Пайк

ХАБАРҲО

Гулмурод Ҳалимов бо духтараш "селфӣ" гирифтааст

Аксҳои нави полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дувум ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд. Дар ду акси Гулмурод Ҳалимов, ки рӯзи 31-уми июл дар расонаҳо нашр шуд, духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро Мирова дар канораш нишастааст.

Дар ин аксҳо полковники фирорӣ бо мӯйҳои жулидаи хоси ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” духтари бузургашро дар бағалаш гирифтааст. Возеҳ нест, ки ин аксҳоро дар куҷо ва кай гирифтаанд.

Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваст. Ҳумайро Мирова, ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов ва сухангӯи собиқи Хадамоти гумрук, моҳи феврали соли гузашта бо фарзандонаш ғайб зад ва маълум набуд, ки дар куҷост. Бархе аз манобеъ гуфта буданд, ӯ ба Сурия рафтааст.

Шоҳназар Миров, бародари Ҳумайро Мирова гуфт, аз рӯи аксҳо дигар шубҳае намонд, ки ӯ ба пеши шавҳараш расидааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ Ҳумайро бо наздиконаш тамос надошт. Ӯ гуфт, бо хабарҳои кушта шудани Гулмурод Ҳалимов ва озод шудани Мавсил аз дасти тундравон хонавода умед дошт, ки Ҳумайро аз Ироқ бо онҳо дар тамос мешавад, вале то ҳол ҳеҷ садое аз ӯ нашуниданд.

Расонаҳо ду бор хабари марги Ҳалимовро нашр карданд. Бори охир моҳи апрели имсол нашрияи “Таймс” аз қавли мақомоти Ироқ гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст. Аммо то ҳол ҳеҷ манбаи дигаре ин хабарро тасдиқ ё рад накард. ​Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 21 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, “баъзе маълумоти оперативӣ”-ро дар бораи Ҳалимов рӯи даст доранд, вале дар бораи зинда ё мурда будани ӯ чизе нагуфт.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru