Пайк

ХАБАРҲО

ИДЕОЛОГИЯИ ДИНИРО ТАҒИР БОЯД ДОД

ИДЕОЛОГИЯИ ДИНИРО ТАҒИР БОЯД ДОД

Бо шикаст хурдани террористон дар Сурия ва Ироқ баъзе аз коршиносон ба хулосае омадаанд, ки дар баробари террористон, ислом ҳам батамом мувоҷеҳи шикаст мегардад. Яъне ҳама ҷо садои мусалмонон хомӯш мешавад. Барои шахси оқил ҳатто савол додан аблаҳист, ки оё чунин аст? Исботи ин ҳамон ҷойнамози пинҳони ашхоси воломақом аст зери мизи корӣ.

Чун нек нигарӣ шикасти терроризм дар Шарқи Наздик маънии пароканда шудани онҳо, ё дигар шудани тарзи муборизаро дорад. Ин тоифа аз шумори давлатҳои абарқудрат дастгирӣ ёфтаанд, ҳимоя ва пинҳон карда мешаванд. Бисёре аз ин террористонро дар пойгоҳҳои низомӣ бо сарфи маблағҳои зиёд таълим додаву илми одамкушӣ омӯхтаанд, на ба ин хотир, ки иҷоза диҳанд ба осонӣ ҳадафи тири Русия ё Туркия шаванд. Хосса ин ду мамлакат ҳам манофеи кишвари худро ба воситаи террористони «худӣ» раҳандозӣ мекунанд. Касе гумон кунад, ки баъзе аз абарқудратон бо терроризм мубориза мебаранду баъзеи дигарашон онҳоро дастгирӣ мекунанд, сахт хато мекунад. Амрико, Русия, Туркия, Арабистон, Эрон, Қатар барин мамолики қудратманд баъзе тарористони «худӣ»-ро дастгирӣ карда, дар як вақт баъзеи дигарашонро бомбборон мекунанд. Ҳамин аст, ки баъди задухурдҳои, гӯё шадид, ҳамагӣ чанд террорист ба ҳалокат мерасаду дигарон ҷон ба саломат мебаранд.

 

Терроризм паҳн мешавад

Маҳз ҳамин ҷон ба саломат бурдагон дар ҷаҳон пароканда мешаванд ва аз сари нав ба ҷанги навбатӣ ё ба истилоҳи худашон –ҷиҳод омода мешаванд. Ҳақиқат аст, ки онҳо шикаст мехуранд, чунки ғояҳояшон нодуруст аст, Худо ҳам муқобили онҳо аст. Шикаст мехурнад, аммо на имрӯз ва на дар Сурия! Инҳо шикаст мехуранд баъди пароканда шудан ва аз ҷониби идеологияи дурусти ислом, мутобиқ ба ояту ҳадис.

Кӣ кафолат дода метавонад, ки чандсад нафари онҳо дар либоси муҳоҷирони меҳнатӣ ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба кишвари мо намеоянд? Шумо гумон мекунед, ки рӯйхати ҳамаи ба Сурия рафтагон дар ихтиёри хадамоти қудратии кишвари мо маҳфуз аст? То ба ин ҳадд содда будан лозим нест. Агар мегӯянд, ки 500 ё 1000 нафар террористони тоҷик дар ҷанги Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ин ҳама тахминӣ аст. Ҳатто рӯйхати ҳамин 1000 нафарро ҳам дар даст надорем. Бинобар ҳамин онҳо озодона метавонанд, масалан аз кишвари Сибири Федератсияи Русия вориди Тоҷикистон шаванд ва бемалол дар хонаводаи худ зиндагӣ ба сар баранд ва ба ҷиҳоди навбатӣ омодагӣ бигиранд. То вақте, ки гумроҳон ва сиёсатмадорони маккор ҳастанд, онҳо барои худ сипоҳ ва силоҳ меёбанд. Ҳамагӣ 1 сол кор баранд, дигар намедонӣ киро боздошт кунӣ ва киро муҷозот кунӣ. Ин тоифаи ташнаи хун аз ҳамон кишвари дури Араб истода шаҳрвандони гумроҳи моро барои ҷиҳоди бемаънии худ омода сохта метавонанд, чӣ расад бар он, ки ба дохили кишвар биёянд. Он вақт сулҳу салоҳи бо хуни мардум ба даст омада ба боди фано меравад.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

Ман намедонам дар кишвари мо кадом идеологи, ба истилоҳи бачаҳои «Мо метавонем», тупой, мубориза алайҳи ифротгароиро тобиши мубориза алайҳи ислом додааст. Имрӯз руасои навоҳӣ аз минбарҳои баланди ҷаласот баромад карда, на бе ифтихори ошкоро мегӯянд, ки мо имсол дар навоҳии худ фалон қадар масҷидро барҳам дода ба ҷояшон муассисоти дигар сохта, фалон қадар ришро тарошида, фалон қадар сатрро сухтаем. Чӣ, шумо, ҷанобони тупой, мехоҳед 1 миллиарду 300 ҳазор мусалмони дунё ва қамаш 50 000 террористони аз номи ислом амалкунандаро алайҳи кишвари мо шӯронед!? Аввал қудрати мудофиавии кишварро пурзӯр карда, баъд чунин амал кардан зеб дорад.

Як шахси воломақомеро дидаам, ки дар садри маҷлис нишаста буд. Яке аз хабарнигорони «Пайк» дар сар рӯмол вориди толор мешавад. Ин шахси воломақом аз минбар даҳону бинниашро каҷҷу килеб карда, то охири маҷлис ба ин духтар ишора мекард, ки рӯмолро аз сараш гирад. Тамоми толор ба ҳайрат афтод, ки ба ин шахс чӣ шудааст. Саҳар дида будам, ки гӯшҳои ин духтарак дард мекарду маҳз онҳоро бо рӯмол маҳкам карда буд, ки шамол нахӯранд. Ҳатто агар рӯмол ҳам медошт, чаро бояд намояндагони ҳукумат бо рӯмол, ки рукни либоси миллӣ аст муборизаи беамон баранд?

Билохира ин шахси воломақом хеле ошуфта аз минбар фаромада духтарро аз гиребонаш гирифта хост тика-тика кунад, аммо чашмаш ба пойҳои духтар афтид, ки поҷома надораду либосҳои аврупоӣ дорад. Бо ҳамин ҳам ором нагирифта, чанг ба рӯмол зад, аммо духтарак ба ӯ посухи муносиб дод. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин набуд, чунки духтарони «Пайк» худро муҳофизат карда метавонанд.

Дар ҳоле, ки ман ва боз садҳо нафари дигар дар сартосари ҷумҳурӣ бо чашми сар дидаанд, ки ашхоси ҷонибдорони салафия дар қиёфаи салафӣ (риши бемӯйлаби бетартиб, пойҳои парешон дар намоз ва дастони рӯи сина дар қиём)  бо кадом роҳе дар як шаб бою бодавлат шуда, мағозаҳои хеле боҳашамат сохта онҳоро бо молҳои Дубай пур карданд, ҳама об ба даҳон гирифта нишастаанд. Ҳатто кормандони милиса ва ҳукуматро дидаам, ки ба онҳо эҳтироми хосса доранд. Яъне ба онҳо ва ақидаи ботили онҳо эҳтиром қоиланд. Балки муборизаи беамон бо рукнҳои исломи асосӣ бурда истодаанд. Ин тоифаи салафии бою бодавлатро ба ҳоли худ гузошта мубориза бо олимони суннатии ислом мебаранд. Гумон доранд сиёсати Пешвои миллат чунин аст ва худи Пешво ислому мусалмононро чашми дидан надорад. Тӯдаю гумроҳу бадхоҳ ҳамвора ҷор мезананд, ки дар Тоҷикистон мубориза алайҳи ислом пурзур гаштааст. Ба Худо қасам, ман бо хешовандони наздики Пешвои миллат борҳо сари як дастархон нишастаам. Боре надидаам, ки касе аз онҳо муқобили ислом ё мусалмонон сухани зиште гуфта бошанд. Балки бо «Рабби анзално мунзалан…» гирди дастархон нишастаанду бо ояте аз китоби Худо аз ҷой бархостаанд. Ҳама мусалмонанду аҳли тақво ва уммати паёмбари Худову пайрави мазҳаби имоми Аъзам. Балки ҳама мисли ҳар як мусалмони боақлу заковат душмани терроризманду хурофот. Дар баробари ин аз технологияи пешрафта сӯҳбат мекунанду суханони пучу бемаънӣ намегӯянд. Ин маънии онро дорад, ки Пешвои миллат ҳам чунин рафтор дорад ва ҳар касе, ки ӯро ба бединӣ гунаҳкор меҳисобад худ беимон асту тӯҳматчӣ!

Ба андешаи мо маҳз ҳамин аст сиёсати Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Чунин сиёсат аст, ки сулҳу салоҳро дар кишвар пойдор нигаҳ медорад, ҳам мусалмонон осуда ибодат мекунанд.

Аҷали терроризм муллоҳои босаводанд

Ҳама ҷор мезанем, ки бо ифротгароиву экстремизму терроризм мубориза мебарем. Ҷаласаҳо барпо карда суханҳои обшустаро, ки ҳар рӯз ҳазор бор тавассути телевизионҳо ва радиоҳо садо додаанд ба гӯши сомеин бори дигар расонда, ҷаласаро пӯшида эълон дошта, рисолаташонро иҷрошуда ҳисобида,  ончунон осуда мешаванд, ки гӯё Раққа ё Мавсилро забт карда гирифта бошанд. Бехабар аз он, ки тавассути чунин ҷаласот ҳатто як нафар аз мазаррати экстремизм огоҳ намешавад. Як ҷавон аз роҳи бад намегардад. Беҳтар аст, ки дар чунин ҷаласот муллоҳои босавод ва бонуфузро даъват кунем, то аз рӯи ояту ҳадис терроризму экстремизмро маҳкум созем. Ҳафтавори «Пайк» ду соли пеш дар бинои Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб чунин як ҷаласаи хеле муфид барпо карда буд. Дар ин ҷаласа дар баробари муллоҳои хеле мӯътабаре, ки ҳар кадом ҳазорҳо мухлису мурид доранд, намояндагони ҳукумати шаҳр бо шумули раиси шаҳр, сардорони ШВКД-ҳо, сарварони кумитаи Амният ва дигар ашхоси расмӣ даъват шуда буданд. Махсус ашхосеро ба ҳайси тамошобин даъват карда будем, ки афкори ғаши экстремистӣ доштанд. Ҳам донишҷӯён ҳузур доштанд. Дар баробари ҷавонони замонавӣ толор пур аз салафӣ ва шахсони калаванда буду узви ҳизби наҳзати ислом. Бовар кун, хонанда, баъди баромади Ҳоҷӣ Мирзо, Мулло Муҳаммадулло, Мулло Ҳайдар, раиси шаҳр, сардори Амнияти миллӣ ва нишон додани наворҳои зидди терроризм фикри даҳҳо нафар дигар шуд. Рӯзи дигар се нафар ҷавононе, ки ба қавле, ҳама атрибутикаи салафиро доштанду мо дарк мекардем, ки ҷонибдори террористонанд ба редаксия омада иброз доштанд, ки мо ба гуфтаҳои ҳоҷӣ Мирзо ва сардори кумитаи Амнияти миллӣ розӣ шудем. То ин дам фикрамон дигар буд, акнун дигар шуд.

Акси садои ин ҳамоиш то ба гӯши террористони Сурия расид, ки аз онҷо ҳам  Ҳоҷӣ Мирзоро таҳдид карданд, ҳам ҳафтавори «Пайк»-ро. Хоини миллат Гулмурод Ҳалимов тавассути навори интернетӣ таҳдид ба сармуҳаррири ҳафтавор карда иброз дошт, ки чаро чунин ҳамоиш ташкил кардед.

Бо вуҷуди он, ки ҳам ин тарафу ҳам он тараф муфид будани ин ҳамоишро дарк ва дарҷ карданд, мутаассифона дигар касе аз мо хоҳиш накард, ки бори дигар чунин ҳамоиши муфид ташкил кунем. Ҳол он, ки ҳама хароҷоти ин ҳамоиш бар дӯши худи редаксияи ҳафтавори «Пайк» буд. Ҳадафи мо худнамоӣ набуд, балки ҳадаф муборизаи воқеӣ бо ифротгароӣ буду аз роҳи бад баргардонидани мардуми гумроҳ ва пойдории сулҳу салоҳ дар кишвар.

Ба андешаи мо маҳз ҳамин тавр бояд бо ифротгароӣ мубориза бурд, на бо суханони пучу бемаънӣ. Олимони ҳақиқии динро бояд алайҳи аъмоли номатлуб шуронид. Худи дини Ислом дастгоҳи муқтадири идеологӣ аст, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба дасти экстремистон супурд. Ҳол он, ки онро метавон ба осонӣ ба дасти худ гирифт ва тавассути он бо ҳама гуна аъмоли номатлуб муборизаи оқилона бурд. Бовар кунед чунин мубориза беҳтар аз бомбборон кардани Сурия ва Ироқ аст. Маҳз ислом метавонад ба ҷаҳониён бифаҳмонад, ки ҳама гуна хунрезӣ барои мусалмон бегона аст ба ҷуз ҳимояи марзу буми худ. Террористон маҳз ҳамин идеологияи муқтадирро истифода бурда дар байни як сол, беш аз 50 шаҳри ободи Сурия ва Ироқро ишғол карда гирифтанд, вагарна ба он тӯдаи авбош кӣ бовар мекарду бо онҳо мепайваст? Ҳамин идеология буд, ки мо мусалмонон онро ба ихтиёри террористон додему онҳо тавассути идеологияи ислом Шарқи Наздикро ба хок яксон карданд. Дар ин «ҷиҳод» 300 000 мусалмон ҳалоку 6 миллион гуреза шуд. Ҳамин басанда нест, ки ин идеологияро имрӯз худи мо мусалмонон соҳибӣ кунем ва собит созем, ки он тоифа ҳатто мусалмон нест, чӣ расад ба ҷиҳоду муқаддасоти дигари ислом.

Аҳмади Иброҳим

Комментарии  

 
#1 Абдуллох 19.02.2017 13:20
Умедворем ин амали динситезию укуматситез як муддати куто буда, оянда хукумат динро ва муллохо хукуматро дуст хоханд дошт. Мо мунтазири хамун холатем, ки мулло барои кишвараш чон дихаду хукумат баро динаш чунин
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru