Пайк

ХАБАРҲО

Ҳукми зиндони 9 сокини вилояти Хатлон барои таблиғи ДИ

Додгоҳи вилояти Хатлон 9 сокини маҳаллиро барои тарғиби ғояҳои гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" аз 5 то 20 солӣ зиндонӣ кард. Темур Бойзода, муовини раиси Додгоҳи Хатлон 24 октябр гуфт, ҳангоми баррасӣ гуноҳи маҳкумшудаҳо исбот шуд.

Ба гуфтаи як манбаъ, раҳбари гуруҳ Файзиддин Шомардонов 20 сол, Саидмурод Баротов 18 сол, Абубакр Сатторов 15 сол, Аҳрорхӯҷа Ҷононов 12 сол, Ҷамолиддин Одинаев 12 сол, Аҳадҷон Шамсиддинов 10 сол, Қобилҷон Абдулвосил 6 сол, Шарипов Азамҷон 5 сол ва Наврӯз Баротов шашуним моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Масъулони додгоҳ мегӯянд, ин 9 нафар ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ даст зада, ҷавонони дигарро низ ба сафи ДИ даъват мекарданд. "Файзиддин Шомардонов шахсан бо аъзои ДИ дар Ироқу Сурия тамос доштааст", - афзуд манбаъ.

Танҳо наздикони яке аз маҳкумшудаҳо - Файзиддин Сатторов, падари Абубакр Сатторов, ки 15 сол равонаи зиндон шудааст, гуфт, аз қарори додгоҳ сахт норозист ва аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд.

"Ҳукмро рӯзи ҷумъа хондад. Хеле ҳолатам бад аст, писари маро бо туҳмат зиндонӣ карданд. Ӯ як тоҷир буд ва дар ширкати таъминкунандаи васоили гигиении кӯдакон "Royal Baby" дар маҳаллаи "Коминтерн"-и шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекард. Аз болои ин ҳукм шикоят мекунам. Ҳоло аз ин зиёд чизе гуфта наметавонам, чун хулосаи ҳукми додгоҳро дар даст надорам, аммо ба Маҷлиси Олӣ нома навиштаам", - гуфт Сатторов.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru