Пайк

ХАБАРҲО

Ташхиси минтақаҳои "ифротихез"-и Тоҷикистон

Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, як ниҳоди пажӯҳишии давлатӣ минтақаҳои осебпазир ва эмини кишвар аз нигоҳи гароиши сокинонаш ба гурӯҳҳои тундравро муайян кардааст.

Масъулони ин ниҳод менависанд, минтақаҳое ҳамчун маконҳои осебпазир шинохта шудаанд, ки аз онҷо сокинонаш аз ҳама зиёд ба ҷангҳои Сурия рафтаанд. Ин аз камтарин ҳолатҳое мебошад, ки ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон маконҳои осебпазир аз ифротгариро мушаххасан зикр мекунанд.

Мулломухтор Муллоев, як масъули Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази таҳқиқоти стратегӣ бо нашри матлабе дар ин бора навиштааст, ба минтақаҳои осебпазир маконҳое шомил мегарданд, ки нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ теъдоди зиёде аз сокинонашон дар Сурия будаанд ва дар он ҷойҳо ифротгароии динӣ (пайвастан ба ҳаракатҳои «Салафия» ва «Ҳизби таҳрир») авҷ гирифтааст.

Ин масъули Маркази таҳқиқоти стратегӣ минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон аз ифротгариро ба ин тартиб зикр кардааст:

  • Ноҳияҳои тобеи марказ – шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Нуробод.
  • Вилояти Суғд – шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ.
  • Вилояти Хатлон – шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Восеъ.
  • Вилояти Бадахшон – ноҳияи Ванҷ (бахусус, минтақаи Язгулом).

Мулломухтор Муллоев дар матлабаш, маркази таҳқиқоти стротегӣ ҳамин ҳафта нашр кард, навиштааст, вобаста ба зиёд гардидани сафи ифротгароён ба таври амиқ минтақаҳои боқимондаи кишварро маҳалҳои ба таври мутлақ эмин номидан ғайриимкон аст. Зеро ба гуфтаи ин нафар, баъд аз пайдо гардидани раванди муҳоҷират миёни аксари ҷавонони муҳоҷир ақидаҳои ифротӣ, аз ҷумла ифротии динӣ пайдо гардидааст.

Аз ҷумла ба гуфтаи ин масъули МТС, ноҳияи Айнии вилояти Суғд қабл аз маъмул гардидани раванди муҳоҷират ноҳияи аз лиҳози амниятӣ эмин аз ифротгароӣ ба ҳисоб мерафт, вале ҳоло дар ин ноҳия низ ҳолатҳои зиёди пайвастани ҷавонон ба сафи созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” ва ҳаракати “Салафия” ба қайд гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru