Пайк

ХАБАРҲО

Урун Кӯҳзод: Адабиёт дард аст ва касе, ки дард надорад...

Нависандаи Халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод яке аз устодони шинохтаи насри муосири тоҷик мебошад, ки осори ӯ бо фаро гирифтани масоили мубрами таърихи фарҳанги миллӣ ва масъалаҳои доғи рӯз дар миёни хонандагон шӯҳрат ва маҳбубият касб кардааст. Мо бо устод суҳбате оростем, ки ҳоло фишурдааш манзури хонандаи “Пайк” мегардад.

Аз кӯдаки чи монда ба  дафтари хотира?

Аз кӯдакӣ рӯйи дафтари хотира мондааст ба ман  бӯзғолабонӣ, барабонӣ, ҳезумкашӣ, хаб об диҳӣ боз чанд коре, ки кӯдакон мекунанд

Шумо кай ҳис кардед, ки махсус барои хомаву қоғаз зода шудаед?

Ба ин савол каме дӯшвор аст ҷавоб додани ман. Сабаб дар он аст, ки бисёриҳо мегӯянд аз кӯдаки мо ин касбро дӯст медоштему орзӯ мекардем, аммо орзӯи нависанда шудан дар дили ман на дар кӯдаки буд на дар навраси ва на дар ҷавонӣ. Пас аз оне, ки ман мактаби олиро хатм кардам, як сол муаллими кардам пас аз он ба инистути забон ва адабиёт ҳамчун ходими адаби ба кор даромадам. Дар ун вақтҳо ман нияти навиштану эҷод кардан наждоштам, леикн хонданам буд. Акнун кор каме мураккабтар шуд. Вақте шуд, ки чизҳое, ки мехондам дар назарам менамуд, ки чизе ба инҳо намерасад ба мисли тасвираш, хати нодурусти сужеташ, хулосаҳояш яъне пурра нестанд чизе намерасад. Бад ба хулосае омадам, ки ин холигиҳоро пур кардан мумкин бошад ва ин як омил. Омили дигар ин, ки бисёртар хатоҳоро медидам.  Мисоли ин шуда метавонад суханҳою  амалҳоямон яъне бо ҳам мувоҷиқ нестанд. Гап дигар амал  дигар, шиор дигар зиндагӣ дигар хуб ана ҳамин гуна зуҳуротҳоро дида қалам ба даст гирефтем.

Адабиёт дард аст ва касе, ки дард надорад дар ин роҳ муваффақ нахоҳад шуд, пас дарди Урун Кӯҳзод чист?

Дуруст гуфтед, ки адабиёт дард аст. Вақте ки як одам вобаста ба як соҳа бисёр мегӯяд албатта аз ӯ мепурсанд “ту чӣ дард дорӣ”. Дар аввал дарди ман сабуктар буданд ба мисли фалон гӯшаи зиндагӣ обод нест, аз рӯи қарорҳо, суҳбатҳо, аз рӯи маърузаҳо гӯё, ки ҳама зиндагии нағз ба сар мебаранд, аммо дар қатори ин мебини,ки дар зиндагӣ душвориҳо, нофаҳмиҳо, пастию баландиҳо зиёд аст ва ҳамин дард пайдо шуд яъне дарди ман.

Лаззати адабиёт дар чист?

Лаззати адабиётро ҳамчун хонанда гӯем ин дар маъни фаҳмист, маънои он чизе, ки шумо мехонед фаҳмед ва каме ҳам бошад зиндагиро тасаввур кардан бо абразҳои  асари хондашуда аст.

Дар бораи ҳикояи “Никоҳ бо корд”-ро ба хонандагони “Пайк” чӣ мегӯед?

Мазмунашро мухтасар мегӯям: Дӯстдори духтарро хизмати ҳарбӣ мебаранд. Писар дар вақти рафтан як корде бо ғилофаш ба духтар медиҳаду мегӯяд, ки аз ман ба ту хотира, аммо аз  аз писар хату хабаре намеояд яъне гумном. Хуб зиндагӣ маълум, ки духтар бояд ба шавҳар барояд талабгорҳои зиёд пайдо мешаванд, аммо ин духтар ба хотири ишқе, ки дошт дар дил кордро ҳамроҳи ғилофаш гирифта ба назди муллое меравад ва мегӯяд, ки маро бо ин корд никоҳ кун, ки ман аз омаадани хостгорҳо халос шавам ва ҳам донанд, ки ман шавҳар дорам ва мулло ривояте меёбаду духтарро бо корд никоҳ мекунад.

Бисёр олӣ. Устод дар дори фони ҳама коре, ки карда мешавад албатта ба худ мақсаде дорад ва аслан. Ки кори бе мақсад нест акнун шумо мегуфтед, ки бо  мақсад романи “Дар ҳасрати кори ҳалол”-ро навиштед?

Мақсади навиштани “Дар ҳасрати кори ҳалол” дард аст. Дарди ҷомеа, дарди ободӣ, жарди кори ҳалол. Корро ҳалол ҳам кардан мумкин ҳам ҳаром. Аз кори ҳалол ҳам ҳаловат аст пайдо мешавад ҳам ободӣ аз кори ҳаром бошад вайрони пайдо меаваду бадномӣ. Ба мушоҳидаи ман мо мардум чандон ба кори ҳалол кардан майлу рағбад надорем масалан ҷӯйкани. Агар ҳамон ҷӯя мо хушру канем чор тарафаша хушру кунем ҳамон ба деҳа хизмат мекунад ва инро мегӯянд кори ҳалол, аммо агар он ҷӯёро мо бе аҳамияту бе хуш канем мебиннем, ки пас аз чанде он вайрон шуда ба касе хизмат намекунад яъне кори ҳалол не.

Дар нақши асосии “Дар ҳасрати кори ҳалол” Ҳомиди Қудрат аст оё Ҳомид гуфтани шахс вуҷуд дорад ё маҳсули тахайюл аст ва чаро махсус ба кори  матбуот ишора кардаед дар асар?

Аслан Ҳомиди Қудрат маҳсули тахайюли муаллиф аст. Зиндагии ман асосан дар матбуоту нашриёт гузаштааст  ва аз таҷриба медонам, ки дар як идора то 10 нафар кор мекунад, аммо аз он шумора 2 нафар кори ҳалол дораду халос. Замона намедонанд, воқеае, ки навиштани аст хуб наомӯхтааст, тарҷумае, ки мекунад дуруд намекунад ва ғайраҳо  хулоса кори ҳалол нест.  Ана аз ҳамин ҷост ишораҳо нисбати матбуот.

Образи зани Ҳомидро гӯед?

Албатта ин аз рӯзгор аст. Оддитарин чиз мардак агар дар рӯзгораш бе парво бошад хоҳ нохоҳ зан норозиги карда бисёр корҳоро намекунад. Ва дар асарам мо  нишон додем, ки ҳар вақто ки Ҳомид истефо медиҳад аз коре вай рӯи турш карда ғур-ғур мекунад ва ногуфта намонад,ки ин образи бисёри занҳо аст. Яъне ҳама занҳо мехоҳанд, ки шавҳарашон пул биёрад, кор кунад ва зиндагии хуб дошта бошад.

Дар қарибиҳои  хаттӣ сужети асар зиндагии Ҳомид хубтар мешавад яъне ва дар Тоҷик-ТА ба кор медарояду суратгир мешавад доири ин чӣ гуфта метавонед?

Дар матбуот навиштаҳояш қариб, ки чоп намешуданд, зеро масъалагузориаш бисёртар вазнин буданд ва ба гуфти шумо дардашро гуфта наметавонад бинобар ҳамин ба суратгирӣ машғул мешавад. Вай аз Москаву Ленинград сурат меорад бисёр суратҳои хуб меорад. Дар маҷлис сурат мегирад ва гушҳои маҷлиснишастагонро калон мекунад мақсадаш ин, ки онҳо бо гӯшҳо гӯш мекунанд, аммо амал надоранд.

Акнун лаҳзаи он расидааст, ки бигӯед шумо ба ин асар чӣ доде ва ин асар ба ушмо чӣ дод?

Дар бобати он, ки ин асар ба ман чӣ дод. “Дар ҳасрати кори ҳалол” дарди диламро бисёр мухтасар баён кард ва он чи, ки ман ба ин роман додам як қисми дхурдакаки дарди диламро.

Зиндагӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумо чӣ дод?

Беҳтарин чизе, ки барои ман  истиқлол дод ин аз байн бурдани сензура аст. Масалан дар даврае, ки мо  дар матбуот кор мекардем ГЛАВЛИТ гуфтани ташкилот буд ва ин ташкилот ҳар навиштаро тафтиш мекард. Фаразан шаҳри Норакро аз боло суратгирифтану чоп карданро иҷозат намедод дидед то кадом андоа сензура буд ва ин сензураро  истиқлол аз миён бардошт.

Ҳар навиштаи нависанда мисли фарзанд аст ва бисёр душвор аст, ки якеашро аз дигараш ҷудо кард, шумо метавонед бигӯед, фалон асарам писандам нест ё фалонаш бисёр маҳқул аст?

Ҳама чизе, ки эҷод мешавад мувофиқи табъи дил намеояд ва албатта ҳастанд навиштаҳоям, ки аз ҷиҳати фикру баён ё аз ҷиҳати образофарӣ   хом мемонанд ва  ин гуна асарро гуфтан мумкин, ки писанд нестанд. Масалан ман аз ҳикоячаи хурд дорам бо номи “Очаи бачаҳо” ин чандон калон нест, аммо писандам омадааст. Ва ман боз повесте дорам бо номи “Писандара”  чандин сол аст, ки дар фикри таҳррираш ҳастам ва модоме, ки ба таҳррир ниёз дорад ин писандам нест гуфтани гап.

Давоми дафтари хотираро чи гуна дидан мехоҳед?

Мо дар зиндагӣ ду чизи муҳим дорем. Якум Бақои миллат  ва дуюм Қудрати давлат ва ман охири дафтарро мехоҳам ҳарду ин чиз дар кишвари мо бошад.

Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ  “Пайк”

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru