Пайк

ХАБАРҲО

Чаро ҳуқуқвайронкуниҳои мансабдорон дар телевизионҳо намоиш дода намешавад?

Рӯзи 14-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи “Акадамияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радеои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотии мазкур намояндагони тамоми ВАО ҳузур доштанд ва сараввал ҳисоботе, ки дар дасти ҳама нишастагон буд аз тарафи раиси кумита ироа шуд.

Дар ҳисоботи нимсолаи аввали соли 2017 ҷаноби Шоҳиён аз ҷумла ироа кард:

Кумита нақша дорад, ки дар шаш моҳи дуввуми соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуривии “Суруди сол”-ро дар жанри эстрада баргузор намояд. Ин озмун тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар гирифта, даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили ҷашни “Меҳргон” ҷамъбаст мешавад”, афзуд Шоҳиён.

“Дар ним солаи дуюми соли 2017 Муассисаи Давлатии Телевизиони Сафина нақша дорад, ки бо мақсади тарғиби мероси фарҳангии халқи тоҷик ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни халқ дар ҷодаи санъати рақс, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву мутоиба ва эҳёи фолклор фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ-телевизионии эҷодиёти халқ “Бӯстон-2017”-ро раҳандозӣ кунад.

Дар ин нишаст раиси Кумитаи телевизион ва радио  ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди банаворгирии филме аз ҳаёти  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ниҳодаш имконияти моддиву техникӣ дорад, ки чунин филмро ба навор гирад, аммо барои ин то ҳол кушиши хуберо надидааст. Шоҳиён афзуд, ки барои дарёфти сенарии мувофик дар назар аст, ки озмун эълон кунем ва бо пайдо шудани сенарияи хуб ҳатман ин корро бо субот мерасонем.

Ба саволе, ки Абдуқодир Талбаков дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки “Симо ва садои маро раиси Кумита дар рӯйхати сиёҳ мондааст” Шоҳиён чунин гуфт: “Кумита ягон рӯйхати сиёҳ надорад ва касеро мо дар рӯйхати сиёҳ намондаем ҳар касе, ки бошад идея дошта бошад, мо тайёрем барои ҳамкорӣ”.

ӯ афзуд: “Дар сурати пайдо шудани проектҳои нав мо мушкилоте надорем ва омодаем ҳамкорӣ кунем”

“Оё кумита нақша дорад, ки барои кормандони худ либоси ягона пешниҳод кунад?” ин саволе буд, ки дар ин нишаст пурсида шуд ва ҷавоби раис ҳамин  буд: “Не, ин тавр нест, вале ҳар зерсохтори кумита ба худ низомнома дорад ва бояд риоя шавад”.

Ба саволи хабарнигори “Пайк”, ки чаро ҳуқуқвайронкуниҳои мансабдоронро мо дар телевизионҳо намебинем? Маҳмасаид Шоҳиён чунин гуфт: “Мо ҳар чӣ, ки шумо менависед нишон медиҳем, танҳо ба мо факту далел даркор ва мо кушиш мекунем, ки дар оянда боз хубтар шавад”.

Ба саволи рӯзноманигор, ки “Чаро дар минтақаи Кӯлоб ягон радио нест?” Маҳмасаид Шоҳиён гуфт: “Оиди гирифтани литсензия тартибу комиссияи иҷозатномадиҳӣ  дар онҷо аз дигар вазоратҳо ҳам шомил ҳастанд ва дар  сурати пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо бо низомномае, ки ҳаст асоснок кардани онҳо бо техникаву техналогия ва манбаҳои сарчашмаи таъмини он агар пешниҳод шавад, ягон мушкилоте надорад. Шумо пешниҳод кунед, мо ҷамбасти солона дорем”.

 

 

 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru