Пайк

ХАБАРҲО

ҲОҶӢ МИРЗО: БА ҚАБРИСТОН РАФТАНИ ЗАНҲОРО КАСЕ МАНЪ НАКАРДААСТ


Дар арафаи иди саиди Қурбон шоҳиди сӯҳбати хеле пурҳасрат ва ғамноки як зан шудам. Ин зан рӯ ба писараш оварда мегуфт: «Бачам, пагоҳ рӯзи ид маро бо мошинат ба қабристон бар. Дар рӯбарӯйи гӯри додарат манъ кун, то дар ҳаққаш дуо кунаму дилам каме таскин ёбад. Як сол шуд, ки бе ӯ дар ин дунё хун мехурам. Дини ислом бошад ба ман иҷозат намедиҳад, ки руирост рафта дар сари гӯраш дуо кунам.»

Инро гуфта зан бо ҳасрат об аз дидагонаш фурӯ рехт. Дилам сухту ба ӯ гуфтам, ки апа, касе шуморо барои рафтан ба қабристон манъ накардааст, метавонед бемалол рафта дуо кунед.

Чун чашм ба сӯям афканд ба хубӣ дарк кардам, ки ба гуфтаҳои мани ба қавли ӯ даҳрӣ, сахт шубҳа кард. Ин зан ягона шахсе набуд, ки чунин ҳасрат мекард. Балки тули умр басо дида будам, ки нафарони зиёде ба ин савол посух меҷустанд, ки барои чӣ рафтани зан ба қабристон манъ аст.

Дар ин миён, саволе маро ҳам азият медод, ки ба кӣ лозим аст занҳоро аз ҳамин таскини дил, яъне ба сари гӯри пайвандон рафтану дуо кардан манъ кунад. Боз ҳам посух сӯйи хурофот кашиду бесаводӣ ва ҳарзагӯии баъзе аз муллоҳои чалласавод. Хуллас, ҳамаи он чизҳое, ки дур аз ҳақиқати исломанду боиси ифротгаро шудани мардум шудаанд. Ҳамон узви ДИИШ ҳам, ки зикраш дар ҳамин саҳифаи ҳафтавор рафтааст, язиддухтари поку бегуноҳро ба асорат гирифта ҳар гунае, ки хостааст истифода бурда, таҳқир карда, билохира мисли ғулом фурӯхтаву ҳаёташро сухтааст, побанди хурофот асту гумроҳ. Бо ин ҳама, баъзе аз мусалмони мо, ки ҳамин гуна тарбияи хурофотӣ гирифтаанд, боз бо чунин нохалафон пайваста якҷо шуда, алайҳи олами мутамаддин ва худи мусалмонон мубориза мебаранд.

Хулласи калом, хеле дилам ба он зани баччамурда сухт, ки аз дасти хурофот наметавонад ба сари гӯри писараки нокомаш равад. Медонам, ҳар қадар, ки банда амри ба маъруф накунам мардум ба ман бовар намекунанд, чунки ман мулло нестам. Чун ба ман бовар намекард, ҳамин саволро, ки оё ба занҳо иҷозат ҳаст, ки ба қабристон ба сари гӯри пайвандонашон рафта, дуо карда биёянд? Ба маъруфтарин чеҳраи рӯҳонии ҷумҳурӣ ба Ҳоҷӣ Мирзо додам. Посухи домуллои шинохта ва маҳбуби мардум Ҳоҷӣ Мирзоро пешкаши хонанда мегардонем, то бошад, ки баъзеҳо ба ин домуллои маъруфу маҳбуби ҷумҳурӣ бовар карда аз қайди дастикам як хурофот раҳо ёбанд. Инак посухи Ҳоҷӣ Мирзо:

«Дар асл рафтани занҳо ба сари манзил бо ҳадис ё оят манъ нашудааст. Замони дар қайди ҳаёт будани паёмбар алайҳиссалом занҳо иҷозат доштанд ба масҷид бираванд ва бо мардон якҷо намоз гузоранд. Сипас хушбӯӣ карда, ҳаракоти ҷалбкунанда анҷом доданд. Бинобар ҳамин дар аҳди хилофати халифаи дуюм ба масҷид рафтани занҳо мамнӯъ эълон шуд. Ҳазрат гуфт аз ба масҷид омаданатон наомаданатон беҳтар аст. Ба ҳамин монанд, занҳое, ки ба сари манзил рафтанд, баъзе амалҳоеро анҷом доданд, ки хоси занон асту аз хурофоту ширкиёт орӣ нест. Худро болои қабр афканда фиғон мебардоранд, рӯю мӯй мекананд ё аз ҳамон мурда чизе ба монанди бахт, фарзанд, фулузот талаб мекунанд. Бо ҳамин сабаб баъзе аз муҷтаҳидони мутааххир, рафтани занҳоро ба қабристон манъ карданд. Ва аммо чор мазҳаб дар ислом рафтани занҳоро ба қабристон манъ накардааст, бираванд гуноҳ намегиранд. Паёмбар ҳатто ба сари қабр рафтани мардумро савоб ҳисоб мекард. Паёмбар худ ба сари қабри пайвандон рафта дуо мекард: «Ассалому алайкум ё аҳлал диёри минал муъминина вал муслимин ва инна иншоалло бикум лоҳиқун, асъалуллоҳу лано лакумул офия.» Ба гуфти Паёмбар (а) муҳим аст дар ҳаққи қабристон дуо кардану ибрат гирифтан, ки оқибат роҳи ҳама ба инҷост. Чун оқибати инсон марг аст, бояд барои ба анҷом расонидани амалҳои хайру савоб шитоб кунад. Агар нияти занҳо низ ҳамин гуфтаи паёмбар бошад, рафтанашон ба қабристон амали хайр аст. Ҳатто дар «Саҳеҳи Муслим» омадааст, ки Расули Худо ба модарамон ҳазрати Биби Оиша амр кард, ки ба Ҷаннатулбақия (қабристони асҳоб) бирав ва дар ҳаққи азизони мо дуои хайр кун.»

Дар ҳақиқат, аз диди мо ҳам рафтани чӣ зан ва чӣ мард ба қабристон орӣ аз тарбия нест. Қабристон ҳушдор медиҳад, ки инсон дар дунё абадӣ нест. Имрӯз, ки дар қайди ҳаётӣ дар сар ҳазорон нақша дорӣ, хӯрок мехурӣ, ба меҳмонӣ меравӣ, таҳсил мекунӣ ва дигар амалҳоро анҷом медиҳӣ. Фардо, ки малакулмавт ҷонатро ситонид, манзилат ҳамон диёри хомӯшон мешавад ва дигар бароят касе ва чизе лозим нест, ҷуз ҳамон амалҳои хайру савобат. Мутаассифона имрӯз нафароне ҳастанд, ки умри кӯтоҳи худро ба корҳои беҳуда сарф мекунанд. Нашъаманд мешаванд, дуздӣ мекунанд, одам мекушанд. Аммо ҳамаи ин зуд мегузарад ва вақти ҷавоби ҳамаи инро гуфтан фаро мерасад, чуноне, ки аз дигар атрофиёни аз ҷаҳон гузашта аллакай фаро расидааст. Чун ба як инсоне бигӯӣ, ки ҳамагӣ як шаб дар қабристон биистад розӣ намешавад, вале чун умр ба поён расид қабристон манзили доимияш мешавад. Як ба атроф назар афканед, чӣ қадар мардумони неку бад буданд, имрӯз ҳамааш зери хок рафтаанд. Навбати ҳар кадоми мо ҳам фаро мерасад, бинобар ҳамин, бояд дар зиндагӣ коре кард, ки баъди маргат пайвандонат аз кирдори ту дар назди мардум сархаму шарманда нашаванд. Чуноне, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Зиндаю ҷовид монд, ҳарки накуном зист,

Қ-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Ё ҳамин хоҷаи бузургвор дар ҷойи дигар мегӯяд:

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,

Дар синаҳои мардуми ориф нишони мо.

Биёед ҳар кадом дар арафаи ин иди айём андеша кунем, ки дар зиндагӣ мо чӣ кори хайреро анҷом додаем, ки атро фиён баъди маргамон аз мо ба некӣ ёд кунанд. Агар ба ҷуз бадӣ чизе ба гӯшаи хаёламон намеояд, пас вой бар ҳоли мо, ки умрро ба беҳуда гузаронидаем.

Ҳоло, ки иди саиди Қурбон аст, хуш бояд буд ва ҳар як нафасро ғанимат бояд шумурд, чун чанголи аҷал рӯйи ҳар кадоми мо фурсат меҷӯяд.

Молик

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru