Пайк

ХАБАРҲО

Оғози парвандаи ҷинояти барои иштирок дар задухӯрди мусаллаҳонаи Сурия

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Т. Х. соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, аз рӯи маълумотҳои оперативӣ, тахминан моҳҳои сентябр ва октябри соли 2015 ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанаш бо даъвати шахсони номаълум ба иттиҳодияи ҷиноятии Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳҳои ифротгаройии террористии ҷамоати «Ансоруллоҳ» шомил шуда, тахминан моҳи июни соли 2016 тариқи пинҳонӣ ба давлати Туркия, сипас барои иштирок намудан дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафта, барзидди қувваҳои ҳукумати Сурия ширкат варзида истодааст.

Ҳамин тариқ дар кирдори шаҳрванд Т. Х. аломатҳои таркиби ҷиноят, яъне ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дида мешавад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Т. Х. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru