Пайк

ХАБАРҲО

Боздошти капитани артиши Русия дар Тоҷикистон

Афсари собиқи артиши Русия капитан Денис Хисамов, ки бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон ба Сурия рафта, дар сафи ДОИШ ҷангида буд, дар Душанбе дар боздошт қарор дорад. Хисамовро дар роҳи бозгашт аз Сурия мақомоти Туркия дастгир карда, ба Тоҷикистон супурдаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23 октябр хабар дод, ки мақомоти Туркия як афсари собиқи артиши Русияро ба Душанбе истирдод кардаанд ва ӯ ҳоло дар Тоҷикистон дар боздошт қарор дорад.

Далели аз Туркия на ба Русия, балки ба Тоҷикистон истирдод шудани Хисамов Денис Франгизович, санаи таваллудаш 18 декабри соли 1983, ин будааст, ки ӯ ҳангоми боздошташ дар Туркия бо худ шиносномаи қалбакии Тоҷикистонро доштааст.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни санҷиш маълум шуд, ки ин нафари аз Туркия ба Душанбе истирдодшуда дар асл на шаҳрванди Тоҷикистон, балки шаҳрванди Русия буда, соли 1982 дар шаҳри Краснодари Русия таваллуд шудааст.

Денис Хисамов маълумоти олӣ ва ҳатто унвони илмии номзади илмҳои техникиро дошт ва қаблан дар вазорати мудофиаи Русия кор мекард. Рутбаи ӯ дар артиш капитан будааст.

Аммо Денис Хисамов сипас ба ақидаҳои ифротии мазҳабӣ майл пайдо карда, моҳи майи соли 2015 барои худ "бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори Давлати исломии Ироқу Шом (ДОИШ) пайвастааст.

Бар асоси гузориши маркази матбуоти вазорати дохилаи Тоҷикистон, "Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Ҷумҳурии Туркия дастгир гардида, барои шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанаш, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Вазорати дохила меафзояд, "Хисамов Денис қасди баргаштан ба Федератсияи Россия барои содир намудани ҷиноятро доштааст.

Қаблан дар бораи истифодаи ҷангиёни ДОИШ аз шиносномаҳои қалбакии Тоҷикистон барои расондани худ ба Сурияву Ироқ ваё ҳангоми тарки он ду кишвари ҷангзада гузоришҳои зиёде нашр шуда буд.

Аммо ин барои аввалин бор аст, ки як шаҳрванди Русия ва он ҳам афсари собиқи артиш бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ дар Тоҷикистон боздошт мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки чаро Хисамов дурнамои дурахшонаш дар арсаи илм ва хидмат дар артиши Русияро канор гузошта, ба ДОИШ пайвастааст.

Зимнан, исми Денис Хисамов ва корномаи илмии вай дар сомонаи "Известные ученые” ҳамчун як олими ҷавону умедбахш зикр шудааст:

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru