Пайк

ХАБАРҲО

Муҷассаммаи Рӯдакӣ қомат афрохт

Субҳи  имрӯз, 22 сентябр дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳайкали сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ҳамзамон донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт. Дар ин ҷамъомад раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайруллоҳ Амонуллоҳ, ректори донишгоҳ муҳтарам Абдулло Ҳабибулло, муовини вазири маориф ва илми ҶТ Мирбобоев шоирону нависандагон, роҳбарону мудирони макотиби олӣ ва миёна, инчунин донишҷӯён ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан муљассамаи Рӯдакӣ дар ин майдон арзи ҳастӣ дошт. Баробари шурӯъ гаштани сохтмони бинои нави ҳафтошёнаи ДДК ҳайкали устод Рӯдакӣ баякбор аз назарҳо нопадид шуд. Имрӯз дигарбора бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ он дубора эҳё гардид. Хабар расид, ки ҳайкал дар тарҳи худ нуқсон доштааст.

Дар интиҳо ба як қатор фаолон, ки дар ҷоннок кардани таълиму тарбия дар донишгоҳ саҳм гузоштаанд, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва Вазорати маориф ифтихорномаву сипоснома тақдим гардид.

«Пайк»

Суроғаи мо:

Joomla ru