Пайк

ХАБАРҲО

Дар Фархор Динозаври зинда ёфтанд! (Видео) ва (Акс)

Ин хеле аҷиб аст

Аз зери фарши хонаи як сокини ноҳияи Фархор  ҷасади (скелет) ҳайвони қадима динозавр пайдо шуда, муаррихон ва даҳҳо нафарро ба ҳайрат гузоштааст.

Муаррихон мегӯянд, ки пайдо шудани чунин скелет дар Фархор  гувоҳӣ медиҳад, ки ин макон ҳазорсолаҳо таърих дошта, дар ин макон пеш аз одам ҳайвоноти гуногун зиндагӣ мекардаанд, аммо соҳиби хонае, ки аз он ҷасади (скелети) динозавр пайдо шудааст мегӯяд, ки ин ҷонвар то як соли пеш зинда будааст.

Авлиёқул Давлатмуродов, сокини кӯчаи Нуралӣ  Исҳоқӣ ба "Пайк" қисса кард, ки се сол қабл дар хонааш одам зиста наметавонист ва онҳо гумон мекарданд, ки дар зери фарш калламушњо  рафтуомад мекунанд ва ҳатто садои дањшатнок баланд мекарданд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ илова кард, ки келинҳояш аз тарс дар хона хоб намекарданд ва баъди ин ҳодисаҳо ахиран ман 25 пачкаи доруи муш ба зери фарш рехтам ва баъди ин дигар аз сери фарш садо набаромад ва мо тинҷиро ҳис кардем.

Давлатмуродов илова кард, ки аз байн як сол сипарї шуд, бӯи ғализ як кӯчаро фаро гирифт ва ҳаммаҳаллаҳо хоҳиш карданд, ки ҳоҷатхонаро пушам, то бӯй аз байн равад, аммо ин бӯй аз байн нарафт.

"Се сол қабл дар ин хона хоб карда намешуд ва мо гумон мекардем, ки муш дар зери фарш овоз мебарорад, ҳатто келинҳоям метарсиданд, ки дар ин хона хоб кунанд. Баъди ин ҳодиса 25 пачка дорўи муш оварда, зери фарш рехтам ва баъди ин мо тинҷ шудем, аммо як сол баъд бӯи ғализ ҳамаро фаро гирифт ва ҳамсояҳо д гуфтанд, ки бӯй ҳоҷатхона аст, онро маҳкам кун. Мањкам кардам, аммо бӯй гум нашуд. Як сол бӯи ин аз хонаҳои ҳамсояҳо нарафт, дар ин миён ду маротиб фарши хонаро канданї шудам, вале шароит набуд накандам. Ҳоло бо фаро расидани шароит ва расидани дасти писаронам гуфтанд, ки биё фарши хонаро канда аз нав таъмир кунем. Баландии фарш низ 70 сантиметр аст. Баъди кандан ҷасади ин динозавр пайдо шуд, аммо даҳ рӯз моро нагузоштанд, ки фарши хонаро пур кунем. Баъдан ҳамаи устухонҳои динозарврро ҷамъ карда дар якҷо гузоштем. Ҳатто аз осорхона омаданд  ва дар охир имрӯз  раиси ноҳияи низ омад ва ҳоло қарор аст, онро ба Душанбе баранд. Пеш аз ин аз осорхона омаданд динозаврро 300 сомонӣ нархгузорӣ карданд, ман розӣ нашудам, ва як нафар аз Душанбе омад 7000 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ кард надодам, ва ҳоло раис гуфт, ки ин чизро дигар касе нарасад ва болои сари он ду корманди милиса истода посбонӣ дорад",--илова кард Авлиёқул Давлатмуродов,

Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор низ дар сӯҳбат ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло як комиссия ташкил шуда, онро барои ташхис ба Душанбе хоҳанд бурд. Тибқи иттилоъи раис сардори ин комиссия муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим мебошад.

Пайдо шудани скелети динозавр дар ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки соли 2013  низ чунин динозавр дар водии Вахш пайдо шуда, он скелет ба осорхонаи осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шуда буд.

Коршиносон бар онанд, ки ин намуди Раптори оилаи динозаврҳо маҳсуб мешавад, ки 150 миллион сол қабл аз ин дар замин зиндагӣ мекарданд. Ин намуди Рапторҳо тибқи шаҳодати олимон аз 25 сантиметр то 12 метр дарозӣ доштанд. Раптори Фархор тахминиан 1 метр тарозӣ дорад.

Дар Фархор Динозаври зинда ёфтанд!

Комментарии  

 
#1 Рустам Душанбе 21.08.2017 13:55
Агар динозаврро зинда меёфт 1 миллион доллар мехаридандаш.
Цитировать
 
 
#2 Кулобӣ 21.08.2017 15:11
Ин минтақа ҳазорсолаҳо таърих дорад, аммо одаме нест, ки онро таҳқиқ кунаду таърихи сарзаминро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Цитировать
 
 
#3 Фируз Сугд 22.08.2017 06:40
ин ба фикри ман диназавр нею эчкемар бошадмикин
Цитировать
 
 
#4 АВЛИЁ 22.08.2017 08:29
ЭЧКАМАР БАД АМХЕ ПОИ ДОРОЗ ДОРА.

МУМКИН ДАР КУХУ ПУШТА БО ЯГОНТОИ ДИГАР ЗИНДА БОШАД.
Цитировать
 
 
#5 Рустам Душанбе 23.08.2017 04:44
Агал ин чонвар авлод надошта бошад аз кучо пайдо шуд, 100 миллион сол пеш мурдаанд. Мумкин чанд донааш дар куххо зинда бошад ё дар дарёи Панч.
Чанд сол пеш дар Кулоб самбакаи калонтарин ёфта буданд.
Цитировать
 
 
#6 Хуршед Кулоб 23.08.2017 22:18
Хаминашро нафахмидам ин динозавр такрибад 5-10 сол мешавад аз дунё гузаштанашро дар мудати 1-соле ки овардагиен мутобикат намекунад.
Цитировать
 
 
#7 Динор Душанбе 24.08.2017 01:20
Мучизахои худо аст, товба кунен!!!
Хуб ки мурдай и чонвар набоша боз бисёр мехури гуфта аз руи конуни танзим чаримаш мекардан.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru