Пайк

ХАБАРҲО

КОЛЛЕҶИ САНЪАТ СОҲИБИ БИНОИ НАВ МЕШАВАД Ё НАМЕШАВАД?


Ҳанӯз даҳ сол қабл масъалаи ба бинои нав гузаштани Коллеҷи санъати (ҳамакнун ҷумҳуриявӣ) ба номи Кароматтуло Қурбонови шаҳри Кӯлоб бо ваъдаҳои имрӯзу фардову моҳу сол гирди забони масъулон чарх мезанад. Вале ҳеҷ не, ки ин иқдом рӯи қақиқатро бинад. Ҳамакнун он ваъдаҳо боз рӯй задаанд.

Аз сентябр ба бинои нав ё лаҳзаҳои гуворо давом дорад?

Солҳо боз гузаштан ба бинои нав орзӯи на танҳо роҳбарияти коллеҷ, балки бахши фарҳанги вилоят аст ва ин хабар тули 10 сол вирди забони эшон давр мезад. Вале дер боз амалишавии ин иқдомро касе надидааст. Коллеҷи санъат ва ҳамакнун ҷумҳуриявии ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб дар бинои асосии худ набуда, бинобар афзоиши шумораи донишҷӯён ва дигар талаботҳои лозима мутобиқ нест ва зарурат ба бинои нав солҳост, ки пеши кор истодааст.


Тибқи иттилои Хайрулло Тоҳиров, сардори бахши Раёсати фарҳанги МИҲД в. Хатлон дар минтақаи Кӯлоб: ‘’Ба бинои нав гузаштан, аслан инҷо як масъала буд, бинои навсохти 20 ҳуҷрадори сохтмонаш нотамом воқеъ дар кӯчаи Сангак Сафаров шаҳри Кӯлоб, ки дар тавозуни бахши фарҳанги МИҲД ш. Кӯлоб буд, аз ҷониби сарвари давлат супориш шуда буд, ки ҳамин бино ба мактаби санъат табдил дода шавад. Хулоса тули қариб 10 сол ин масъала ҳалли худро наёфта буд. Аз сабаби нарасидани маблағҳои лозимӣ, вуҷуд надоштани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нисбати бинои мазкур. Бо супориши бевоситаи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода вақти сафари корӣ соли 2018 ба ш. Кӯлоб ба вазоратҳои марбута супориш дода шуд, ки  оид ба тавозуни ҲҶТ ё ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад. Идораи сохтмони дастгоҳи Президент масъалаи маводҳои лоиҳавию сметавии сохтмони мазкур аз ҷониби идораи сохтмони дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати фарҳанг мувофиқа гардида, рӯзҳои наздик бояд, ки идомаи сохтмони мазкур рӯйи кор меомад, то давраи ҷашнгирии 28 солагии Истиқлолияти ҶТ коллеҷ ба истифода дода шавад.’’

Шариф Бедаков, директори ҷадиди Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов дар мусоҳиба бо «Пайк» гуфт, ки ‘’масъалаи ба иншооти нав гузаштан қариб, ки ҳалшаванда аст. Бояд аз 1-уми апрел корро оғоз мекарданд, мо мунтазирем, ки кай кор оғоз мегардад.’’

Аз статуси ҷумҳуриявӣ гирифтан чи суд?

«Умуман масъалаи ба коллеҷи ҷумҳуриявӣ табдил додани коллеҷи мазкур моҳиятан аз он иборат аст, ки маблағгузории бевоситаи Коллеҷ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати фарҳанги ҶТ ба роҳ монда мешавад. Тавре, ки мо медонем имкониятҳои ҲҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ нисбати бо маблағҳои мунтазам ва лозимӣ таъмин намудани коллеҷ бештар аст. Имкониятҳои корҳои таълимӣ, зиёд гардидани шуъбаҳои таълимӣ, ихтисосҳо низ дар назар аст.»- иброз медорад Хайрулло Тоҳиров.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30- ноябри соли 2018 №566 ба Коллеҷи санъати ш. Кӯлоб ба номи К. Қурбонов мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, Вазорати фарҳанги ҶТ якҷоя бо Вазорати молияи ҶТ тибқи тартиби муайянгардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ш. Кӯлоб ба номи К. Қурбоновро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намудаанд.

‘’Якум ин ки статуси училиш дига мешавад, мисол мегирем, мумкин аст, ки имкониятош зиёдтар шавад. Дуюм ин ки ҷиҳатҳои дигар ҳам дорад, ки талаботҳо бояд сахттар бошанд. Кори асосии кори ҷумҳуриявии санъат тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аст.’’ Хотиррасон мешавад Бедаков.

Тибқи маълумоти бахши Раёсати фарҳанги МИҲД в. Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб ҳанӯз соли 1989 ҳамчун филиали омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд ва солҳои аввал ҳамагӣ 60 нафар донишҷӯ дошт. Баъдан коллеҷи мусиқӣ шуд ва бо ҳамроҳ кардани шуъбаи рассомӣ ба Коллеҷи санъат табдил ёфт. Соли 1991 коллеҷ ба коллеҷи санъати мустақил табдил ёфта, статуси вилоятӣ гирифтааст. Бинои коллеҷ бо қарори раиси онвақтаи ш. Кӯлоб соли 1989 бинои собиқ Кумитаи иҷроияи шурои депутатҳои меҳнаткашони ш. Кӯлоб ба тавозуни шуъбаи фарҳанги шаҳр гузашта буд. Баъдан коллеҷ ба номи Кароматулло Қурбонов номгузорӣ шуд.

Тақдири бе хобгоҳии коллеҷ чӣ мешавад ё директори ҷадид ба чӣ кор машғул аст?

‘’Барои ба саволи Шумо ҷавоб додан бояд ман тамоми ҳуҷҷатҳоро бардорам. Ман инҳоро намедонам. Яхелаш дар хонаи хешу таборашон зиндагӣ доранд. Хайр, агар пурсӣ мегӯяд, ки ман дар квартира зиндагӣ мекунам, шуморааш маълум нест. То ҳол шумораи донишҷӯёнро мавриди омӯзиш қарор надодаам. Барои он ки ман тамоман бо дигар масъалаҳо бандам’’- илова намуд, директори коллеҷи фавқ.

Ташвишовар аст, вақте ин роҳбар то ҳол (фаъолияти кориро аз 1 феврал оғоз кардааст) намедонад, ки дар муассисаи зери роҳбарияш чӣ қадар донишҷӯ касб меомӯзанд. Хусусан он донишҷӯёне, ки дар хонаҳои иҷора зиндагӣ менамоянд, дар кадом ҳол ҳастанд.

Дар ин маврид мудири бахши Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоҳиров ин тавр гуфт:

«Масъалаи ба хобгоҳ таъмин намудани донишҷӯёни коллеҷи фавқ аз рӯзи аввал проблема буд. Дар соли аввал дар омӯзишгоҳи Касбӣ- техникии №38 якчанд ҳуҷраро ҷудо карда буданд. Баъдан дар бинои собиқ меҳмонхонаи Кӯлоб, ки дар шафати муассиса воқеъ буд, як ошиёнаашро ба мо вобаста карда буданд. Як давраи муайян донишҷӯён онҷо истиқомат мекарданд. Ҳангоми дидани мавзеи имрӯзаи сохтмони Коллеҷи санъат ин масъала бардошта шуд, дар назар аст, ки дар шафати коллеҷ ки мавзеи васеъ аст, дар доираи 1-1,5 га замин сохтани якчанд утоқ барои донишҷӯён низ маслиҳат шудааст.»

Ҳамчунин Зафар Шеров, директори собиқи коллеҷ ба мо иттилоъ дода буд, ки «аз хобгоҳ, яъне ҷойи зист танқисӣ мекашем. Умуман Коллеҷи санъат хобгоҳ надораду ба хобгоҳ таъмин нест. Дар муассиса 140 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки 40 нафарашон аз навоҳии дурдасти минтақаи Кӯлоб мебошанд. Аксарияти донишҷӯёне, ки ҳақиқатан ба хобгоҳ ниёз доранд, мо бо Коллеҷи омӯзгорӣ шартнома дорем ва 8 духтари мо дар он хобгоҳ ҷой дода шудаанд. Дигар касбомӯзон дар хонаҳои иҷораи шаҳр сукунат доранд.»

Кунун донишҷӯёни ин боргоҳи маданият дар хонаҳои иҷора ва дигар хобгоҳҳои коллеҷҳо сукунат ихтиёр кардаанд. Дар як мусоҳибаи ихтисосӣ низ Шафизода Фарҳод собиқ директори Коллеҷи омӯзгорӣ қайд кард, ки мо дар ҳақиқат бо роҳбарияти Коллеҷи Санъат шартнома дорем. Барои таъмин сохтани духтарони онҳо бо хобгоҳ ду ҳуҷраро ҷудо кардаем. Кас намедонад ин ҳама мушкилоти як коллеҷи баобирӯ кай ҳаллу фасл мешаванд. Охир аз таъсиси ин боргоҳи санъат кам не ғам не 30 сол сипарӣ шудааст.

Худойдоди ИСЛОМ

Комментарии  

 
#1 Некукор 10.04.2019 05:27
Сохиби бино намешавад, зуршон ба агентии нашъа намерасад.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru