Пайк

ХАБАРҲО

406 нафар террорист аз Хатлон

Дар вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон ва Афғонистон марзи муштарак дорад мавзуи ифротгароӣ аз мавзуҳои доғ ва нигаронкунанда боқӣ мондааст, ки мақмот барои ҷилавгирӣ аз он талош мекунад.

Як намоянда аз мақомоти вилояти Хатлон гуфт, ки , ки аз ВАО огаҳ ҳастед, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар шароити имрӯза мустақиман равияҳои динӣ, тундгароӣ ва ифротгароиро барои таъсир расонидан ба шуури ҷавонон «фаъол» карданд.

Яке аз омилҳое, ки имрӯз ташвишовар аст дар минтақаи Қурғонтеппа пеш аз ҳама экстремизми маҳзабӣ мебошад.Тибқи ҳукми суди олии Тоҷикистон 17 созмону ташкилотҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун ташкилотҳои экстремистӣ- террористӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар манотиқи ҷумҳурӣ мамнуъ эълон карда шудааст. Аз ҷумла ташкилотҳои экстремистӣ - террористии мазҳабие, ки имрӯз дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва фаъолияташон манъ карда шудааст, ин пеш аз ҳама ДИИШ , Ал-Қоида, ҳаракати толибон, ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҳизбуттаҳрир, ҷараёни ифротгароии салафия,ҷамъияти таблиғу даъват, ҷабҳат ал-нусра, акрамия ва ғайраҳо...

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои асосии фаъолияти хадамоти махусуси кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ мақомти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии  кишвар ба ҳисоб меравад.

Таҳлил ва маълумотҳои оперативии ҷойдошта шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир раванди шомилшавии шаҳравндони кишвар, махсусан наврасон ва ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстреместию террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ, характери нигароникунандаро касб кардаанд. Ҷиҳодиёни "Давлати исломи"-и Сурия бо ваҳшиёна, ҷоҳилӣ ва бераҳмии худ фарқ мекунанд. Дар Сурияву Ироқ чандин ҳозор   мусалмони осоиштаро ғарқи хун карданд. Бояд қайд намуд, ки дар минтақаи Қурғонтеппа  гурӯҳҳои ташкилоти экстреместӣ- террористии  “Давлати исломӣ” бениҳоят фаъол ҳастанд.

Боиси қайд аст, ки тозатарин маҳзаб Эмоми Аъзам аст, ки 1000 сола таърих дорад, зиёда аз 76 фисади кураи замин мусалмонҳо дар маҳзаби Эмоми Аъзам ҳастанд. Дар дини мубини ислом дар ҷаҳон зиёда аз 73 равияву ҷараён ҳастанд, ки 36 равияву ҷараёнҳо экстремистӣ  эътироф шудаанд. Дар ояти 191 сураи бақара омадааст, ки «Алфитнаду ашҳаду минал қатл», яъне гуноҳи фитнаандохтан аз гуноҳи қатл кардан гармтар аст.

Таҳлилҳои мақомоти иҷроия ва мақомоти қудратӣ дар минтақаи Қурғонтеппа нишон медиҳанд, ки то имрӯз дар баробари 723 мактаб , 1502 масҷид фаъолият мекунад. Аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 9 миллион аст ва зиёда аз 4000 масҷид фаъолият мекунад. Барои муқоиса кардан мисол меорем, ки ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон Ӯзебкистон, ки  32 миллион аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 2050 масҷид фаъолият мекунад ё  Туркманистон 5 миллион аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 400 масҷид.  Бояд андешид, ки дар ҳудуди кишвар чӣ қадар мактабҳо ва масиҷдҳо сохтаанду фаъоланд, ки озодии дин дар Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Омилҳои шомилшавии ҷавонон пеш аз ҳама сафар намудан ба” Сурия,” ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштан ба доми таблиғгарон меафтанд, мафкураашонро вайрон намуда, байъат  мекунанд. Шомилшавии ҷавонон  таввасути ҳавопаймои самти  Русия -Туркия - Сурия, Қирғизистон - Туркия - Сурия, Украина -Туркия-Сурия, Душанбе -Туркия - Сурия, Душанбе - Афғонистон, Покистон - Сурия пурра муаян шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон сафар мекунанд.

Дар вилояти Хатлон ҷавононе, ки дар гӯруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар шомиланд ин ноҳияҳои осебпазир аз ҷумла Шаҳритус, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ ва Бохтар маҳсуб мешаванд.

Дар маҷмуъ, то ба имрӯз 406 нафар, 298 нафар мард, 46 нафар зан, 62 нафар ноболиғ сокинони вилояти Хатлон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишвари Сурия ва Ироқ меҷанганд.

Ҳамзамон то ба имрӯз нисбати 377 нафар аз шуъбаи тафтишоти Кумитаи Давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон 81 адад ва дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 298 адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 401, яъне «ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» оғоз карда шудааст ва идома дорад. Дар ноҳияи Бохтар дар ДИИШ 92 нафар меҷанганд. Аз инҳо 6 нафар зан 16 нафари инҳо ноболиғон низ ҳастанд. Нисбати онҳо 78 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи Давлатии Амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон 17 нафарашон дар задухурди муссалаҳонаи Сурия ва Ироқ кушта шудаанд, 61 нафари онҳо дар ҷустуҷӯй қарор доранд. Нисбати 13 нафари сокинони ноҳияи Бохтар,ки шомили ташкилоти  экстремистии  салафия будаанд, бахусус нисбати 10 нафари онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

Таҳсили ғайрирасмӣ чанд соли пеш аз мавзӯъҳои нигаронкунада дар хориҷӣ кишвар буд, ки мақомоти Тоҷикистон, ҳатто гуфта буданд, ки онҳо на олим, балки террорист мешаванд . Худи Президенти кишвар талаби баргардонидани онҳоро карда буд, вале дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳоло ҳастанд ҳолатҳое, ки ҷавонон дар кишварҳои исломӣ ғайрирасмӣ мехонанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон 1488 нафар ноболиғон ва ҷавонон ғайрирасмӣ дар мактабҳои динӣ дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд. Аз ҳимин шумора 1334 нафарашон бо кушиши фаъолон ва ҳукумати шаҳру ноҳия баргардонида шудаанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 128 нафар ҳоло ҳам таҳсил мекунанд, танҳо аз ноҳияи Бохтар 26 нафар,ғайрирасмӣ дар мактабҳои динӣ дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ҳоло ин ҷавонон бояд ба Тоҷикистон баргардонида шаванд, чун эҳтимоли гаравиш ёфтани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар миён аст ва хатаре ба амнияту суботи кишвар дошта метавонанд.

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru