Пайк

ХАБАРҲО

Дар Восеъ ҷинҳо ба хонаи одамон санг мезананд? (Акс) ва (Видео)

Сокинони деҳаи Чорбоғи (собиқ Имом Алӣ) ҷамоати Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки як моҳ боз онҳо дар зери резиши санг аз ҳаво қарор доранд ва то кунун муайян накардаанд, ки ин санг ба болои хона ва сари онҳо аз куҷо меояд. Дар гирди забони бошандагони ин деҳот ҳар ақида вуҷуд дорад. Яке мегӯяд, ки ин кори ҷинҳо аст, аммо дигаре мегӯяд, ки дар ин кор касе даст дорад, аммо то кунун ба касе муяссар нашудааст, ки гиреҳи ин мушкилиро боз кунад.

Оҷарбӣ Ғаффорова, сокини деҳоти Ҷорбоғи ноҳияи Восеъ ба "Пайк" қисса кард, ки ҳамдеҳагонаш аз дасти боридани санг ба болои хонаҳо ва сарашон дар ҳолати шок мондаанд. Холаи Оҷарбӣ илова кард, ки ҳарчанд ба хонаи ӯ ҳадафи сангборон қарор нагирифт, аммо се чор хона болотар ин ҳолат мушоҳида мешуд ва шабҳо садои рехтани санг ба болои хонаи ҳамсояаш меомад. Хонум Ғаффорова гуфт, ки мақомот ва тамоми сокинон шабҳои дароз дар ин деҳот қарор доранд, аммо то ҳол касе барои ин кор дастгир ё муайян карда нашудааст, аммо сару садо ҳаст, ки гуё дар ин кор ҷинҳо даст доранд.

"Сокинони деҳа ҳамроҳи милисаҳо ҳамаро кофтанд, чизе наёфтанд. То ҳол касе нафаҳмидааст, ки ин санг аз куҷо меояд, аммо милисаҳо ҳаминқадар кофтанд касеро наёфтанд,дар посух гуфтанд, ки ин корро Худованд надонад касе нафаҳмид, ки дар ин кор дасти кист. Ҳар чанд, ки чанд нафарро гумонбар карда оварданд, аммо онҳо дар наздашон истодаасту, санг аз ҳаво рехта истодааст. То агаротҳо гаштанд, вале чизе пайдо карда натавонистанд. Вале аҷоиботии кор дар он аст, ки санг дар одам намезанаду дар шифри хонаву дару тиреза мерасад",--қисса кард Оҷарбӣ Ғаффорова.

Сокинони ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки ин ҳодиса бори аввал дар ҳудуди ноҳия  рӯх намедиҳад. Одамони калонсоли ноҳия мегӯянд, ки онҳо солҳои пеш низ шоҳиди чунин сангборон шудани як деҳоти дигари ин ноҳия шуда буданд.

Аммо Меҳроб, сокини дигарт Чорбоғ баръакси ҳама мегӯяд, ки санг ба рӯи ӯ афтида, ӯро ҳоло захмдор кардааст. Меҳроб ба "Пайк" қисса кард, ки дар рӯи кати ҳавлияшон хоб мерафт ва ду санг аз сӯи боғчаашон ба рӯй ва миёнаш задааст. Ӯ гуфт, ки аз дасти резиши санг на оинаи хона монду на шефри хуб, аммо то ҳол касе боздошт ё ошкор нашудааст. Ин ҷавон мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ бовар надорад, ки дар ин кор дасти ҷин бошад ва ӯ дар ин кор дасти одамро мебинад, вале вақте сангборон оғоз мешавад онҳо ба ҷои он мераванд аз онҷо касеро пайдо карда наметавонанд.

Меҳроб баръакси ҳама мегӯяд

"Ростї аз ҳамин чор тараф санг меояд, дар як макон мерезад. То ҳозир ҳиҷ кас нафаҳмид. Шабҳо дар болои кат хоб ҳастем аз сӯи ҳота санг омад ба рӯй ва ба пуштам расид, аммо овоза ҳаст, ки гӯё ҷин бошад, вале ман бовар надорам, ки ҷин чунин кор кунад ва аз чор тараф сангандозӣ кунад. Ростї шабҳо посбонем, аз кор гашта омада то саҳар посбонӣ мекунем",--гуфт Меҳроб.

Дар таърихи Тоҷикистон ин ҳодиса нодиртарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар баробари сокинони деҳаи Чорбоғ, чанде аз сокинони деҳаи Заркорон низ мегӯянд, ки чанд рӯз мешавад, ки ба хонаҳои онҳо низ резиши санг ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз дар соати муайян мушоҳида мешавад. Ҳарчанд мо соатҳо поидем, аммо ин ҳолатро мушоҳида накардем, вале баъди рафтани мо ин ҳолат дар чанд хонаи деҳаи Заркорон мушоҳида шудааст, ки ба мо сокинони ин деҳот тариқи телефон хабар доданд.

Шароф Назаров, раиси деҳаи Чорбоғ ба "Пайк" қисса кард, ки онҳо баъди шунидани ин ҳодиса ҳудуди 40 нафар, ки дар он намояндагони милиса низ буд, тамоми деҳа ва гирду атрофи хонаеро, ки резиши санг мушоҳида мешуд поидем, аммо касе дар он мушоҳида нашуд. Раиси деҳа илова кард, ки аз ҳар тараф 20 одам мегузоштанд, то дақиқ кунем, аммо дар 18 шаби поидан чизе ошкор нашудааст. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҳудуди се шаб мешавад, ки резиши санг ё сангпартої бас шудааст.

«Мо зиёда аз 40 нафар мардуми деҳа дар дастомон чароғ (фонорик) дар ҷои ҳодиса қарор доштем, ин одам нест, зеро агар одам мешуд наход мо тули 18 шаб як деҳа одам онро намедидем. Чун онҳо баъзан вақт аз шом ва баъзан вақт аз соати 11-и шаб «кор»-ро оғоз мекарданд. Мо дар чор тарафи деҳа 20 нафарӣ одам мондем. Милитсия даъват кардем, нафаҳмидем чӣ буд. Ман аз сангҳо чандинашро барчида ба милитсия бурдем. Он дар як вақт дар чандин хона мезад. Мо дар як хонаем дар назди мо мезанад, баъди каме ду се хона пас бо мезанад, боз дар назди мо мезанад. Худоро шукр, ки тули се рўз шуд бо хости Худо ором шудаем»,-- гуфт раиси деҳа.

Гадобӣ: дишаб ба хонаи ман сангпартоӣ шуда буд

Аммо Гадобӣ, сокини дигари деҳаи Чорбоғ мегӯяд, ки баъди чанд рӯзи истироҳат дар хонаи ӯ сангпартої  мушоҳида шуд ва дигар аз тарс ба берун баромада натавонист. Холаи Гадобӣ гуфт, ҳудуди чор рӯз резиши санг ё сангпартоӣ ист шуда буд, вале дишаб дубора ин ҳолат такрор ёфта ба болои хона ва оғилхонаи говҳояш санг партоб шуда буд.

"Дирӯз шаб дар болои айвонча намози Хуфтан хонда истода будам, ки як санг дар тори шифери хонам заду яке дигар дар тори оғилхонам, азбаски шаб буд як берун баромадам ва ҳамсоя низ дид ва сония нагузашта, ки ба шифри хонаи он санг зад, аз ин рӯ аз тарс дигар ба берун набаромадам. Ростї ин ҳодиса хела боз идома дорад ва дар тарафи хонаи мо набуд, аммо дишаб дар хонаи мо низ зад. Дигар касе нафаҳмид, ки ин худаш чигапу хабар ва кї даст дорад, одама аст, ё ягон махлуқи рӯи дунё аст, ҳеҷ кас нафаҳмид",--афзуд холаи Гадобӣ

Ҳоло мақомоти ноҳия баъди ин ҳодиса чанд санги онро барои ташхис ва муайян кардан, ки ин санг аз куҷо ва чигуна омадааст ҳамроҳӣ худ бурдаанд. Сокинон низ мегӯянд, ки онҳо умед доранд, ки баъди ташхис дақиқ мешавад, ки дар ин кор кӣ даст дорад. Мақомоти ноҳия низ мегӯяд, ки ҳоло дар ин маврид чизе гуфта наметавонанд, то баромадани хулосаи ташхиси сангҳои бо худ бурдаашон.

Чунин ҳолат дар Тоҷикистон камназир буда, дар ин ноҳия низ солҳои қабл низ рӯх дода будааст. Сокинони деҳаи Чорбоғи ҷамоати Худоёр Раҷабов низ гуфтанд, ки мисли ин ҳодиса солҳои 1986 рӯх дода буд ва баъди талошҳо дарк карда буданд, ки ин кори ҷинҳо буда, баъди чанде ин кор дигар такрор нашуд ва аз он сол то ҳол чунин ҳодиса дар Восеъ рӯх надода буд. Аммо сокинони ҳам Чорбоғ ва ҳам Заркорон мегӯянд, чизеро ҳангоми сангпартоӣ мушоҳида накардаанд. Ҳарчанд, ки шабҳои дароз сокинони ду деҳа барои муайян кардани ин ҳодиса посбон ташкил карда, аммо то ҳол муваффақ нашудаанд, ки дар ин кор кӣ даст дорад, ҷин ё одамизот.

Дар Восеъ ҷинҳо ба хонаи одамон санг мезананд?

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru