Пайк

ХАБАРҲО

Вазорати дифои Русия: Гулмурод Ҳалимов дар Дайр-уз-Зор кушта шуд

Вазорати дифои Русия аз кушта шудани 40 ҷангҷӯ ва фармондеҳи калидии гурӯҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон – дар минтақаи Дайр-уз-Зори Сурия хабар дод. Оҷонсии “Интерфакс” рӯзи 8-уми сентябр аз қавли мақомоти Вазорати дифои Русия гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов “аз захмҳои бардоштааш” ба ҳалокат расид.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, нирӯҳои Русия як ҷаласаи фармондеҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Дайр-уз-Зорро ҳадаф қарор доданд, ки дар онҷо “вазири ҷанг” Гулмурод Ҳалимов низ ҳузур дошт. “Муайян карда шуд, ки Ҳалимов аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҳалок шудааст”, - навишт “Интерфакс”.

Дар Вазорати дифои Русия гуфтаанд, онҳо рӯзи 5-уми сентябри имсол аз ҷаласаи фармондеҳони ДИИШ дар атрофи Дайр-уз-Зор хабардор шуда, баъд аз тасдиқи он тавассути ду ҳавопаймои Су-34 ва Су-35 ва бомбаҳои бетоншикан даст ба кор шуданд. Дар ин ҳамла, ба гуфтаи онҳо, Абу Муҳаммад Аш-Шимолӣ, масъули молӣ ва интиқоли ҷангҷӯёни нав ба пойгоҳи тамринотии ДИИШ низ кушта шуд.

Тасдиқи дурустии ин хабар аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст. Аз ин пеш, ҳадди ақалл ду дафъа хабари марги Ҳалимов аз манобеи мухталиф пахш шуд. Бори охир моҳи апрели имсол нашрияи “Таймс” бо такя ба манобеи амниятии Ироқ хабари марги Гулмурод Ҳалимовро нашр кард.

Аммо дар моҳи август ду ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ду паёми ҷудогонаи савтӣ иддао карданд, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик, зинда аст. Парвиз Саидраҳмонов, бо лақаби "Абу Довуд" ва Тоҷиддин Назаров, бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ", иддао карданд, ки хабари ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дурӯғ аст.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст. Як сол пас, моҳи феврали соли 2016 низ Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми ӯ аз Тоҷикистон фирор кард.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru