Пайк

ХАБАРҲО

Иди Рамазон муборак!

Иди Рамазон ба ҳар мусулмон табрик!

Рушандилиҳову хатми Қуръон табрик! Идгардаки тифлакону дарҳои кушод,

Хурсандии сабзи Тоҷикистон табрик!

Ҳамватанони азизу маҳбуб!

Дар ин рӯзи фархунда аз даргоҳи Худованди мутаъол бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ , беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу намуда, дар фаъолияти пурсамаратон баҳри пешрафти  соҳаҳои хоҷагии халќи мамлакатамон ва ба  мамлакатамон дастовардҳои бузургро таманно дорам. Орзумандам, ки ин Иди Саиди Фитр ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, фатҳу нусрат ва бахту саодатро арзонӣ намояд.

Худо он миллатеро ёр бодо,

Ки ҳифзи дину оин кор бодо.

Бо таманнои амалишавии ин нияту орзўҳои нек як бори дигар ҳамаи Шумо ва кулли мусалмонони мамлакатамонро ба муносибати Иди Саиди Фитр самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон хушҳолии рӯзгор, дастурхони пурнозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат  ва файзу баракатро таманно менамоям.

Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад,

Сад Шукр,ки имтиҳон ба поён омад.

Аз лутфи Худованди Халил Арраҳмон,

Як иди бузург бо номи Рамазон омад.

Саломату сарбаланд бошед!

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru