Пайк

ХАБАРҲО

Боғи фарҳангӣ афсонавӣ мешавад

ва боз

Ёдат ба хайр, дукони «Пайк»

Баъди чанд моҳи сохтусоз Боғи Фарҳангии шаҳри Кӯлоб, чуноне, ки дар расм мебинед, намуди афсонавиро мегирад, қайд кард дар сӯҳбат бо «Пайк» Шералӣ Кабиров, директори генералии Корхонаи бузурги алюминиуми тоҷик. «Дарахтони нодиреро аз Олмон овардем, ки ба ҳусни Боғ ҳусни тоза зам кунанд. Шабҳо дохили Боғи Фарҳангии Кӯлоб чун рӯз равшан хоҳад шуд. Мардум шабона ва рӯзона яксон метавонанд якҷо бо аҳли оила дар дохили он сайру гашт карда, нерӯйи тоза гиранд», илова кард Шералӣ Кабиров.

Сайфулло Раҳмонов, муовини Кабиров дар ин сӯҳбат қайд кард, ки дар баробари Боғи Фарҳангӣ корхонаи Алюминии тоҷик Маркази Фарҳангии Ҷавонони шаҳри Кӯлобро, ки алҳол дар собиқ кинотеатри «Гулистон»-и шаҳр ҷойгир аст, пурра таъмиру азнавсозӣ мекунад. Ин бино низ дар дохили Боғи Фарҳангӣ мустақар аст.

Бояд гуфт, бинои Маркази Фарҳангии Ҷавонон иншооти на танҳо фарҳангӣ, балки таърихиест, ки охири солҳои 50-ӯми асри гузашта сохта шудаасту тарҳи миллӣ ва хеле нақшу нигори зебо дорад. Дар толори он камаш чор насл тавассути тамошои филмҳои бомаънӣ тарбия гирифтааст. Барои мо муҳимтар аз ҳама ҳамин аст, ки ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии «Пайк» дар дохили ҳамин собиқ кинотеатр ва ҳоло Маркази Ҷавонон қароргоҳ дорад. Бо вуҷуди он, ки бино дар пояҳои худ мисли 60 соли пеш хеле мустаҳкам побарҷост, ашхосе дарёфт гардида буд, ки пешниҳод карданд, то онро аз байн бардоранд. Аммо Пешвои муаззами миллат ба лоиҳа назар карда бо хиради азалии худ моҳияти ин биноро дарку фаҳм карда барои тахриби он иҷозат надод, ки бори дигар аз фарҳангдӯстиву миллатдӯстии ин фарзанди фарзонаи миллат дарак медиҳад. Ташаккур, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Баъди сохта ба истифода дода шудани ин макони зебо халқи Кӯлоб ва меҳмонони дар дохили он истироҳат мекарда на аз Шералӣ Кабиров, на аз Абдуҷаббор Раҳмонов, на аз Сайфулло Раҳмонов ва на ҳатто аз сарвазири кишвар мӯҳтарам Қоҳир Расулзода миннатдор намешаванд, балки ҳама дарк мекунанд, ки ин сирф ҳиммати баланди Пешвои миллат аст.

Аниқтараш аз он чор нафар ҳам мардум миннатдор мешавад, барои суботкорӣ, ҳалолкорӣ ва масъулиятшиносӣ. Бо ҳама бузургӣ он чор нафар бо ихтиёри худ ҳеҷ гоҳ дар ин боғ дарахте намешинонданд.

Бояд қайд кард, ки ягона дукони оҳанину зебои ҳафтворфурӯшӣ дар минтақаи Кӯлоб, дӯкони «Пайк» дар дохили панҷараҳои сохтмончиён мондаасту таи ду моҳ боз ҳафтавор ҷойи фурӯш надорад. Чун Сайфулло Раҳмонов аз боби бардоштани дукон лаб кушод мо, ки дигар ҷойи интиқол додани онро надоштем, гуфтем, ки онро бурда партоед.

Ёдат ба хайр, дукони «Пайк», ки тайи 6 соли фаолияти ҳафтавор бо мо будӣ, балки ҳамсафу ҳамроҳ ва ҳамқадами мо мубориза бо хурофоту ифротгароӣ бурдӣ, дар тарбияи маънавии мардум саҳм гузоштӣ, яъне сиёсати Пешвои муаззами миллатро пиёда кардӣ. Ҳамакнун муддати умрат ба сар омад. Маҷбурем ҳафтаворро ҳар ҳафта ба дасти кӯдакон диҳем, то дар кӯчаю бозор давр зада фурӯшанд, мисли 100 соли пеш.

«Пайк»

Комментарии  

 
#1 Сарханг 13.04.2019 03:13
Дар байни и афсона гостинсаи Бег Сабур ранги доги сияхай. Нахо дар байни бог гостинса куни!!!!
Цитировать
 
 
#2 Сиёсатмадор! 13.04.2019 09:41
Ин Абдуҷабор нашуд,як бало шуд. Кӯлобро баҷои обод карданд, якбора дар дарунаш рид. Мардумро бо ҳам шуронида истодааст, то муқобили пешвои миллат бошад. Додар фурухт, ака гирифта валангор кард ва ба дасти ҷиян супорид. Яеъне инҳо бизнеси хонаводагиашонр о дар Кӯлоб баровада истодаанд. Ахир аз дасти ин зодимон мардум қаврашонро мекананд. Тамом васалом.
Цитировать
 
 
#3 Francisco 14.04.2019 16:56
Valuable information. Fortunate me I found your web site by accident,
and I'm stunned why this twist of fate didn't took place
in advance! I bookmarked it.

Have a look at my web page :: read more: http://en.reedswitchcn.com/products/Float/Stainless/246.html
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru