Пайк

ХАБАРҲО

Times: Аз кӯшта шудани Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ хабар дод

Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва аз фармондеҳони гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст. Нашрияи бритониёии “Таймс” бо такя ба мақомоти низомии Ироқ рӯзи 15 апрел гуфт, Гулмурод Ҳалимов ҳафтаи гузашта дар ғарби Мавсил – охирин пойгоҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқ – дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳалок гардидааст.​

Як мақоми низомии Ироқ гуфтааст, ки тайи моҳҳои охир Ҳалимов тақрибан се бор ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст. Ва ин манбаъ афзудааст, “Гулмурод Ҳалимов ташкили мудофиаи “ҷиҳодиён”-ро дар Мавсил бар уҳда дошт ва дар паси таркиши садҳо мошини бомбгузоришуда алайҳи Эътилофи байналмилалӣ ҳам ӯ меистад.”

Мавсили Ироқ


Мавсил соли 2014 аз тарафи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" тасарруф шуда, амалиёти нерӯҳои ироқӣ барои бозпас гирифтани он моҳи октябри соли гузашта шурӯъ шуд. Нерӯҳои давлати Ироқ бо ёрии Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико то кунун тавонистаанд, қисмати шарқии Мавсил ва фурудгоҳро аз ҷангҷӯён пок кунанд. Моҳи марти имсол мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ хабар доданд, ки раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" Абубакр Бағдодӣ аз пойгоҳи ДИИШ дар Мавсил фирор кардааст.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru