъруфи он давр дӯсти наздик буд ва ман гулҳои сари сабати фарҳанги тоҷик – Лоиқ, Гулрухсор, Отахон Латифӣ, Акбари Турсон, Бозор Собир, Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳи Шодӣ, Хурмо Ширин, Далер Назар, Давлатманди Хол ва даҳҳои дигарро бори аввал дар хонаи ӯ вохӯрдам. Хурд будам ва бо баҳонаи хидмат ба меҳмонон пешашон мерафтам, ки аз сӯҳбаташон баҳрае бардорам.

Тағои Шарифам китобхонаи хеле бой дошт ва ман аз ҳамин китобхонаи ӯ бори аввал бо ашъори Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур ошно шудам, нахустин фитаи таронаҳои Гугушро, ки он замон хеле камчин буд, низ тағоям Шариф бароям сабт кард.

Фикр мекунам, ҳамин муҳит дар ниҳоят боис шуд, ки ман бо медали нуқра аз химия пушти илми химия нарафтам ва ё дар давраи донишҷӯї бо вуҷуди исрори устоди математикаам ба риштаи риёзии донишгоҳ нагузаштам.

Аз даврони ҷавонию донишҷӯӣ гӯед ва намонад ногуфта, ки он давраҳо чӣ вижагии хос доштанд?

Алоқаи худам баъди хатми мактаб ба забону адабиёт ва шарқшиносӣ буд, вале падарам, ки он вақт муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор буд, чунин пешаҳоро ҷиддӣ намешумурд. Бо тақозои падар ба риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатӣ ҳуҷҷат супурдам. Ба риштаи баплангирӣ, ки асосан фарзандони калонҳо дохил мешуданд, нагузаштам ва омадам ба риштаи баҳисобгирӣ, ки факултаи камбағалҳо шумурда мешуд. Даврони донишҷӯии мо (солҳои 1986-1990) ба давраи бозсозӣ рост омад, ки дар Шӯравӣ ошкорбаёнӣ сар шуд, кам-кам ҳаракатҳои милливу демократӣ ба майдон меомаданд. Дар ҳавои ҳамин ҳаракатҳо дар соли 1989 ман бо Ҷумъахон Исоев ва Барот Мақсудов, устодони риштаҳои химия ва физикаи донишгоҳ ва Сафари Мастонзод, коргари фабрикаи пойафзол дар моҳи марти соли 1989 нахустин тазоҳурот дар Душанберо ташкил кардем. Ин тазоҳурот бо талаби мақоми давлатӣ барои забони тоҷикӣ буд. Мутаассифона, бисёре аз чеҳраҳои машҳури фарҳангии мо тарсиданд, ки ба мо ҳамроҳ шаванд. Танҳо Давлат Худоназаров, ки раиси Иттифоқи синамогарон буд, ҷуръат карду ба мо аз анбори Иттифоқ як рупор дод. Рӯзи тазоҳурот устодони донишгоҳ синф ба синф гашта, ҳамаро бо овози баланд ҳушдор медоданд, ки касе митинг наравад! Вале чун хуни тоҷикӣ доштанду худашон ҳам мухлиси мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буданд, боз оҳиста мегуфтанд, худатон медонед. Вале дар факултаи баплангирӣ, барои мисол, деканаш дари бинои факултаро аз берун қуфл кард, ки касе митинг наравад. Як қисми донишҷӯён аз тиреза ҷаҳида ба мо ҳамроҳ шуданд, вале қисмати асосии тазоҳургарон аз факултаи баҳисобгирӣ буд. Ҳамаи шиорҳо дар хобгоҳҳои факултаи баҳисобгирӣ дар маҳаллаи 33-юм навишта шуданд. Дар навиштани шиорҳо бачаҳо аз Донишкадаи политехникӣ кумаки зиёд карданд.

Мардум аз корпуси шашум ба самти марказ ҳаракат кард ва баъди убури бинои осорхона ба роҳи мошингард баромад. Мо ҳамин тавр шиорзанон ба майдони Ленин (ҳоло Дӯстӣ) расидем. Баъди чанде бачаҳо аз донишгоҳи тиббӣ ба раҳбарии Абдулло Давлатов (ҳамоне ки ҳоло яке аз ҳомиёни фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст) расиданд. Сипас аз донишгоҳҳои дигар ва майдон пур шуд. Ҳукумати вақт чун дид, ки ба гирифтани пеши роҳи тазоҳурот зӯраш нарасид, раиси парлумон Ғоибназар Паллаевро пеши мо фиристод. Дар ҳар сурат, ҳамин тазоҳурот, фикр мекунам, боис шуд, ки ҳукумати коммунистии он даврон билохира фикрашро дигар кунад ва 22 июли соли 1989, 4 моҳ баъди тазоҳуроти мо қонуни забони давлатӣ қабул шуд.

Волидон чӣ нақш доранд дар ҳаёти Мизои Салимпур?

Падари ман корманди давлатӣ буд ва хеле раҳбари серталаб. Мо, фарзандон, ростӣ, роҳати раисии падарро кам дидем. Чанд сол раиси як совхози сабзавоткорӣ буд ва дар ҳар мавсими ғунучини чӣ карам ва чӣ помидору чӣ сабзавоти дигар дар он совхоз ҳашар эълон мекард. Ва мо писарони раис бояд дар ин ҳашарҳо дар сафи аввал ширкат мекардем. Он кас тавонистанд як совхозеро, ки ба зарар кор мекард, ба як хоҷагии пешрафта табдил диҳанд ва сабзавоташ то ба Хабаровску Ёқутистон бурда мешуд. Ҳамеша дар даруни кор буданд, лаҳзае бекор истоданашро намедидам. Соли 1992, вақте ҷанг сар шуд, ҳамагӣ 50 сол доштанд. Боевикҳои бебасар ӯро, ки барои рушди ноҳияи Ҳисор хидмати зиёд карда буд, ду дафъа барои куштан бурданд. Шукри Худо, афроди солимақле ёфт шуданд, ки наҷоташ диҳанд, вале дигар дилаш монд. Аз ҳамон синни 50 солагї  дигар хонашин шуд ва ҳама вақташро фақат ба нигоҳубини боғи бузургаш, ки мисли як биҳишт буд, сарф мекард.  Албатта, мо, фарзандон, дастамон мерасид ва нагузоштемаш, ки хор шавад, ё ягон камбудеро дар рӯзгор эҳсос кунад, вале маълум буд, ки  то дами маргаш аз онки нисбаташ чунин қадрношиносӣ карданд, дарунакӣ дард мекашид.  Модарам бо онки фақат таҳсили миёна дошт ва хонашин буд, хеле хушмутолиа буданд ва маро ҳам ба хондан ташвиқ мекарданд. Бисёр шудааст, ки меомад, то маро барои анҷоми ягон кори хона даъват кунад, вале вақте медид, ки сарам хам китоб мехонам, оҳиста мерафту худаш ҳамон корро мекард ва ё аз ягон каси дигар кумак мехост. “Монед, бачаам хонад” мегуфт.

Зиндагии имрӯза чӣ гуна ҷараён дорад?  Бисёре аз хонандаҳои “Пайк” аз он ҷумла мухлисони навиштаҳои шумо, инро донистан мехоҳанд.

Ростӣ, зиндагиам баъди ҷанги шаҳрвандӣ ранги “умре дар мусофират”-ро гирифт. Соли 1993 дар Туркманистон, сипас то соли 1998 дар Маскав. Баъди сулҳ ба Ҳисор баргаштам, вале ҳамагӣ ду сол дар Ватан зиндагӣ кардам, ки ба радиои “Озодӣ” ба Прага барои кор даъватам карданд. Инак, 16 сол боз инҷоям. Кори “Озодӣ” ҳам тамом шуд, вале азбаски фарзандонам инҷо мактаб мерафтанд, дар Прага мондам. Моҳи ноябри соли 2016 сомонаи “Ахбор”-ро ба роҳ андохтам, ки шукри Худо, хонандаи худро ёфт ва бо ҳамин сомона машғулам имрӯз.

БОБИ II Мирзо дар Журналистика

Шумо кай фаҳмидед, ки журналист шуданатон мумкину зарур ва мақсад аз журналист шудан дар чӣ буд?

Аслан омадани ман ба журналистика як тасодуф буд. Даврони донишҷӯӣ чанд мақолае дар рӯзномаи ноҳиявии “Байраќи ленинизм” (ҳоло – “Ҳисори Шодмон”) навишта будам ва чанд мақолаи дигар дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ – “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Ҷумҳурият” ва ҳатто дар “Коммунист Таджикистана” ба забони русӣ.  Соли чоруми донишгоҳ мехондам, ки як рӯз ба идораи “Ҷавонони Тоҷикистон” сар задам. Он солҳо муд буд, ки ба ҳар суханронии раҳбари СССР Михаил Горбачёв вокуниш ҷамъ кунанд. Камоли Қурбониён ва Қироншоҳ Шарифзода ҳам дунболи чунин вокуниш мегаштанд ва аз ман хостанд чизе бинависам. Шиштаму ҳамонҷо навиштам. Вақте хонданд, маро гирифта, пеши сардабири “Ҷавонон” Талъат Нигорӣ бурданд, ки ана, касе ки мекофтем. Талъат Нигорӣ низ матлабаки навиштаамро хонд ва вақте фаҳмид, ки ман дар риштаи иқтисодӣ таҳсил дорам, билофосила пешниҳоди корам дод. Ӯ гуфт, ки гузариш ба иқтисоди бозорӣ сар шудааст, вале азбаски журналистон ҳама хатмкардаҳои риштаи филологияанд, дар фаҳмидани мафҳумҳои нави иқтисодӣ, чун кооператив, иҷора ва амсоли ин мушкил мекашанд. Ҳамин тавр, ҳар рӯз қонунҳои нав мебароянд, ки тафсири касбӣ мехоҳанд. Ҳамин тавр, бо мусоидати Устодон Камоли Қурбониён ва Қироншоҳи Шарифзода ва дастгирии Талъат Нигорӣ ман журналист шудам. Як ҷои кориро ду тақсим карда, маро ҳамчун иқтисоддон ва Ҷумъа Давлатзодаро, ки дар риштаи ҳуқуқ таҳсил мекард, ҳамчун ҳуқуқшинос ба кор гирифтанд. Ҷумъа Давлатзода баъдан ба касби худ баргашт ва ҳоло дар мақоми баланди раиси Агентии хидмати давлатии Тоҷикистон кор мекунад. То поёни соли 1990 дар “Ҷавонон” кор кардам, вале баъди аз кор рафтани Талъат Нигорӣ ва Камоли Қурбониёну Қироншоҳ Шарифзода ҷои мо ҳам дар инҷо танг шуд. Муддате дар “Адолат” кор кардам ва сипас аз рӯзи аввали таъсисаш то поёни соли 1992 дар “Чароғи  рӯз”. 5 соли ҷанг дар Туркманистону Маскав асосан машғули соҳибкорӣ будам ва соли 2000 ба радиои “Озодӣ” рафтам – як сол дар Душанбе ва 14 соли дигар дар Прага кор кардам. Ва ҳоло, тавре гуфтам, дар сомонаи мустақиле, ки худам таъсис додам бо номи “Ахбор”.

Чӣ шуморо ба журналистика пайваст?

Албатта, омаданам ба журналистика, чуноне қисса кардам, тасодуф буд, вале монданам дар ин касб як кори фаҳмида. Журналистика ин оинаест, ки дар он ҷомиа ҳусну қубҳи худро мебинад. Аз оина набояд касе хафа шавад, чунки вазифаи журналист ин аст, ки ҳам хубу ҳам бадро бигӯяд, то ҷомиа ислоҳ шавад, албатта, ба сӯи беҳбудӣ. Ман вазифаи худамро ҳамеша дар ҳамин оинадорӣ дидаам, оинае ки мушкилоти ҷомиаро бепарда бигӯяд, на кам кунад, на зиёд, балки воқеиятҳоро нишон бидиҳад. Ба хотири ҳамин рисолат то имрӯз ранҷи ин касбро мекашам, ҳарчанд бо дипломи риштаи иқтисодӣ метавонистам дунболи пешаи оромтареро бигирам ва шояд ҳатто ба ягон мақому мансаб ҳам бирасам, чун дигар ҳамсабақони донишгоҳиам, ки аксар соҳибмақом ва бонуфузанд имрӯз.

Бисёриҳо шикоят мекунанд, ки навиштаву гуфтаи журналист имрӯз қариб, ки ба афкор таъсир надорад, шумо ба кадом назаред?

Мутаассифона, ҷамъи ҳоким имрӯз ба гунаест, ки болонишастаҳо ба он тасвири “қишлоқи тилоӣ”, ки сохтаанд, худашон ҳам сахт бовар кардаанд ва ончиро ки ин тасвирро, ба ақидаи онҳо, “доғдор” мекунад, хуш надоранд. Бахусус матлабҳои танқидӣ дар матбуотро. Вале инсоният то имрӯз ба сохтани ҷомиаи идеалӣ ноил нашудааст. На дар Тоҷикистон ва на дар ягон гӯшаи дигари дунё. Ягон ҷамъият бе камбудӣ нест ва барои ислоҳи камбудӣ он бояд гуфта шавад.  Хабарнигорони тоҷик ҳам вақте мебинанд, ки матлабҳои фошгӯёнаи онҳо ҳамчун душманӣ ба низом ва худи онҳо барои чунин матлабҳо мухолифи ҳукумат қаламдод мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки дам ба дарун бигиранд ва ё ба мавзӯъҳои “безарар” гузаранд.  Ин тамоюл нафақат дар матбуоти маҳаллӣ, балки дар расонаҳои байналмилалӣ ҳам эҳсос мешавад. Ва аммо мардуми оддӣ, ки хонандаи асосии мост, инро эҳсос мекунад ва табъан ба ончӣ ки дар матбуот менависанд, дигар бефарқ шудааст. Дар зеҳни аксар ин ақида ҷо шудааст, ки чизе барои хондан нест,  хоҳ-нохоҳ журналистон аз мавзӯъҳои доғ чашм мепӯшанд. Дар натиҷа, мо эътимоди хонандагонро аз даст додем. Инҷо, тавре гуфтам, айби боло ҳам ҳаст, вале аз як тарафи дигар, аз худи мост ки бар мост.

Журналистикаи мо ба киҳо метавонад фахр кунад ё киҳо айни ҳол ливобардорони Журналистика ба шумор мераванд?

Азбаски ман дур аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунам ва дастрасӣ ба расонаҳои чопиро надорам, бардошти ман метавонад як андоза ноқис бошад, чун бар пояи матолибест, ки дар Интернет мегузоранд ва ман имкони мутолиаи фақат ҳамин матолибро дорам. Тилав Расулзода ва Неъмат Мирсаидовро ҳамеша бо шавқ мутолиа мекунам. Сайёфи Мизробро барои сабки хосаш дӯст медорам, ҳарчанд аз истифодаи беш аз ҳадди вожаҳои русӣ дар матлабҳояш хушам намеояд. Раҷаби Мирзо хеле қалами тавоно дорад ва сад ҳайф, ки ӯро имрӯз аз минбар маҳрум кардаанд ва Раҷаб бо он диди таҳлилии бақувваташ имрӯз дар пушти матлабҳои табрикотӣ паноҳгоҳе барои худ сохтаву дигар амалан лаб фурӯ бастааст, ки ҳайф аст. Аз Хуршеди Атовулло хушам меояд, вақте бо ҳавсала ва бидуни андешаи ину он менависад. Абдулазизи Восеъ қалами хубе дошт, вале мутаассифона, хеле вақт боз чизи наве, ба ҷуз аз шарҳҳои кӯтоҳ дар Фейсбук аз ӯ нахондаам.  Аҳмади Иброҳим аз Кӯлоб хабарҳое меёбад, ки одам кайф мекунад. Аз бачаҳои ҷавон чанд мусоҳибаи ахири Одили Нозир бо адибони шинохта хуб буд. Шаҳрзоди Амин аз “СССР” як сабки вижае дорад, ки матлабҳояшро нахонда намешавад. Ё гузориши Орзуи Карим дар бораи барканории мудири бахши занони ноҳияи Хуросон барои як иштибоҳи доиранавозон дар ҳузури президент як  шоҳкор буд ва беҳуда нест, ки худи раисиҷумҳур шахсан ба ин қазия вокуниш карда, ҳақро ба ҳақдор расонд ва он занро дар мақомаш барқарор кард. Орзу Исоев дар замони кораш дар телевизиони “Сафина”-ро ва ҳоло сӯҳбатҳои ихтисосиаш бо ситораҳои эстрадаро дар “Позитив Продакшн” дӯст медорам. Дар телевизион боз Мубориз ҳаст, ки ӯ низ бо як сабки хосу ҷаззоб барнома месозад. Аз журналистони ба истилоҳ “фейсбукӣ” Зафар Абдуллоев як лаҳни танзомези ҷолиб ва танқидҳои нишонрас дорад, Холиқназар Ҷумъаев мавзӯъҳоеро мебардорад, ки аз чашми журналистон дур мемонад. Журналистони бақувват зиёданд, вале танг шудани муҳит қисмеро аз матбуот дур кард ва қисме эҳтиёткор шуданд. Ба ҳар сурат, боз мегӯям, ки бардошти ман асосан бар пояи матлабҳоест, ки аз интернет мехонам ва агар касеро фаромӯш карда бошам, узр.

Ба ҷӯз аз хабар шумо боз дар кадом жанрҳо менависед?

Азбаски ман дар сомонаи “Ахбор” асосан ба танҳоӣ кор мекунам, ҳоло бештар рӯи гузоришҳои хабарӣ маҳдуд шудаам. Чунки дар воқеъ барои таҳлили масоил ва навиштани мақолаҳои таҳқиқотӣ, ё анҷоми мусоҳибаи муфассали ихтисосӣ вақт намерасад. Сомонаи хабарӣ мисли қӯраест, ки ҳар соат бояд ба он ҳезум, манзурам, матлаби нав партофт, ки хонандаҳо бо матлабҳои нав ба нав таъмин шаванд. Ва баъзе рӯзҳо чунон пурхабар аст, ки бо як дасти танҳо барои пайгирии тамомаш даст намерасад.

Ҳоло, хушбахтона, як каме имкон барои ҷалби хабарнигорони дигар пайдо шуд ва агар дастам бозтар шавад, ҳатман дар фикри пайгирии жанрҳои дигар ҳам хоҳам шуд. Чун худам ҳам хеле муштоқи анҷоми мусоҳибаҳову навиштани мақолаҳои таҳлиливу таҳқиқотӣ шудаам.

Таҳдидро чӣ гуна қабул мекунед?

Танқидро қабул дорам, таҳдидро ё таҳқирро не. Хонандагон зиёд менависанд, ки дар фалон хабар иштибоҳ рафтааст ва ё инки воқеияти ин хабар дар асл чунин нест. Ба чунин хонандагон ҳамеша изҳори сипос мекунам ва ташвиқашон ҳам мекунам, ки агар иштибоҳе диданд, бидуни ягон парво матраҳ кунанд, чун ин барои беҳбуди натиҷаи кори мо мусоидат мекунад. Вале вақте бархе мехезанду аз ҳаво ба ман мечаспанд, ки ту фалону фалон ва аз таҳқир ҳам ҳазар намекунанд, посухеро, ки сазоворашанд, дар ҳамон ҷояш мегиранд.

Вақте аз навиштаи шумо ба касе нафъ мерасаду таъсир чӣ гуна ҳолат Мирзои Салимпурро фаро мегирад?

Албатта, эҳсоси қаноатмандӣ аз натиҷаи коре ки анҷом додем. Хусусан вақте дар бораи ягон мариз ё хонаводаи ниёзманд менависем ва хонандагони зиёде дар тамос мешаванд ва суроғаи он ниёзмандонро мегиранд, то кумаке барояшон бирасонанд, сарамон ба осмон мерасад.

Вале, мутаассифона, чунин ҳолатҳо ангуштшуморанд. Дар бештари мавридҳо навиштаҳои мо илоҷи мушкили корафтодагон намешаванд, зеро қадри сухани матбуот дар ҷомиаи мо ба андозае нест, ки мебоист. Ё вақтҳои охир дар бораи дармондани пасандозҳояшон дар бонкҳо шикояти зиёд меояд. Дили одам ба ин амонатгузорони бечора, ки ба бонкҳо бовар карда, ҳама дороии худро ба онҳо супурдаанд, месӯзад. Вале медонем, ки сад бинависем, бонкҳои бӯҳронзада аз чанги бӯҳрон халос намешаванд ва касе пули ин бечораҳоро барнамегардонад. Дар чунин ҳолатҳо, албатта, одам аз нотавониаш дар амри кумак ба ин мардум дилгир мешавад.

Мушкилии асосии Журналистикаи мо чист?

Фикр мекунам, як мушкили асосӣ, албатта, камбуди ҳаво барои нафас кашидан аст.  Фазои озодии матбуот дар чанд соли охир, мутаассифона, хеле танг шуд ва хабарнигорон дар ин фазои тангу нафасгир маҷоли зиёд дасту по задан надоранд. Ба ҳамин далел, маҷбур мешаванд худро бо мавзӯъҳои ба истилоҳ “безарар” андармон кунанд ва ё рӯзи худро беҳуда бо чолидан дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кунанд.  Вале ҷомиа мисли як бухорист ва  матбуот, ба таъбири роиҷ,  мисли дудбаро барои ин бухорӣ. Агар даҳони дудбаро баста шавад, бухорӣ дар даруни худ метасфад, то даме ки як рӯз битаркад. Инки даҳони матбуотро мебанданд ва ё имкони баррасии масоили доғро барояш намедиҳанд, оқибати хубе надорад. Аз як тараф, дар даруни худ тасфидани бухории ҷомиаро гуфтем, ки чӣ пайомад дорад ва аз тарафи дигар, агар мушкилоти ҷомиа гуфта нашавад, имкони ислоҳи ин ҷомиа аз байн меравад. Башарият то ҳол як ҷомиаи идеалии бидуни мушкил сохта натавонистааст ва ҷомиаи Тоҷикистон низ орӣ аз мушкилот нест.

Дар мо, мутаассифона, оинаеро, ки ҳусну қубҳи ҷомиаро намоён кунад, шикастанд ва як чизи оинамонанде мехоҳанд, ки фақат ҳуснро намоиш диҳад, қубҳро баракс пинҳон кунад, то табъи кадом мансабдор хира нашавад.

Дар бораи сомонаи Ахбор чӣ гуфта метавонед барои хонандаи “Пайк”?

Сомонаи “Ахбор” - http://akhbor.com/ -як сомонаи мустақили хабарист, ки ман баъди рафтан аз радиои “Озодӣ” таъсис додам. Ҳадаф пур кардани холигоҳе буд, ки ба далели худсонсурӣ дар майдони матбуоти тоҷик ба вуҷуд омадааст. Дасти мо назар ба нашрияҳои маҳаллӣ бозтар аст, чунки маркази сомонаи “Ахбор” дар Аврупо ҷойгир шудааст. Як шарти асосии кори сомонаи “Ахбор” худдорӣ аз ҷиҳатгириҳои сиёсӣ аст, яъне мо ба ҳар мавзӯъ талош мекунем, холисона ва бетараф бархӯрд кунем, на оппозитсияи ҳукуматем ва на тарафдораш -  кори хубашро хуб мегӯем, камбудиашро – камбудӣ.

Ман ин сомонаро моҳи ноябри соли 2016 сохтам ва то имрӯз асосан худам ба танҳоӣ гардонандагӣ мекунам. Як моҳи охир, шукри Худо, хабарнигорони ҷавон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамкориро бо “Ахбор” сар карданд ва ин хеле кори моро осонтар кард. Ба вижа дар мавриди дастрасӣ ба хабарҳои доғи дасти аввал.

Истиқболи хонандагон ба сурати умум аз сомонаи “Ахбор” хуб аст. Ҳар рӯз 20 -25 ҳазор саре ба сомонаи мо мезананд ва то имрӯз ҷамъи матолиби мутолиашудаи “Ахбор” ба 3 миллион наздик мешавад, ки барои як расонае, ки бораш асосан ба дӯши як нафар аст, натиҷаи баде нест.

Як чиз муаммост барои мо, Мирзои Салимпур аз “Ахбор” чӣ фоида мегирад ва аз кадом ҳисоб гонарар медиҳад?

Моҳи августи соли ҷорї сомонаи “Ахбор” як гранти хурде ба даст овард, ки имкон медиҳад ба муаллифонаш ҳаққи қалам ҷудо кунад. Дигар ҳама гуна паҳлуҳои  фаъолияти сомона сирф аз ҳисоби муассис, ки худи ман ҳастам аст.

Хулосаи шумо аз ин сўҳбат

Хеле изҳори ташаккур мекунам ба нашрияи мӯҳтарами “Пайк” барои имкони ин гуфтугӯ ва ба ҷамъи хонандагони “Пайк” орзуи хонаободӣ ва муваффақият мекунам. Ва аз онҳо даъват мекунам, ки ба матлабҳои сомонаи “Ахбор” ҳам таваҷҷӯҳ кунанд. Албатта, дар канори “Пайк”.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

“Пайк”

Аз редаксия:

Мусоҳиба тариқи шабакаи фейсбук анҷом дода шудааст.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru