Пайк

ХАБАРҲО

Ғоратбизнеси мусалмонон дар Рамазон

Моҳи гуноҳсӯз,моҳи баста шудани шайтонҳои ҷиннӣ фаро расид, балки ба охир расид, ки таи сӣ рӯз моро боз бар арсаи мубориза бар нафс во гузошт,моҳи мубораке,ки «агар мусалмон бузургии онро медонист,ҳатман орзу мекард, ки дувоздаҳ моҳи  сол, балки тамоми умр Рамазон бошад», аз касрати баъзе соҳибкорони беинсоф моҳи зиёд кардани гуноҳҳо ва имонсӯзӣ шудааст.

Рамазон моҳи нуҳум дар гоҳшумории қамарист ва теъдоди рӯзҳояш 30-то буда, дар луғат ба маънои шиддати гармо ва тобиши офтоб ба регистон меояд. Рамазон мисли дигар моҳҳои қамарӣ ҳамеша дар чархиш аст. Аз ин рӯ, гоҳе Рамазонро дар сардии зимистон ва гоҳе дар гармои тобистон ва гоҳе дар фасли хазонрезу гоҳи дигар дар рӯзҳои фараҳбахши баҳорон пешвоз мегирем.

Чун рӯзҳои қамарӣ нисбат ба рӯзҳои соли шамсӣ камтар аст, аз ин рӯ ҳамасола моҳҳои шамсӣ даҳ рӯз пештар фаро мерасад.Чархиши давраии Рамазон (яъне, рамазоне,ки имсол дар 17 май омад) метавонад баъд аз 36 соли дигар мувофиқ ба ҳамин рӯз ояд. Ба ин хотир ба боварӣ метавон гуфт инсоне, ки беш аз 80 сол умр бинаду ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ба рӯзагирӣ одат намояд, ҳамагӣ ду чархиши Рамазонро шоҳид мешаваду бас….

Худ гуноҳ мекунему шайтонро гунаҳкор меҳисобем

Вақте гуноҳ мекунем одат кардаем, ки онро ба гардани шайтони рондашуда вогузорему аз худ як шахсияти поку беолоиш тарошем, ба гунае, ки гуё аз мо гуноҳе сар назадаву аслан сар намезанад. Масъулияти гуноҳҳоро ба шайтон вогузор мекунем. Аммо моҳи Рамазон ин ҳама «поктарошиҳо»-и моро маҳв месозаду чеҳраи ҳақиқии моро ба мову атрофиён нишон медиҳад. Дар моҳи шарифи Рамазон,ки тибқи ривояту сарчашмаҳо «шайтонҳо ба занҷир кашидаву баста мешаванд» дигар наметавон гуноҳи кардаро ба гардани шайтон гузошту аз худ «мусичаи  бегуноҳ» тарошид.Оё мо дар мактаби рамазонӣ забонро ба ростгӯӣ ва ҳақиқат одат мекунонем ва ё ҳанӯз дурӯғ «тоҷи суханҳо»-тро ташкил медиҳаду ғайбат «зару  зевар»-и маҳфили мост? Чаро дар бораи шайтон ҳарф задем? Инак, мутоила кун хонанда шайтон гунаҳкор аст ё инсон.

Нархи гарон дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»

Ҷои таассуф аст ,ки савдогарони мо дар моҳи шарифи Рамазонро на ҳамчун моҳи хайру саховат ва ибодату накӯкорӣ, балки ҳамчун моҳи «даромад» ва «бо  қимамати болову бемисл фурӯхтани молҳо»-и худ мешиносанд.

Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар 2 бозори калонтарин мавуҷуд аст,  аммо нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон гаронанд. Омадем ба бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ,ки яке аз бузургтарин бозор дар кишвар аст гӯем ҳам хато намекунем. Дар ин бозор, деҳқонони минтақаи Бохтар маҳсулоти бо арақи ҷабин рӯёндаи худро аз соати 11 шаб то сӯбҳ оварда ба бозор ворид мекунанд ,лекин ҳамаи маҳсултро соҳибкорону тоҷирон шабона бо мошинҳои гаронвазн харидорӣ карда ба дигар вилоятҳои кишвар ва берун аз кишвари азиз содирот мекунанд. Ва суол мекунед,ки чаро дар фасли гармо , ки бояд ҳамаи маҳсулот разон шавад? Алббата намешавад! Чунки маҳсулоти ниёзи аввалияро берун аз кишвар содирот мекунанд!

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз фаро расидани моҳи шарифи  Рамазон ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотиррасон намуд, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Ва дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд

Билохира ,нарху наво дар моҳи шарифи Рамазон,ки рӯзадорон  ба маҳсулоти аввалия ниёз доранд бамароти боло меравад. Дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф» , ки яке аз бозорҳои яклӯхт ба ҳисоб меравад, нархи помидор 8-12 сомнӣ барои як килограмм аст,  бодиринг 3-4 сомонӣ, сабзӣ 1,50-2 сомонӣ,  картошка 2-2,50 сомонӣ, шакар 6,50 сомонӣ, себ 18-20 сомонӣ, нок 19-25 сомонӣ ,гӯшти гов 36-40 сомонӣ , 1 кг гӯшти гӯсфанд 42-45 сомонӣ, 1 халта орд 143-145 сомонӣ, қулфинай (клубник) 8-12 сомонӣ, тут 5 сомонӣ, 1 бандча кабудӣ (гашничу укроп) 1 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар сӯҳбат масъулону нозирони бозорҳо иброз намуданд, ки сабаби болоравии нархҳои бозор гуногунанд. Як сабабаш афзудани содироти маҳсулоти кишварзӣ ба хориҷи кишвар мебошад. Баъд, худи деҳқонон низ маҳсулоташонро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиматтар мефурӯшанд. Деҳқонони асил баланд шудани нархи сабзавотро дар гарон шудани сӯзшивории дизелӣ ё солярка мебинанд, ки дар ҳамин мавсим сӯзишворӣ гарон мешавад.Ин дар ҳолест, ки чаро Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон боло шудани сӯзишвориро назорат ва ба танзим намедароранд

Аксарияти нархҳо дар 2 бозори маркази вилояти Хатлон «Фаровон»-у «Ҳоҷӣ Шариф» як хеланд. Аммо дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Кушониён боз ҳам баландтар ба назар мерасад. Дар шоҳроҳи Бохтар -Душанбе низ деҳқонони варзида ба фурӯши помидор машғуланд ва нисбати бозорҳои шаҳри Бохтар арзон мефурӯшанд.

Чаро  назорати  зидиинҳисори (антимонополия) нест!

Ҳафтаи 3-юми моҳи мубораки Рамазон ба охир мерасад ва арафаи ид наздик аст. Маълум аст,ки дар арафаи иди мубораки Рамазон тамоми кишварҳои Аврупо ва  Ғарб даст ба хайру саховату арзонии маҳсулот мекунанд, аммо 99 фисади Тоҷикистон мусалмон аст, ҳатман дар ин моҳи бузуруг бештар аз дигар моҳхо манфиат меҷӯянд? Саволест пеш аз ҳама матраҳ ба раёсати «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ ва муассисоти зиддахли дигар.

Баҳодур Абдусалом, махсус барои Пайк

 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru