Пайк

ХАБАРҲО

Миллати аҷоибем

Мо як миллати аҷоибем, ҳамеша хато мекунем, мегӯем ватанамон воқеан ҷонон ватан аст, типа Биҳишт. Мебинему мечашему намехӯрем. Охир қимматист, барои хӯрдан, харидан даркору барои харидан пул доштан даркор, барои пул доштан, кор лозим. Аммо мо на кор дорему на пулу на бало. Вале камбағалӣ дар диёри мо айб нест. Намедонам, мо айбро намедонем ё айб барои мо ифтихор аст, ки на мо шарм аз дасткутаҳӣ дорему на камбағалӣ аз мо дилгир шуда. Ягона сатҳе, ки бо мо «месозад», ҳамин нодорист. Мо дороиро хуш дорем, аммо дороӣ моро чашми дидан надорад. Пул, ки моро дид, оҷилан 180 градус тоб хӯрдаву «мегурезад» ё адабитар карда гӯям, роҳашро чап метобад. Зеро кор надорем, мисли ин, ки пул ҳам ба мо кор надорад. Афсонаҳои зиёд бофтаву фолклор номаш гузоштем. Мо аслан кор дорем, вале ҳамеша саъй мекунем кори дигар ёбем. Маош нест мегуему "ба 1 мард 40 хунар кам" гуфта, ба тамоми коргоҳу офису корхонаҳо сар мезанем. Ҳамин пулҷӯии мост, ки имрӯз дар кишвар, касе корашро балад нест. Фақат нозирони роҳи моянд, ки садамаи нақлиётї анҷом медиҳанд. О, подавонро нозир не, "началники ГАИ" ҳам таъин кунем, ҳатман ба садама гирифтор мешавад. Фақат моем, ки солона

садҳо ҷавонро дипломи омӯзгорї медиҳему барои таълими насли наврас аз Доғистон "омӯзгори ҳазордоллара" даъват мекунем. Фақат муллоҳои моянд, ки Қуръонро дур гузоштаву аз гуфтаҳои "фулон ибни фулон" мавъиза мегуянду рӯзи идро ба ҳиҷ ваҷҳ намеёбанд, гуё фақат офтобу моҳтоби мост, ки як рӯз баъд ё пеш аз офтобу маҳтоби дигарон, тулӯъу ғуруб мекунад. Танҳо генералу полковникҳои моянд, ки ҳам террорист мешаванду низ алайҳи Давлати худ шӯриш мекунанд. Фақат азҳоби сиёсии мо умрбод думболи сиёсати пешгирифтаи ҳукуматанд. Парлумони мост, ки дилхоҳ қонунро якҷониба бидуни баҳсу баррасӣ овоз медиҳад. Таксии точик аст, ки 24 соат мусофиркашӣ мекунад, аммо ба ҳиҷ ваҷҳ розӣ намешавад, ки кадом узви хонаводаи худашро дар мошинаш савор кунад, зеро хуб медонад, ки ҳуҷҷати ронандагиро харидааст. Воќеан, духтурони моянд, ки зуд-зуд бемор мешаванд. Бонкҳои мо фақат бепуланду бонкрот. Дар иваз, гадоҳои мо доротаранд, дар кишвари мо саррофхона наёфтӣ, пас метавонӣ, ки ба љўгӣ мурољиат намоӣ: дар  1 дақиқа долларатро ҳам майда мекунаду евроятро ҳам! Моем, ки ҳамеша нерӯгоҳ месозему азияти бебарқӣ мекашем... Террористони моянд, ки на дар Ироќу Сурия, балки дар Ютубу Фейсбук "ҷиҳод" мекунанд. Хабарнигорони моянд, дунёбехабарон. Раисони моянд, ки ҳамеша аз бепулӣ меноланд... Ҳамин маҳбусони моянд, ки авфашон мекуниву баъди 1 ҳафта ҷинояте кардаву бозпас ба маҳбас бармегарданд, дар маҳбас шакарак рехтааст намедонам. Хуллас мо дар ҳар соҳае алайҳи худ кор кардаему мекунем…

Шумо сабаби ин ҳамаро дар чӣ мебинед? Воқеан бовар доред, ки кадом қувваи сиёсии беруна ин ҳамаро сари мо таҳмил карда ё тақдири ин миллат ҳамин аст? На азизон, ин миллат ҳарчӣ ҳасту ҳаркӣ ҳам мешавад, аммо дар умраш мардуми миллатсозу миллатпарвар набуду нест! Ин ҳама мушкилоте, ки гуфтаму хондӣ, хонандаи азиз, дар асл сари ун вазиру мухолифу муллову омӯзгору журналисту доктор… нест, мушкили мо ирсист ва фаромиллӣ. Миллати моро таърихан бемории ноаёне гирифтор аст, ки фақат барои худаш фикр мекунад. Дар як Тоҷикистони калон шоядам 5000 нафар наёбем, ки атрофи миллат андешад, ҳамагӣ дар андешаи худем. Унҳое ҳам, ки сари миллат меандешанд, боз як гурӯҳи дигарамон алайҳаш механдему писхандомез мегӯем: «кори дигар надорад, миллатпарвар шудааст». Ин хама бепарвофалакиву бетарафии «якдилона»-и мо рӯзи миллатро сияҳ карда. Дар асл мо ҳамачӣ дорем, мисли ҳар миллати вораста, шурӯъ аз таъриху фарҳангу забону дину оину анъанаву рамзҳои давлативу замину марзу буму артишу президенту хуллас ҳарчӣ, ки барои пешрафти як миллат лозим аст мо дорем. Ягона забон ва  дасткӯтаҳии мо ҳамин калларо кор нафармуданамон асту ҳамеша дар фикри ғорати ҳамдигар будан. Мо ба ҳадде расидаем, ки ҳиҷ нафарамон касбу кори дӯстдошта надорем. Шумо медонед, ки бадбахтии як одам маҳз ҳамин аст, ки дар кори дӯстдоштааш, ки умре аз тифли орзуяшро дошт, сари кор нест?! Мисли ин, ки хурокеро хурдан нахоҳӣ, аммо маҷбур серат кунанд ё занеро дӯст намедориву ҳамроҳаш оила барпо кардаӣ. Натиҷааш чӣ мешавад? Агар хурок аст нимхӯрда мемонад ва агар зан аст баъди чанд моҳ талоқашро медиҳӣ. Ин табиати инсон аст. Аммо агар аҳамият додаед, ягон тоҷик аз кори мекардааш розӣ нест, зеро воқеан ҳамун корро дӯст намедорад. Маҳз ҳамин аст, ки баъзе нафарон дар тамоми коргоҳу корхонаҳову ниҳодҳои расмиву ғайрирасмӣ ҳам кам-кам кор кардаанд. Масъала фақат маош нест, онгуна, ки гуфтам мушкили мо камандеш будану фардобин набудан аст!

Барои 4 танга шуда мо рӯзе муаллим мешавем ва агар «корамон омад накард» меравем табиби мардумӣ мешавем, унҷо нашуд ё муллои масҷид мешавем ё ронандаи таксӣ ё ҳиҷ ки нашуд ҳофизиро пеша мекунем. Дигар муҳим нест, ки истеъдоди сарояндагӣ дорем ё на ва ё имони комиле дорем, ки фардо натанҳо худ, ки як «рота» мусалмони дигарро ҳам аз пуштамон дузах набарем. Мо ҳама корро ба хотири пулаш мекунем ва аз ҳар касбу коре барои худ «тиҷорат» сохтанием. Оре, чун ҳамешагӣ натиҷааш баръакс аст, на мо бой мешавем на ун соҳа пешрафт мекунад, аммо дарди сари мардум ҳам мешавему дарди сари ҳукумат ҳам. Ба гунаи мисол, чанд соли қабл таҷрибаи ронандагӣ менамудам ва як нозири роҳ, ки аслан мошинро ронда наметавонист, маро фақат ба хотири аз пешаш гузаштан ист фармудаву 1 сомон мегирифт. Оре ба ун 1 сомон на ман бой мешудам на ун «гаишник», вале умре БДА-и Тоҷикистон дар назди ман ба 1 сомон баробар аст! Кӣ гунаҳкор? Оре, нафаре, ки ҳамун подавонро ба кор гирифтаву аз номи ниҳоди БДА  ба таъбири худашон «чашми давлат» гуфтаву сари роҳи ману садҳо ронандаи дигар партофта. Интиқодҳои моро аҳмият намедиҳанд, аммо як туркбача чанд рӯз қабл сайри Тоҷикистон намуду ба ватанаш баргашта навишт: порахуртарин пӯлиси дунё, милисаи Тоҷикистон аст! Вазорат ҳам гирифту ба таъбире «якшап» 25 корманди пӯлису БДА-ро муҷозот намуд. Хуб аст, ки вазири мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода ба хотири обируйи миллат номаи шикоятии як сайёҳи хориҷиро ба баррасӣ гирифту ришвахӯронеро, ки натанҳо номи ниҳодашон, балки номи миллатро дар назди як миллати дигар бад карданд, гуштоб кард, аммо сари мардуми дохил кӣ меандешад? То кай фақат ба хотири нарехтани обируй кор кунем? Чаро бояд барои зеботару хуштар кардани зиндагии мардуми худ наандешему боре тахмин назанем, ки «агар пӯлиси мо сари як хориҷӣ инқадр фишор овард, ки ун ҳариф, рафта дар раддабандии шахсияш ҷойи аввалро дар ришвахорӣ ба пӯлиси мо дод, пас воқеан дар дохил чи гапе ҳаст»?! Ин рафтор мисли ҳамун андешиданҳои тоҷикиямон аст, ки меҳмономад шуду оҷилан хонаро мерӯбанд ё деворҳоро оҳак мезананд. Албатта масъала пӯлис нест, вале ингуна мисолҳо дар ҳар соҳаи дигар ҳам метавон зад. Ба гунаи мисол 1 соли ахир тамоми расонаҳову ҳукумату тамоми вазоратҳонаҳову кумитаҳои расмӣ думболи сатрпӯшон мегарданду гуё ҷомеъаро аз либоси бегона тоза мекунанд ва бо чӣ шевае. Бонувони аврупоипӯши зиёдро дар ҷодаҳо мепартоянд ва ба таври худ занони сатрпӯшро «насиҳат» мекунанд, ки аз фарҳанги бегона аст кашанд. Боре ба тани худ наменигаранд, ки либоси худашон воқеан тоҷикист?!

Борҳо гуфтаам ва даркор шавад 300 бори дигар ҳам мегуям, ҳиҷ амрикоие парво надорад, ки мо Ҷаҳаннам меравем ё Ҷаннат ва ягон арабе ҳам парво надорад, ки мо Биҳишт меравем ё Дузах, мушкили хардуяшон ҳам таблиғи либоси худ аст ва ба дунбол тиҷорати матоъҳои истеҳсолкардаашон, ки дигар дар кишварҳои худашон харидорї кам доранд. Тоҷикистон ба хотири баргаштан ба фарҳанги либоспушии миллии занон ягона чорае, ки дорад, аммо истифода намекунад, ҳамин аст, ки матоъҳои истеҳсолкардаашро ба замон мувофиқ карда наметавонад. Дар асри 21-ем азизон, дигар чаканро онгуна, ки момаи Қурбонгул мепушид, имрӯз касе намепӯшад, чаканро ҳам бояд замонавӣ духту атласро ҳам. Солона даҳҳо ҷашнвораҳои муд дар ҷаҳон мешавад ва тарроҳони либосҳои миллии мо ҳам борҳо ширкат кардаанду сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, аммо дар Тоҷикистон ҳамкории ҳукумат ба ун қишри ҷомеъа ё кам аст ё аслан вуҷуд надорад. Бояд дарк намуд, ки дигар тарзи либоспӯширо дар ҷомеъаҳои асри 21 Кумитаи Занон не, тарроҳону моделҳо муайян мекунанд!!! Бо унҳо бояд ҳамкорӣ кард ва ба ҷомеъа шаклҳои нави либосҳои омодашуда аз атласу чаканро ба мардум пешниҳод кард. Ана баъд мебинед, ки ҷомеъа чигуна ба либоси миллӣ бармегардад, муҳтарам холаҳои Кумита!

Чораи ягона чун дигарон… чї кардан даркор? Калларо кор фармудан даркор, калларо! Интурї гуфтем, боз ҳам ҷои салла калла наоред, ки воқеан аз бесаводии масъулони аксар ниҳодҳои мо, пешамон пури калла шуда. Аз дангичахӯрӣ намурем. О гуфтам-ку мо ҳамеша корамонро балад нестем. Агар сахт расида бошад, маро ҳам бубахшед, ман ҳам узви ҳамин ҷомеъаам, баъзан хато мекунам.

Шарифхони Т

Барои Пайк

Масква

Мирзои Салимпур: Ҷомиа мисли бухорист, матбуот дудбаро

Мусоҳибаи Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ бо Мирзои Салимпур

Боби I Мирзо дар ҳаёт

Дуруд ба шумо!

Сипос аз шумо барои имкони чунин гуфтугӯ ва дуруд ба якояки хонандагони “Пайк”!

Оғози суҳбат бисёр хуб аст барои дафтари хотиротро варақ задану  аз даврони кӯдакию наврасї чизе гуфтан...

Ман дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадаам. 6 сол доштам, ки падарам маро ба мактаб бурд, вале на мактаби худи Мортеппа, балки ба мактаби рақами 15 дар деҳаи бо мо ҳамсояи Шӯроб, ки маркази колхози ба номи Жданов буду бинои дуқабата дошт ва аз мактабҳои пешрафтаи он замон ба шумор мерафт. Дар мактаб хеле фаъол ва аълохон будам – сардори синф, раиси дружинаи пионерӣ, раиси кумитаи хонандагон... Ва дар олимпиадаҳо низ аз мактаби рақами 15 зиёд намояндагӣ кардаам. Боваратон намеояд, вале дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби нишони нуқра шудам. Ва боз аз фанни химия!

Бобои модариам Ёқуб Юсупов аз солҳои 30 то миёнаи солҳои 60 раиси колхози Жданов, як раиси овозадор ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ. Хеле ҳайбат доштанд ва ҳатто мо, набераҳо, аз ӯ бим мекардем. Ҳарчанд дар даврони кӯдакии мо он кас дигар раис набуд, даврони пирӣ меронданд. Тағоҳоям Шарифи Юсуф ва шодравон Муҳаммадӣ хеле мардони дастурхондор буданд. Шарифи Юсуф бо ҳама ҳунармандони маъруфи он давр дӯсти наздик буд ва ман гулҳои сари сабати фарҳанги тоҷик – Лоиқ, Гулрухсор, Отахон Латифӣ, Акбари Турсон, Бозор Собир, Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳи Шодӣ, Хурмо Ширин, Далер Назар, Давлатманди Хол ва даҳҳои дигарро бори аввал дар хонаи ӯ вохӯрдам. Хурд будам ва бо баҳонаи хидмат ба меҳмонон пешашон мерафтам, ки аз сӯҳбаташон баҳрае бардорам.

Тағои Шарифам китобхонаи хеле бой дошт ва ман аз ҳамин китобхонаи ӯ бори аввал бо ашъори Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур ошно шудам, нахустин фитаи таронаҳои Гугушро, ки он замон хеле камчин буд, низ тағоям Шариф бароям сабт кард.

Фикр мекунам, ҳамин муҳит дар ниҳоят боис шуд, ки ман бо медали нуқра аз химия пушти илми химия нарафтам ва ё дар давраи донишҷӯї бо вуҷуди исрори устоди математикаам ба риштаи риёзии донишгоҳ нагузаштам.

Аз даврони ҷавонию донишҷӯӣ гӯед ва намонад ногуфта, ки он давраҳо чӣ вижагии хос доштанд?

Алоқаи худам баъди хатми мактаб ба забону адабиёт ва шарқшиносӣ буд, вале падарам, ки он вақт муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор буд, чунин пешаҳоро ҷиддӣ намешумурд. Бо тақозои падар ба риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатӣ ҳуҷҷат супурдам. Ба риштаи баплангирӣ, ки асосан фарзандони калонҳо дохил мешуданд, нагузаштам ва омадам ба риштаи баҳисобгирӣ, ки факултаи камбағалҳо шумурда мешуд. Даврони донишҷӯии мо (солҳои 1986-1990) ба давраи бозсозӣ рост омад, ки дар Шӯравӣ ошкорбаёнӣ сар шуд, кам-кам ҳаракатҳои милливу демократӣ ба майдон меомаданд. Дар ҳавои ҳамин ҳаракатҳо дар соли 1989 ман бо Ҷумъахон Исоев ва Барот Мақсудов, устодони риштаҳои химия ва физикаи донишгоҳ ва Сафари Мастонзод, коргари фабрикаи пойафзол дар моҳи марти соли 1989 нахустин тазоҳурот дар Душанберо ташкил кардем. Ин тазоҳурот бо талаби мақоми давлатӣ барои забони тоҷикӣ буд. Мутаассифона, бисёре аз чеҳраҳои машҳури фарҳангии мо тарсиданд, ки ба мо ҳамроҳ шаванд. Танҳо Давлат Худоназаров, ки раиси Иттифоқи синамогарон буд, ҷуръат карду ба мо аз анбори Иттифоқ як рупор дод. Рӯзи тазоҳурот устодони донишгоҳ синф ба синф гашта, ҳамаро бо овози баланд ҳушдор медоданд, ки касе митинг наравад! Вале чун хуни тоҷикӣ доштанду худашон ҳам мухлиси мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буданд, боз оҳиста мегуфтанд, худатон медонед. Вале дар факултаи баплангирӣ, барои мисол, деканаш дари бинои факултаро аз берун қуфл кард, ки касе митинг наравад. Як қисми донишҷӯён аз тиреза ҷаҳида ба мо ҳамроҳ шуданд, вале қисмати асосии тазоҳургарон аз факултаи баҳисобгирӣ буд. Ҳамаи шиорҳо дар хобгоҳҳои факултаи баҳисобгирӣ дар маҳаллаи 33-юм навишта шуданд. Дар навиштани шиорҳо бачаҳо аз Донишкадаи политехникӣ кумаки зиёд карданд.

Мардум аз корпуси шашум ба самти марказ ҳаракат кард ва баъди убури бинои осорхона ба роҳи мошингард баромад. Мо ҳамин тавр шиорзанон ба майдони Ленин (ҳоло Дӯстӣ) расидем. Баъди чанде бачаҳо аз донишгоҳи тиббӣ ба раҳбарии Абдулло Давлатов (ҳамоне ки ҳоло яке аз ҳомиёни фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст) расиданд. Сипас аз донишгоҳҳои дигар ва майдон пур шуд. Ҳукумати вақт чун дид, ки ба гирифтани пеши роҳи тазоҳурот зӯраш нарасид, раиси парлумон Ғоибназар Паллаевро пеши мо фиристод. Дар ҳар сурат, ҳамин тазоҳурот, фикр мекунам, боис шуд, ки ҳукумати коммунистии он даврон билохира фикрашро дигар кунад ва 22 июли соли 1989, 4 моҳ баъди тазоҳуроти мо қонуни забони давлатӣ қабул шуд.

Волидон чӣ нақш доранд дар ҳаёти Мизои Салимпур?

Падари ман корманди давлатӣ буд ва хеле раҳбари серталаб. Мо, фарзандон, ростӣ, роҳати раисии падарро кам дидем. Чанд сол раиси як совхози сабзавоткорӣ буд ва дар ҳар мавсими ғунучини чӣ карам ва чӣ помидору чӣ сабзавоти дигар дар он совхоз ҳашар эълон мекард. Ва мо писарони раис бояд дар ин ҳашарҳо дар сафи аввал ширкат мекардем. Он кас тавонистанд як совхозеро, ки ба зарар кор мекард, ба як хоҷагии пешрафта табдил диҳанд ва сабзавоташ то ба Хабаровску Ёқутистон бурда мешуд. Ҳамеша дар даруни кор буданд, лаҳзае бекор истоданашро намедидам. Соли 1992, вақте ҷанг сар шуд, ҳамагӣ 50 сол доштанд. Боевикҳои бебасар ӯро, ки барои рушди ноҳияи Ҳисор хидмати зиёд карда буд, ду дафъа барои куштан бурданд. Шукри Худо, афроди солимақле ёфт шуданд, ки наҷоташ диҳанд, вале дигар дилаш монд. Аз ҳамон синни 50 солагї  дигар хонашин шуд ва ҳама вақташро фақат ба нигоҳубини боғи бузургаш, ки мисли як биҳишт буд, сарф мекард.  Албатта, мо, фарзандон, дастамон мерасид ва нагузоштемаш, ки хор шавад, ё ягон камбудеро дар рӯзгор эҳсос кунад, вале маълум буд, ки  то дами маргаш аз онки нисбаташ чунин қадрношиносӣ карданд, дарунакӣ дард мекашид.  Модарам бо онки фақат таҳсили миёна дошт ва хонашин буд, хеле хушмутолиа буданд ва маро ҳам ба хондан ташвиқ мекарданд. Бисёр шудааст, ки меомад, то маро барои анҷоми ягон кори хона даъват кунад, вале вақте медид, ки сарам хам китоб мехонам, оҳиста мерафту худаш ҳамон корро мекард ва ё аз ягон каси дигар кумак мехост. “Монед, бачаам хонад” мегуфт.

Зиндагии имрӯза чӣ гуна ҷараён дорад?  Бисёре аз хонандаҳои “Пайк” аз он ҷумла мухлисони навиштаҳои шумо, инро донистан мехоҳанд.

Ростӣ, зиндагиам баъди ҷанги шаҳрвандӣ ранги “умре дар мусофират”-ро гирифт. Соли 1993 дар Туркманистон, сипас то соли 1998 дар Маскав. Баъди сулҳ ба Ҳисор баргаштам, вале ҳамагӣ ду сол дар Ватан зиндагӣ кардам, ки ба радиои “Озодӣ” ба Прага барои кор даъватам карданд. Инак, 16 сол боз инҷоям. Кори “Озодӣ” ҳам тамом шуд, вале азбаски фарзандонам инҷо мактаб мерафтанд, дар Прага мондам. Моҳи ноябри соли 2016 сомонаи “Ахбор”-ро ба роҳ андохтам, ки шукри Худо, хонандаи худро ёфт ва бо ҳамин сомона машғулам имрӯз.

БОБИ II Мирзо дар Журналистика

Шумо кай фаҳмидед, ки журналист шуданатон мумкину зарур ва мақсад аз журналист шудан дар чӣ буд?

Аслан омадани ман ба журналистика як тасодуф буд. Даврони донишҷӯӣ чанд мақолае дар рӯзномаи ноҳиявии “Байраќи ленинизм” (ҳоло – “Ҳисори Шодмон”) навишта будам ва чанд мақолаи дигар дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ – “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Ҷумҳурият” ва ҳатто дар “Коммунист Таджикистана” ба забони русӣ.  Соли чоруми донишгоҳ мехондам, ки як рӯз ба идораи “Ҷавонони Тоҷикистон” сар задам. Он солҳо муд буд, ки ба ҳар суханронии раҳбари СССР Михаил Горбачёв вокуниш ҷамъ кунанд. Камоли Қурбониён ва Қироншоҳ Шарифзода ҳам дунболи чунин вокуниш мегаштанд ва аз ман хостанд чизе бинависам. Шиштаму ҳамонҷо навиштам. Вақте хонданд, маро гирифта, пеши сардабири “Ҷавонон” Талъат Нигорӣ бурданд, ки ана, касе ки мекофтем. Талъат Нигорӣ низ матлабаки навиштаамро хонд ва вақте фаҳмид, ки ман дар риштаи иқтисодӣ таҳсил дорам, билофосила пешниҳоди корам дод. Ӯ гуфт, ки гузариш ба иқтисоди бозорӣ сар шудааст, вале азбаски журналистон ҳама хатмкардаҳои риштаи филологияанд, дар фаҳмидани мафҳумҳои нави иқтисодӣ, чун кооператив, иҷора ва амсоли ин мушкил мекашанд. Ҳамин тавр, ҳар рӯз қонунҳои нав мебароянд, ки тафсири касбӣ мехоҳанд. Ҳамин тавр, бо мусоидати Устодон Камоли Қурбониён ва Қироншоҳи Шарифзода ва дастгирии Талъат Нигорӣ ман журналист шудам. Як ҷои кориро ду тақсим карда, маро ҳамчун иқтисоддон ва Ҷумъа Давлатзодаро, ки дар риштаи ҳуқуқ таҳсил мекард, ҳамчун ҳуқуқшинос ба кор гирифтанд. Ҷумъа Давлатзода баъдан ба касби худ баргашт ва ҳоло дар мақоми баланди раиси Агентии хидмати давлатии Тоҷикистон кор мекунад. То поёни соли 1990 дар “Ҷавонон” кор кардам, вале баъди аз кор рафтани Талъат Нигорӣ ва Камоли Қурбониёну Қироншоҳ Шарифзода ҷои мо ҳам дар инҷо танг шуд. Муддате дар “Адолат” кор кардам ва сипас аз рӯзи аввали таъсисаш то поёни соли 1992 дар “Чароғи  рӯз”. 5 соли ҷанг дар Туркманистону Маскав асосан машғули соҳибкорӣ будам ва соли 2000 ба радиои “Озодӣ” рафтам – як сол дар Душанбе ва 14 соли дигар дар Прага кор кардам. Ва ҳоло, тавре гуфтам, дар сомонаи мустақиле, ки худам таъсис додам бо номи “Ахбор”.

Чӣ шуморо ба журналистика пайваст?

Албатта, омаданам ба журналистика, чуноне қисса кардам, тасодуф буд, вале монданам дар ин касб як кори фаҳмида. Журналистика ин оинаест, ки дар он ҷомиа ҳусну қубҳи худро мебинад. Аз оина набояд касе хафа шавад, чунки вазифаи журналист ин аст, ки ҳам хубу ҳам бадро бигӯяд, то ҷомиа ислоҳ шавад, албатта, ба сӯи беҳбудӣ. Ман вазифаи худамро ҳамеша дар ҳамин оинадорӣ дидаам, оинае ки мушкилоти ҷомиаро бепарда бигӯяд, на кам кунад, на зиёд, балки воқеиятҳоро нишон бидиҳад. Ба хотири ҳамин рисолат то имрӯз ранҷи ин касбро мекашам, ҳарчанд бо дипломи риштаи иқтисодӣ метавонистам дунболи пешаи оромтареро бигирам ва шояд ҳатто ба ягон мақому мансаб ҳам бирасам, чун дигар ҳамсабақони донишгоҳиам, ки аксар соҳибмақом ва бонуфузанд имрӯз.

Бисёриҳо шикоят мекунанд, ки навиштаву гуфтаи журналист имрӯз қариб, ки ба афкор таъсир надорад, шумо ба кадом назаред?

Мутаассифона, ҷамъи ҳоким имрӯз ба гунаест, ки болонишастаҳо ба он тасвири “қишлоқи тилоӣ”, ки сохтаанд, худашон ҳам сахт бовар кардаанд ва ончиро ки ин тасвирро, ба ақидаи онҳо, “доғдор” мекунад, хуш надоранд. Бахусус матлабҳои танқидӣ дар матбуотро. Вале инсоният то имрӯз ба сохтани ҷомиаи идеалӣ ноил нашудааст. На дар Тоҷикистон ва на дар ягон гӯшаи дигари дунё. Ягон ҷамъият бе камбудӣ нест ва барои ислоҳи камбудӣ он бояд гуфта шавад.  Хабарнигорони тоҷик ҳам вақте мебинанд, ки матлабҳои фошгӯёнаи онҳо ҳамчун душманӣ ба низом ва худи онҳо барои чунин матлабҳо мухолифи ҳукумат қаламдод мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки дам ба дарун бигиранд ва ё ба мавзӯъҳои “безарар” гузаранд.  Ин тамоюл нафақат дар матбуоти маҳаллӣ, балки дар расонаҳои байналмилалӣ ҳам эҳсос мешавад. Ва аммо мардуми оддӣ, ки хонандаи асосии мост, инро эҳсос мекунад ва табъан ба ончӣ ки дар матбуот менависанд, дигар бефарқ шудааст. Дар зеҳни аксар ин ақида ҷо шудааст, ки чизе барои хондан нест,  хоҳ-нохоҳ журналистон аз мавзӯъҳои доғ чашм мепӯшанд. Дар натиҷа, мо эътимоди хонандагонро аз даст додем. Инҷо, тавре гуфтам, айби боло ҳам ҳаст, вале аз як тарафи дигар, аз худи мост ки бар мост.

Журналистикаи мо ба киҳо метавонад фахр кунад ё киҳо айни ҳол ливобардорони Журналистика ба шумор мераванд?

Азбаски ман дур аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунам ва дастрасӣ ба расонаҳои чопиро надорам, бардошти ман метавонад як андоза ноқис бошад, чун бар пояи матолибест, ки дар Интернет мегузоранд ва ман имкони мутолиаи фақат ҳамин матолибро дорам. Тилав Расулзода ва Неъмат Мирсаидовро ҳамеша бо шавқ мутолиа мекунам. Сайёфи Мизробро барои сабки хосаш дӯст медорам, ҳарчанд аз истифодаи беш аз ҳадди вожаҳои русӣ дар матлабҳояш хушам намеояд. Раҷаби Мирзо хеле қалами тавоно дорад ва сад ҳайф, ки ӯро имрӯз аз минбар маҳрум кардаанд ва Раҷаб бо он диди таҳлилии бақувваташ имрӯз дар пушти матлабҳои табрикотӣ паноҳгоҳе барои худ сохтаву дигар амалан лаб фурӯ бастааст, ки ҳайф аст. Аз Хуршеди Атовулло хушам меояд, вақте бо ҳавсала ва бидуни андешаи ину он менависад. Абдулазизи Восеъ қалами хубе дошт, вале мутаассифона, хеле вақт боз чизи наве, ба ҷуз аз шарҳҳои кӯтоҳ дар Фейсбук аз ӯ нахондаам.  Аҳмади Иброҳим аз Кӯлоб хабарҳое меёбад, ки одам кайф мекунад. Аз бачаҳои ҷавон чанд мусоҳибаи ахири Одили Нозир бо адибони шинохта хуб буд. Шаҳрзоди Амин аз “СССР” як сабки вижае дорад, ки матлабҳояшро нахонда намешавад. Ё гузориши Орзуи Карим дар бораи барканории мудири бахши занони ноҳияи Хуросон барои як иштибоҳи доиранавозон дар ҳузури президент як  шоҳкор буд ва беҳуда нест, ки худи раисиҷумҳур шахсан ба ин қазия вокуниш карда, ҳақро ба ҳақдор расонд ва он занро дар мақомаш барқарор кард. Орзу Исоев дар замони кораш дар телевизиони “Сафина”-ро ва ҳоло сӯҳбатҳои ихтисосиаш бо ситораҳои эстрадаро дар “Позитив Продакшн” дӯст медорам. Дар телевизион боз Мубориз ҳаст, ки ӯ низ бо як сабки хосу ҷаззоб барнома месозад. Аз журналистони ба истилоҳ “фейсбукӣ” Зафар Абдуллоев як лаҳни танзомези ҷолиб ва танқидҳои нишонрас дорад, Холиқназар Ҷумъаев мавзӯъҳоеро мебардорад, ки аз чашми журналистон дур мемонад. Журналистони бақувват зиёданд, вале танг шудани муҳит қисмеро аз матбуот дур кард ва қисме эҳтиёткор шуданд. Ба ҳар сурат, боз мегӯям, ки бардошти ман асосан бар пояи матлабҳоест, ки аз интернет мехонам ва агар касеро фаромӯш карда бошам, узр.

Ба ҷӯз аз хабар шумо боз дар кадом жанрҳо менависед?

Азбаски ман дар сомонаи “Ахбор” асосан ба танҳоӣ кор мекунам, ҳоло бештар рӯи гузоришҳои хабарӣ маҳдуд шудаам. Чунки дар воқеъ барои таҳлили масоил ва навиштани мақолаҳои таҳқиқотӣ, ё анҷоми мусоҳибаи муфассали ихтисосӣ вақт намерасад. Сомонаи хабарӣ мисли қӯраест, ки ҳар соат бояд ба он ҳезум, манзурам, матлаби нав партофт, ки хонандаҳо бо матлабҳои нав ба нав таъмин шаванд. Ва баъзе рӯзҳо чунон пурхабар аст, ки бо як дасти танҳо барои пайгирии тамомаш даст намерасад.

Ҳоло, хушбахтона, як каме имкон барои ҷалби хабарнигорони дигар пайдо шуд ва агар дастам бозтар шавад, ҳатман дар фикри пайгирии жанрҳои дигар ҳам хоҳам шуд. Чун худам ҳам хеле муштоқи анҷоми мусоҳибаҳову навиштани мақолаҳои таҳлиливу таҳқиқотӣ шудаам.

Таҳдидро чӣ гуна қабул мекунед?

Танқидро қабул дорам, таҳдидро ё таҳқирро не. Хонандагон зиёд менависанд, ки дар фалон хабар иштибоҳ рафтааст ва ё инки воқеияти ин хабар дар асл чунин нест. Ба чунин хонандагон ҳамеша изҳори сипос мекунам ва ташвиқашон ҳам мекунам, ки агар иштибоҳе диданд, бидуни ягон парво матраҳ кунанд, чун ин барои беҳбуди натиҷаи кори мо мусоидат мекунад. Вале вақте бархе мехезанду аз ҳаво ба ман мечаспанд, ки ту фалону фалон ва аз таҳқир ҳам ҳазар намекунанд, посухеро, ки сазоворашанд, дар ҳамон ҷояш мегиранд.

Вақте аз навиштаи шумо ба касе нафъ мерасаду таъсир чӣ гуна ҳолат Мирзои Салимпурро фаро мегирад?

Албатта, эҳсоси қаноатмандӣ аз натиҷаи коре ки анҷом додем. Хусусан вақте дар бораи ягон мариз ё хонаводаи ниёзманд менависем ва хонандагони зиёде дар тамос мешаванд ва суроғаи он ниёзмандонро мегиранд, то кумаке барояшон бирасонанд, сарамон ба осмон мерасад.

Вале, мутаассифона, чунин ҳолатҳо ангуштшуморанд. Дар бештари мавридҳо навиштаҳои мо илоҷи мушкили корафтодагон намешаванд, зеро қадри сухани матбуот дар ҷомиаи мо ба андозае нест, ки мебоист. Ё вақтҳои охир дар бораи дармондани пасандозҳояшон дар бонкҳо шикояти зиёд меояд. Дили одам ба ин амонатгузорони бечора, ки ба бонкҳо бовар карда, ҳама дороии худро ба онҳо супурдаанд, месӯзад. Вале медонем, ки сад бинависем, бонкҳои бӯҳронзада аз чанги бӯҳрон халос намешаванд ва касе пули ин бечораҳоро барнамегардонад. Дар чунин ҳолатҳо, албатта, одам аз нотавониаш дар амри кумак ба ин мардум дилгир мешавад.

Мушкилии асосии Журналистикаи мо чист?

Фикр мекунам, як мушкили асосӣ, албатта, камбуди ҳаво барои нафас кашидан аст.  Фазои озодии матбуот дар чанд соли охир, мутаассифона, хеле танг шуд ва хабарнигорон дар ин фазои тангу нафасгир маҷоли зиёд дасту по задан надоранд. Ба ҳамин далел, маҷбур мешаванд худро бо мавзӯъҳои ба истилоҳ “безарар” андармон кунанд ва ё рӯзи худро беҳуда бо чолидан дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кунанд.  Вале ҷомиа мисли як бухорист ва  матбуот, ба таъбири роиҷ,  мисли дудбаро барои ин бухорӣ. Агар даҳони дудбаро баста шавад, бухорӣ дар даруни худ метасфад, то даме ки як рӯз битаркад. Инки даҳони матбуотро мебанданд ва ё имкони баррасии масоили доғро барояш намедиҳанд, оқибати хубе надорад. Аз як тараф, дар даруни худ тасфидани бухории ҷомиаро гуфтем, ки чӣ пайомад дорад ва аз тарафи дигар, агар мушкилоти ҷомиа гуфта нашавад, имкони ислоҳи ин ҷомиа аз байн меравад. Башарият то ҳол як ҷомиаи идеалии бидуни мушкил сохта натавонистааст ва ҷомиаи Тоҷикистон низ орӣ аз мушкилот нест.

Дар мо, мутаассифона, оинаеро, ки ҳусну қубҳи ҷомиаро намоён кунад, шикастанд ва як чизи оинамонанде мехоҳанд, ки фақат ҳуснро намоиш диҳад, қубҳро баракс пинҳон кунад, то табъи кадом мансабдор хира нашавад.

Дар бораи сомонаи Ахбор чӣ гуфта метавонед барои хонандаи “Пайк”?

Сомонаи “Ахбор” - http://akhbor.com/ -як сомонаи мустақили хабарист, ки ман баъди рафтан аз радиои “Озодӣ” таъсис додам. Ҳадаф пур кардани холигоҳе буд, ки ба далели худсонсурӣ дар майдони матбуоти тоҷик ба вуҷуд омадааст. Дасти мо назар ба нашрияҳои маҳаллӣ бозтар аст, чунки маркази сомонаи “Ахбор” дар Аврупо ҷойгир шудааст. Як шарти асосии кори сомонаи “Ахбор” худдорӣ аз ҷиҳатгириҳои сиёсӣ аст, яъне мо ба ҳар мавзӯъ талош мекунем, холисона ва бетараф бархӯрд кунем, на оппозитсияи ҳукуматем ва на тарафдораш -  кори хубашро хуб мегӯем, камбудиашро – камбудӣ.

Ман ин сомонаро моҳи ноябри соли 2016 сохтам ва то имрӯз асосан худам ба танҳоӣ гардонандагӣ мекунам. Як моҳи охир, шукри Худо, хабарнигорони ҷавон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамкориро бо “Ахбор” сар карданд ва ин хеле кори моро осонтар кард. Ба вижа дар мавриди дастрасӣ ба хабарҳои доғи дасти аввал.

Истиқболи хонандагон ба сурати умум аз сомонаи “Ахбор” хуб аст. Ҳар рӯз 20 -25 ҳазор саре ба сомонаи мо мезананд ва то имрӯз ҷамъи матолиби мутолиашудаи “Ахбор” ба 3 миллион наздик мешавад, ки барои як расонае, ки бораш асосан ба дӯши як нафар аст, натиҷаи баде нест.

Як чиз муаммост барои мо, Мирзои Салимпур аз “Ахбор” чӣ фоида мегирад ва аз кадом ҳисоб гонарар медиҳад?

Моҳи августи соли ҷорї сомонаи “Ахбор” як гранти хурде ба даст овард, ки имкон медиҳад ба муаллифонаш ҳаққи қалам ҷудо кунад. Дигар ҳама гуна паҳлуҳои  фаъолияти сомона сирф аз ҳисоби муассис, ки худи ман ҳастам аст.

Хулосаи шумо аз ин сўҳбат

Хеле изҳори ташаккур мекунам ба нашрияи мӯҳтарами “Пайк” барои имкони ин гуфтугӯ ва ба ҷамъи хонандагони “Пайк” орзуи хонаободӣ ва муваффақият мекунам. Ва аз онҳо даъват мекунам, ки ба матлабҳои сомонаи “Ахбор” ҳам таваҷҷӯҳ кунанд. Албатта, дар канори “Пайк”.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

“Пайк”

Аз редаксия:

Мусоҳиба тариқи шабакаи фейсбук анҷом дода шудааст.

Ҷашни Истиқлолият 9 сентябр аст ё 8?

Рӯзи 9 сентябр дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар тинҷиву хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Ин хам дар ҳоле, ки бояд дар тамоми кишвар ин рӯз ҷашну сур бошаду мардум бо либосҳои идона равуо кунанд. Насли мо дар замони Шӯравӣ басо ҷашнҳо дидаасту раҳпаймоиҳо. Мо ба чунин ҷашни ба мотам монанд одат накардаем. Қариб дар сартосари кишвар ҷашни Истиқлолияти кишвар 8 сентябр баргузор гашт. Чаро, ба чӣ хотир? Боз ҳам барои он, ки мо миллати чапан ва якфуға буданамонро исбот кунем? Ҳамонгуна, ки ҳар сол идҳои мусалмониро тамоми ҷаҳон дар як рӯз мо ҳатман дар дигар рӯз ҷашн мегирем.

Ҳунарнамоии як ҳофиз ҷашни истиқлолият буда наметавонад

Ин бор ҳам дар тақвими миллат омадааст, ки ҷашн 9 сентябр, аммо мо ҳатман ба қонунҳои қабулкардаи давлати худ итоат накарда онро як рӯз пеш, яъне 8 сентябр ҷашн мегирем. Инро ҳам ҷашн гуфтан мушкил аст. Ҷашнҳои мо миллати ориёӣ ин замон иборат аз як консерт шудааст. Тамоми шаҳр дар гӯшае ҷамъ мешаваду як ҳофиз як ду соат суруд мехонад. Бо ҳамин масъулин ҳисобот медиҳанд, ки ҷашни истиқлолиятро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамон Зафарча, Амонқулова, Шабнами Сурайё суруд бихонанд ҷашни истиқлолият аст. Ба андешаи мо суруд хондани як ҳунарманд ба ҳеҷ ваҷҳ ҷашни истиқлолияти як ватан, ки ба ҷони ин миллат баробар аст, шуда наметавонад. Фаромуш набояд кард, ки бошукӯҳ ҷашн гирифтани рӯзи Истиқлолияти кишвар барои насли наврас дарс асту панд. Магар замони Шӯравӣ ҳукумати вақт гулу гумроҳ буд, ки дар рӯзҳои 7 ноябр- ғалабаи Инқилоби Октябр, 1 январ Соли Нав, 1 май рӯзи якдилии меҳнаткашон бо он ҳадд ҷашну сур барпо мекард? Муқоиса кунед, ки ватандӯстӣ дар он давра хуб буд ё дар даврони мо. Чаро мо фарҳанги ҷашнгирӣ ҳам надорем? Зебу зинати ҷашни Истиқлолият ҳамон раҳпаймоӣ ва парчамбардорӣ асту гулҳоро алвонҷ дода, шаҳрро оро додан аст. Ба хотири «ягон ҳодисаи нохуш нашудан» бисёре аз муқаддасотро аз даст додаем. Дар бораи пойгаи мошин ё мотосикл сухан гуфтан дар замони мо анқариб ҷиноят аст. Варзишгарони мо дар риштаи муҳорибаҳои тан ба тан шӯҳраи ҷаҳон мегарданду тамоми ҷаҳон васфи онҳоро мекунаду мо миллати ҳалиму меҳрубон аз он ёд кардан намехоҳем, балки ба ҷои он варзишгареро дар риштаи гуштин ё шоҳмоту футбол васф мекунем, ки дар мусобиқа байни 8 ҳарифи худ ҷои 9-умро гирифтааст.

То ба кай мотами заифии миллат месароем?

То ба кай ба миллат панди заиф будан медиҳем? Ин миллат ҳеҷ гоҳ заифу нотавон набуд. Агар мо бихоҳем, ки сулҳи мо пойдор бошад бояд ҷангро биомӯзем! Бояд ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки бо вуҷуди он, ки миллати тоҷик дастрасӣ ба бомби атомӣ надорад, аммо ончунон ватанро дӯст медорад, ки то қатраи хуни охирин омода аст барои ҳифзи ватан бо бомбдорон биҷангад. Нишон додан лозим, ки ин миллатро нест кардан имкон дорад, аммо тарсондан не!

Ҳамин тавр заиф бимонему як умр панди заифӣ гӯш кунему то 90 солагиамон дар ғами модаронамон бисӯзему бигирем аз ҷаҳон ормонӣ меравем. Ҳар саҳар тариқи чанд шабакаи телевизионӣ чанд ровии абрупайванд ватан гуфта мегирянд, гӯё сабаби мотами ватан гирифтан пайдо шуда бошад. Чун аз гуфтани вожаи «ватан» фориғ шуданд, модар гуфта ба гиря медароянд. Чунин баромадҳоро тамоми миллат тамошо карда батадриҷ заиф мегардад.

Александр қаҳрамони миллии тоҷик аст ё Спитаман?

Имрӯз ҳар куҷо бингарӣ васфи Александри Македонӣ аст. Бузаргтарин, Нодиртарин ва зеботарин кули Тоҷикистон Искандаркул аст. Чаро!? Чаро мо муқаддасоти табиатамонро ба номи хунхортарин душманонамон мегузорем? Охир қаҳрамони миллати мо Александр набуд-ку. Инро таърих не, азизон, хиёнат меноманд.Тариқи шабакаҳои телевизионӣ басо шунидаам, ки гуфтаанд, ана инҷо Александр панҷаашро ба харсанг задаасту панҷ чашмаи оби зулол  баромадааст. Ана инҷо аспи дӯстдоштаи ӯ Бусефал ба об ғарқ шудаасту аз муҳаббати зиёди миллат ба ин лашкаркаш кулро Искандаркул номидаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ин хоинон шунидан намехоҳанд, ки Спитаман баҳри дифои ин ватан бо урдуи ваҳшии мақдунӣ чӣ диловарӣ нишон дод, Катан бо нархи ҷон ватанро муҳофизат кард, Вастан баҳри  дифои ин ватану ин миллат чӣ ҷонбозиҳо кард? Инро худи муаррихони Юнони қадим шаҳодат додаанд на тоҷикон. Ҳамин Александри қаҳрамони хоинони миллати мо буд, ки аз Мароқанд (Самарқанд) то Киресхата (Истаравшан) қатли ом гузаронда, 120 ҳазор суғдиро аз дами теғ гузаронд. Он замон теъдоди суғдиҳо дар маҷмӯъ 1 миллион набуд. Яъне даҳяки миллатро кушт. Баъди он, ки Киресхатаро ишғол кард дар ҳамин шаҳр 8 ҳазор занону кӯдаконро аз дами теғ гузаронд.

Баъзеҳо аз Рухшонаки тоҷикро  ба занӣ гирифтани Александр имрӯз ифтихор доранд. Ҳатто ақидаеро ҳам рӯйи кор оварданӣ мешаванд, ки баъди духтарро ба занӣ гирифтан ба ин миллат раҳм кард. Наход мо то ба ин дараҷа заифу тарсу бошем, ки аз пушти «чиз»-и як зан лоиқи тараҳҳуми як қотил қарор бигирем!? Шахсан ман аз он тоифа нестам. Балки ман аз тоифаи Спитаман ва Катан барин родмардонам, ки аввал ҷӯйҳои хуни душманро ҷорӣ карданд баъд барои ватан мардонавор ҷон доданд. Ман аз табори Рухшонакҳо нестам, ки дар таги пои хунхортарин душмани миллат бихобад! Ин саги зард аз ҳамтоҳои баъдинаи худ- урдуи араб, Чингизхон дар разолату ваҳшоният заррае кам набуд. Аз қадамҷои ин тоифа ва ҷои панҷаҳояшонон ба ҷуз хун чизе дигар намебарояд.

Нафрат ба душман ҳуввият аст

Агар мо бихоҳем насли наврасамон ватандӯст шавад, бояд коре кунем, ки ин насл душманони миллатро душман бидонад ва ба онҳо нафрат дошта бошад на муҳаббат. Бас кунед васф кардани хоинонро, зинда бигардонед қаҳрамонони миллати худамонро, агар мехоҳед, ки мардум миллатдӯст шаваду ватандӯст ва ҳуввияти миллӣ дошта бошад!

Ҷашни Истиқлолият 9 сентябр қабул шудааст, маҳз дар ҳамин рӯз бигзор миллат онро ҷашн гирад. Садҳо нафар хориҷиён дар рӯзи Истиқлолият интизор буданд, ки раҳпаймоиҳои бошукӯҳ ва рангорангии бемислро бубинанд. Онҳо медонанд, ки ин миллат ориёӣ аст ва аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд. Аммо  мутаассиофна дар рӯзи Истиқлолият диданд, ки мо аз ӯҳдаи ҷашнгирии бошукӯҳтарин ҷашнамон намебароем.

Баъзе аз масъулин бар он ақидаанд, ки истиқлолият ба он хотир як рӯз қабл ҷашн гирифта шуд, ки рӯзи дигар ҷашн дар пойтахти кишвар буд. Инро банда ба ҷуз аблаҳтарин шарҳ чизе дигар номида наметавонам. Агар ба он ақида бовар кунем, пас Тоҷикистон ҳамон Душанбе будааст, дигар манотиқ Тоҷикистон набудаанд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар қадар орояш надиҳем як шаҳр Тоҷикистон шуда наметавонад. Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳудуд худ онқадар калон нест, ки боз онро дар чаҳорчӯби як шаҳр ҷо кунем. Чӣ, мехостед, ки ҳама миллат барои ҷашнгирӣ ба пойтахт ҷамъ шавад? Ё ватан фақат аз раисони шаҳру навоҳӣ асту бояд онҳо ҳатман дар консерти ҷашни миллат дар пойтахт ҳузур дошта бошанд? Ҳатман бояд дар рӯзи Истиқлолият ҳукуматдорон бифармоянд, ки миллат ҳама дар либоси миллӣ ба раҳпаймоиҳо баромада, ҳама ҷо дастархонҳо кушояд, ҳофизон ҳама ҷо дар роҳҳо ҳунарнамоӣ кунанд. Насли наврас бидонад, ки истиқлолият чисту ватан чист, дӯст кисту душман чист.

Ҳам дар баробари ин хеле хуб мешуд, агар танзимро дар задани салют ҳам ҷорӣ мекардем. Ба фикри банда ин ҳама оташпартоиҳо ба ҷуз рекламаи истеҳсолкунандаи онҳо фоидаи дигаре надорад. Ё худ ҷашнҳои миллиро ба намоиши либоси духтарон ё худи онҳо табдил додан ҳам камоли хирад нест.

Аҳмади ИБРОҲИМ

Ваъда ба донишҷӯдухтарони тоҷик: “Баҳои хуб аз шумо – тӯй аз мо”

Раҳбарияти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба духтарони донишҷӯ ваъда додааст, ки агар хуб таҳсил кунанд ва рафтори намунавӣ дошта бошанд, дар ташкил ва баргузории тӯйи арӯсияшон кумак хоҳад кард.

"Онҳо фарзандони мо ҳастанд. Мехоҳем, духтарон дар дарсҳо танҳо дар фикри омӯзиш бошанд. Бинобар ин раҳбарияти донишгоҳ ваъда дод, ки тамоми масрафоти тӯйи аълочиҳоро ба зимма мегирад", - гуфт Ҳамидуллохон Фақиров, раиси Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон.

Баъзе донишҷӯёни донишгоҳи мазкур аз ташаббуси раҳбарият пуштибонӣ карданд. Сабрина, яке аз ҷонибдорони таҳсили духтарон мегӯяд, иҷрои ин ваъда имкон хоҳад дод, духтарон аз идомаи таҳсил дар донишгоҳ даст накашанд.

Вале Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик пешниҳоди раҳбарияти Донишгоҳи тиҷоратиро ба донишҷӯдухтарон як ваъдаи “сирф тоҷикона” ном бурд ва гуфт, беҳтар буд, роҳҳои дигари ҳавасмандкунии духтарон, аз ҷумла идомаи таҳсил дар аспирантураро роҳандозӣ мекарданд.

“Медонед, ин як пешниҳоди сирф тоҷикона аст. Вақте ман инро шунидам, дар зеҳнам ин ҳарфҳо пайдо шуд: як падар ба духтараш мегӯяд, “хуб хон, ман бароят фалон чизро харида медиҳам”. Ин пешниҳод низ ҳамингуна ба назар мерасад”, - афзуд ӯ.

Пажӯҳишгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, монеаи аслии гирифтани маълумоти олӣ дар Тоҷикистон барои ҷавонон вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳост. Ба огаҳии пажӯҳишгарон, 72%-и хатмкунандаҳои макотиби олии кишвар аз оилаҳои доро буда, танҳо 13% аз хонаводаҳои ниёзманд ҳастанд.

Нахусти туй бо либоси миллӣ баъди қабули қонун (Видео ва Акс)

Нахустин тӯйи арӯсӣ бо либоси миллӣ баъди қабул шудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар он боби наверо илова кард, ки аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шудааст.

Тӯйи Саидшоҳ ва Миҷгона, ки бо дастгирии перезиденти кишвар рӯи даст гирифта шуда буд. Ин ду ҷавон дар ҳоле бо либоси миллӣ ба рӯи тахти шоҳона баромаданд, ки рӯзи 23 август Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии худ ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шудааст.

Боби 4, прим. 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».

Ҳоло рӯзи тӯи Саидшо ва миҷгона дар тарабхонаи “Мафтуна”-и Қӯрғонтеппа бо намояндагони мақомот ва меҳмонон баргузор шуда истодааст. Аз ҷумла дар ин маросим раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдулозода иштирок ва суханрондааст.  Хонаводаи Сидшо ва Миҷгона аз он хушҳоланд ва аз мақомот минадорӣ мекунанд, ки бо дастгирии президент ва ҳукумати ноҳия ду ҷавон соҳиби хонаи обод ва ҳатто бо либосӣ миллӣ рӯи тахти шоҳонаи худ шиштаанд.

Нахусти туй бо либоси миллӣ баъди қабули қонун

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

Рамазон Раҳимзода - генерал полковник шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ кормандони ҳифзи ҳукуқ дар арафаи ҷашни 26 -солагии истиқлолияти кишвар рутбаҳои навбатӣ тақдим кардааст.

Вазорати Корҳои дохилаи Тоҷикистон низ дар сомонаи расмияш хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – рутбаи нави генерал-полковники милитсияро соҳиб шуд. Аз Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин рутбаро рӯзи 25-уми август президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон тақдим кардааст. Раҳимзода то ин дам генерал-лейтенант буд.

Бино иттилои ин манбаъ, инчунин Абдулваҳҳоб Искандарзода – сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, Рустам Шафизода – сардори Раёсати корҳои дохилии Рашт ва Сӯҳроб Рамазонзода – сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД бо рутбаи генерал-майори милитсия сарфароз шудаанд.

Дар ҳимин ҳол дафтари матбуоти президенти Ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ рутбаҳои ҳарбии махсуси “генерал-полковники адлия” ва “генерал полковник” дода шудааст.

“Теъдоди муайяни хидматчиёни Вазорати дифоъ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ бо рутбаҳои «генерал-майор» ва «генерал-майори гвардия» сарфароз гардонида шуданд”, - қайд шудааст дар сомонаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар хабари дафтари матбуотӣ президент омадааст, ки  дар остонаи ҷашни истиқлол 300 корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хидматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хидматчиёни ҳарбӣ бо мукофоти давлатии ордени Зарринтоҷ дараҷаи II, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаҳои I ва II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвонҳои фахрии “Нависандаи халқии Тоҷикистон”, “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.

Дар Фархор Динозаври зинда ёфтанд! (Видео) ва (Акс)

Ин хеле аҷиб аст

Аз зери фарши хонаи як сокини ноҳияи Фархор  ҷасади (скелет) ҳайвони қадима динозавр пайдо шуда, муаррихон ва даҳҳо нафарро ба ҳайрат гузоштааст.

Муаррихон мегӯянд, ки пайдо шудани чунин скелет дар Фархор  гувоҳӣ медиҳад, ки ин макон ҳазорсолаҳо таърих дошта, дар ин макон пеш аз одам ҳайвоноти гуногун зиндагӣ мекардаанд, аммо соҳиби хонае, ки аз он ҷасади (скелети) динозавр пайдо шудааст мегӯяд, ки ин ҷонвар то як соли пеш зинда будааст.

Авлиёқул Давлатмуродов, сокини кӯчаи Нуралӣ  Исҳоқӣ ба "Пайк" қисса кард, ки се сол қабл дар хонааш одам зиста наметавонист ва онҳо гумон мекарданд, ки дар зери фарш калламушњо  рафтуомад мекунанд ва ҳатто садои дањшатнок баланд мекарданд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ илова кард, ки келинҳояш аз тарс дар хона хоб намекарданд ва баъди ин ҳодисаҳо ахиран ман 25 пачкаи доруи муш ба зери фарш рехтам ва баъди ин дигар аз сери фарш садо набаромад ва мо тинҷиро ҳис кардем.

Давлатмуродов илова кард, ки аз байн як сол сипарї шуд, бӯи ғализ як кӯчаро фаро гирифт ва ҳаммаҳаллаҳо хоҳиш карданд, ки ҳоҷатхонаро пушам, то бӯй аз байн равад, аммо ин бӯй аз байн нарафт.

"Се сол қабл дар ин хона хоб карда намешуд ва мо гумон мекардем, ки муш дар зери фарш овоз мебарорад, ҳатто келинҳоям метарсиданд, ки дар ин хона хоб кунанд. Баъди ин ҳодиса 25 пачка дорўи муш оварда, зери фарш рехтам ва баъди ин мо тинҷ шудем, аммо як сол баъд бӯи ғализ ҳамаро фаро гирифт ва ҳамсояҳо д гуфтанд, ки бӯй ҳоҷатхона аст, онро маҳкам кун. Мањкам кардам, аммо бӯй гум нашуд. Як сол бӯи ин аз хонаҳои ҳамсояҳо нарафт, дар ин миён ду маротиб фарши хонаро канданї шудам, вале шароит набуд накандам. Ҳоло бо фаро расидани шароит ва расидани дасти писаронам гуфтанд, ки биё фарши хонаро канда аз нав таъмир кунем. Баландии фарш низ 70 сантиметр аст. Баъди кандан ҷасади ин динозавр пайдо шуд, аммо даҳ рӯз моро нагузоштанд, ки фарши хонаро пур кунем. Баъдан ҳамаи устухонҳои динозарврро ҷамъ карда дар якҷо гузоштем. Ҳатто аз осорхона омаданд  ва дар охир имрӯз  раиси ноҳияи низ омад ва ҳоло қарор аст, онро ба Душанбе баранд. Пеш аз ин аз осорхона омаданд динозаврро 300 сомонӣ нархгузорӣ карданд, ман розӣ нашудам, ва як нафар аз Душанбе омад 7000 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ кард надодам, ва ҳоло раис гуфт, ки ин чизро дигар касе нарасад ва болои сари он ду корманди милиса истода посбонӣ дорад",--илова кард Авлиёқул Давлатмуродов,

Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор низ дар сӯҳбат ба "Пайк" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло як комиссия ташкил шуда, онро барои ташхис ба Душанбе хоҳанд бурд. Тибқи иттилоъи раис сардори ин комиссия муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим мебошад.

Пайдо шудани скелети динозавр дар ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки соли 2013  низ чунин динозавр дар водии Вахш пайдо шуда, он скелет ба осорхонаи осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шуда буд.

Коршиносон бар онанд, ки ин намуди Раптори оилаи динозаврҳо маҳсуб мешавад, ки 150 миллион сол қабл аз ин дар замин зиндагӣ мекарданд. Ин намуди Рапторҳо тибқи шаҳодати олимон аз 25 сантиметр то 12 метр дарозӣ доштанд. Раптори Фархор тахминиан 1 метр тарозӣ дорад.

Дар Фархор Динозаври зинда ёфтанд!

Ҳама ашёи Сарихосор кӯҳна аст

Ҳафтаи гузашта сафари Сари Хосор доштем. Он ҳам бо кумаки бевоситаи раиси мӯҳтарами Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода. Ҳадаф дидани ҳамон шаршараи афсонавии он мавзеъ буд. Хонандаи ҳушманд шояд гумон кунад, ки мо ҳам мисли дигарон боз дар бораи он шар-шара қисса мекунем, аммо на, ин бор мо дар бораи дигар мӯъҷизоти Сари Хосор қисса карданием ва албатта камее дар бораи шар-шара.

Хуллас, баъди машаққати зиёди бероҳагӣ, баъди камаш 5 соати ҳаракат бо мошинҳои тамғаи «УАЗИК» билохира ба деҳаи Шайдон, ки маркази маъмурии деҳоти Сари Хосор маҳсуб мешавад расидем. Раиси ҷамоати ин мавзеъи хеле хушбоду ҳаво ва салқин Ҳасан Ҷангиев моро бо меҳри бепоён галстук ва туту чормағз пешвоз гирифт. Барои чӣ галстук ё ба тоҷикӣ гарданбандро ёдовар шудам, дар ҳоле, ки дар шаҳрҳои обод нисфи мардум аз он истифода мекунанд, чунки Сари Хосор шаҳр нест, балки ҷиҳати бероҳагӣ рустоест хеле дур аз тамаддун ва табиати дастнорас дорад. Ҳамин галстуки раис аз ашёи каме буд, ки хабар аз тамаддун ва ба ақидаи ҷазиранишинони Аврупо замини калон медод. Тамаддун ба ин мавзеъ хеле кам сар халондааст. Ба назарам намуд, ки инҷо ҳама ашё кӯҳна асту қадима. Хонаҳо, шуғҳои атрофи ҳотаҳо, сангоб, дарахтон, харсангҳои азимҷусса, кӯҳҳо, суфраю катҳои мардум, ашёи рӯзгор ҳама кӯҳна буду дарак аз тамаддуни қадимаи ин мардум медод. Инҷо дарак аз рӯзгори 800 сола қадимаи миллати мо медиҳад. Одамон дар инҷо чашмтангу дилтангу пасту пақана ва манқаю каҷпо нестанд. Балки симои қадима ва зебои миллатро доранд-қадбаланд, чашмкалон, мӯйлабсиёҳ (занҳо намоён нестанд) , самимӣ, якрӯ ва хеле меҳрубону меҳмоннавоз. Ин хислатҳои хубро раиси ҷамоат Ҳасан ҳам доро буд. Шояд ин мардум ҳангоми шикор ё сайри кӯҳсор хеле бадқаҳру бадҳайбат бошанд, аммо дар рӯбарӯйи меҳмон хеле фурӯтану меҳрубон буданд. Мо 15 нафар журналистонро раиси ҷамоат баъди гарм пешвоз гирифтан ба Шипдара бурд. Мавзеест мисли дигар деҳот дар соҳили пирсангоб, ки ду тарафаш бо кӯҳҳои осмонбӯс маҳкам асту кӯҳҳо дарахтпӯшанд. Ҳамон чанорҳои бузургу қадима дар ҳамин леҳа маҳфузанд. На танҳо ин бор, ки шояд ду ҳазор сол пеш маҳфуз буданд. Шакли решаҳои рӯйи замину зери замин баромада, шоху барг, танаи ғафсу сухта дарак аз қадима будани ин дарахтон медиҳад. Атроф пур аз ҳезум бошад ҳам каксе ба онҳо даст намерасонд. Хурофот буд, ки ин бор дар хизмати мардум, аниқтараш табиат қарор дошт. Аз яке аз сокинони маҳалл пурсидем, ки чаро ҳезуми рехтаро истифода намебаред. Гуфт убол аст. Фалонӣ истифода бурду ба бало гирифтор шуд. Боз гуфтем магар дигарон, ки ҳезумро истифода набурданд ба балоҳо гирифтор нашуданд, посух дод, ки танҳо баъди истифодаи ҳезум ба бало гирифтор шуд.

Дигар ин мардро бо саволҳои худ азият надодем, чунки ин бор ҳамин хурофот, ки дар дигар ҷойҳо боиси бадбахтии мардум гаштааст дар инҷо ба фоидаи муҳити атроф хизмат мекард. Чаноре, ки мо дар наздаш қарор доштем хеле азимҷусса буду мисли чанорҳои дигари пир дарунаш сухтаю ковок. Харсанги бузурге, к ибо мурури садсолаҳо бо муҷарради бузург шудани чанор дохили он гашта буду мисли мизи кори утоқи як раис шуда буд. Гуфтанд мӯйсафедон ёд медиҳанд, ки саду панҷоҳ сол қабл дар дохили ин чанор мактаб буду сипас ҷувози равғанкашӣ.

Дар ҳақиқат масоҳати дохили чанор шояд ба ин имкон медод. Мо ҳам мисли ҳар як сайёҳи нодидаю кунҷкоб дар дохилу беруну сари шохҳои ин чанорҳо расм гирифтем. Ин чанорҳо шояд давраҳоеро дар хотир доштанд, ки миллати тоҷик баъди муҳорибаҳои шадид бо аҷнабиёни ғосиби мақдунӣ ва арабу муғул ғулом шудан нахоста ба ин мавзеъи дастнорас фирор кардаву зиндагӣ ихтиёр карданд. Ин ҳама ашёи кӯҳнаю қадима исботи дигари ақидаҳои муаррихони қадиму муосир аст.

Хусусияти дигари ин мавзеъ ҳамин аст, ки мардум дар деҳаҳо мисли ҳазорҳо сол пеш зиндагии қабилавӣ ба сар мебаранд. Дар ҳар деҳа фақат мардуми як авлод зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳамин тавр деҳаҳои Раҳимовҳо, Муҳаббатовҳо, Шариповҳо қад қадди сангоб мавқеъ доранд. Инҷо марде буд, ки аз як зан 20 фарзанд дошт. Ҳамаашон солиму бардам ва соҳиби хонаву оилаи ободи худ. Деҳаи ин қавм ба номи сардори оила Давлатобод унвон дошт.

Дар хонаи истиқоматии раиси ҷамоат Ҳасан Ҷангиев чормағзи бузургсолест, ки хонадор онро хеле ҷавон унвон мекунад. ӯ мегӯяд ин чормағзро бибиям нишондаасту хеле ҷавон аст-100 сола. Барои ҷавон буданаш ин қадар ҳосили фаровон дорад.

Чанд тути азимҷуссаи дигар ҳам дар даромадгоҳи ҳавлӣ буд, ки онҳо, мувофиқи гуфтаи раис, ки аз қавли олимони бо тутҳо ошно гуфт, ҳудуди 700 то 1000 сола буданд. Аммо ҳамонгуна ҷавону серҳосил. Боз ҳам танаи тут, шохҳои азим, решаҳои ғафси рӯйи замин шаҳодат аз бузургсолиашон медод. Воқеан мардуми ин мавзеъ низ хеле зебоянду тануманд ва нисбат ба синну солашон ҷавонтар.

Бояд гуфт ба шаршара роҳ аз Балҷувон ҳам ҳаст ва ҳам аз Ховалинг. Чанд соли пеш мо аз самти Ховалинг пиёда ба ин мавзеъ сафар карда будем. Дар бораи табиати биҳиштосо-дарахтони зебо гулу майсаҳои беҳамто, чашмаҳои миусаффо, ҳавои хеле тозаю серкислород дар мақолаҳои се соли пеш навишта ба чоп дода гуфта будам.

Инак, расидем ба шаршараи афсонавӣ. Аз баландии қариб 100 метр ҷӯйбор чӣ ки дарё рӯйи харсангҳо ҷастухезкунон сарозер мешавад. Сад ранг асту сад шакл ва сад садои форам. Мӯъҷизаи бузурги шаршара ҳамин аст, ки ин ҳама дарёи бузург аз зери замин мебаромадаасту чашма аст. Шахсан ман чунин дарёи аз зери замин мебаромадаро дар умрам на дида будам ва на шунида.

Муҳим ҳамин, ки дар ҷумҳурии халқии Чин ҳам чунин шаршара мавҷуд аст. Ҳолдонҳо мегӯянд шаршараи он мавзеъ на он қадар табиӣ аст. Он мардум бало ба таври сунъӣ шаршара бунёд кардаанд. Боз ҳам муҳим бунёди шаршара нест, балки маблағе аст, ки аз фурӯши фотообойҳо ва ашёи дигар бо шаклу акси ин шарашара ба даст меояд. Ин маблағ дар маҷмӯъ баробар ба миллионҳо доллар мешавад. Соҳибкорони аз ҳисоби шаршара даромад гирифта ҳаққи ҳалоли шаршараро медиҳанд. Дар натиҷа як шаршараи нимасунъӣ ба гӯшае аз гӯшаҳои ҷаннат мубаддал гаштааст. Шаршараи мо бошад сирф табиӣ асту дар ҳақиқат афсонавӣ, аммо то андозае бесоҳиб. Аниқтараш бо ташаббуси Пешвои миллат таи чанд соли ахир шаршараи бузург хеле ободу зебо шудааст. Роҳравҳо, катҳои хеле қашанг дар зеру болои шаршара, покии атроф ҳама бо ташаббуси Пешвои миллат раҳандозӣ шудааст, аммо нигоҳубини шаршара таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаро талабгор аст. Пешвои миллат инчунин тасмим гирифтааст, ки то соли оянда роҳи мошингарди Балҷувон Сари Хосорро сохта ба истифода диҳад. Ҳоло дарди сари асоӣ набудани роҳ аст. Хуб мешуд аз пойтахти кишвар ширкати «Тоҷик-Эйр» ду чархбол ҷудо мекард, ки хоҳишмандонро ҳамарӯза аз пойтахт ба шаршара меовард. Даромад аз гуна сайёҳӣ на танҳо барои ширкат басанда буд, балки бо ин маблағ метавон шаршараро ободтар гардонид. Ба назар мерасад, ки нисфи аҳолии ҷумҳурӣ зодаи ин диёр аст ё худро зодаи ин диёр мегирад. Сарихосорӣ будан, маънии тоҷики тоза буданро дорад.

Аҳмади Иброҳим

 

Страница 1 из 2

Суроғаи мо:

Joomla ru