Пайк

ХАБАРҲО

ДИН

Вазорати дифои Русия: Гулмурод Ҳалимов дар Дайр-уз-Зор кушта шуд

Вазорати дифои Русия аз кушта шудани 40 ҷангҷӯ ва фармондеҳи калидии гурӯҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон – дар минтақаи Дайр-уз-Зори Сурия хабар дод. Оҷонсии “Интерфакс” рӯзи 8-уми сентябр аз қавли мақомоти Вазорати дифои Русия гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов “аз захмҳои бардоштааш” ба ҳалокат расид.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, нирӯҳои Русия як ҷаласаи фармондеҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Дайр-уз-Зорро ҳадаф қарор доданд, ки дар онҷо “вазири ҷанг” Гулмурод Ҳалимов низ ҳузур дошт. “Муайян карда шуд, ки Ҳалимов аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҳалок шудааст”, - навишт “Интерфакс”.

Дар Вазорати дифои Русия гуфтаанд, онҳо рӯзи 5-уми сентябри имсол аз ҷаласаи фармондеҳони ДИИШ дар атрофи Дайр-уз-Зор хабардор шуда, баъд аз тасдиқи он тавассути ду ҳавопаймои Су-34 ва Су-35 ва бомбаҳои бетоншикан даст ба кор шуданд. Дар ин ҳамла, ба гуфтаи онҳо, Абу Муҳаммад Аш-Шимолӣ, масъули молӣ ва интиқоли ҷангҷӯёни нав ба пойгоҳи тамринотии ДИИШ низ кушта шуд.

Тасдиқи дурустии ин хабар аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст. Аз ин пеш, ҳадди ақалл ду дафъа хабари марги Ҳалимов аз манобеи мухталиф пахш шуд. Бори охир моҳи апрели имсол нашрияи “Таймс” бо такя ба манобеи амниятии Ироқ хабари марги Гулмурод Ҳалимовро нашр кард.

Аммо дар моҳи август ду ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ду паёми ҷудогонаи савтӣ иддао карданд, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик, зинда аст. Парвиз Саидраҳмонов, бо лақаби "Абу Довуд" ва Тоҷиддин Назаров, бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ", иддао карданд, ки хабари ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дурӯғ аст.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст. Як сол пас, моҳи феврали соли 2016 низ Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми ӯ аз Тоҷикистон фирор кард.

Аз Сурия ё зиндон Шоҳмурод барои додараш дувумиро баргузид

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара Ботирхон Кавраковро дар асоси шикояти бародари калониаш Шоҳмурод Кавраков ба "зархаридӣ ва ташкили созмони террористӣ" айбдор эълом ва 12,5 сол зиндонӣ кард.

Кавракови хурдӣ гӯиё дар шаҳри Москва ба тарғиби ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" ва ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Ироқу Сурия машғул будааст.

Бародараш Шоҳмурод, ки ҳамроҳи ӯ дар Русия кор мекард, баъди бозгашт ба ватан дар ин бора ба раиси ҷамоат ва муфаттишони додситонии ноҳияи Данғара хабар додааст.

Дар натиҷа, Ботирхони 33-сола 14 январи соли равон, баъди ду рӯзи бозгашташ ба ватан дар асоси баёноти бародараш боздошт ва аз рӯи се банд (ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ), (хабар надодан дар бораи ҷиноят) ва (зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълом шудааст.

Мақомот мегӯянд, Ботирхон баъди боздошт эътироф кард, ки мехост, пеш аз сафар ба Сурия падару модарашро бубинад. Худи маҳкумшуда дар додгоҳ танҳо аз рӯи як модда -- “ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ” гуноҳро ба гардан гирифта, айбҳои дигарро рад намудааст.

Ба гуфтаи додраси парванда Ғиёсиддин Мирзода, Ботирхон Кавраков аз соли 2015 ба ин сӯ дар Москва ҳамроҳи ду ҳамватани худ, аз ҷумла як ҳамсинфаш бо даъвати муҳоҷирон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ машғул будааст.

Муҳтадии Қаротегинӣ: Мо аз ватанфурӯшҳо безор ҳастем (Видео)

Эшони Муҳтадии Қаротегинӣ, имом-хатиби масҷиди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар як сўҳбати видеоии дигар, ки ба дасти сомонаи "Пайк" расид мегӯяд, ки душманони миллату ватан имрӯз дар хориҷ кор карда, ватанро ба хоку хун кашида рафтанд, аммо дар интернет нисбати мо тўҳмату буҳтон заданд.

Вокуниши видеои Эшони Муҳтадии Қаротегинӣ, имом-хатиби масҷиди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳоле ба дасти сомонаи "Пайк" расид, ки рӯзи 22-август як навори видеоии Эшони Муҳтадии Қаротегинӣ ба интернет роҳ ёфта, дар он, ки аз минбари масҷид сухан мекард чунин гуфта мешуд: "Худовандо! Худат медонӣ, ки ин садои мо барои чист? Ғаму дарди мо барои кист? Риши моро тарошиданд, ҳиҷоби занамонро гирифтанд, масҷидамонро бастанд, мадрасаамонро бастанд, боз "Микрофони озод” ташкил кардаанд, ки қурбонӣ накунед. Вой бар ҳоли шумо барин мусалмон! Ин кадом ободист? Ин демократист. Ислом нагӯянд!”

Аммо дар видеои наваш, ки дар ихтиёри сомонаи "Пайк" гузошта шуд, чунин гуфтаҳои болоро инкор карда мегӯяд: "Ман имрӯз бо даъвати фарзандам ба Русия омадам, ки баъзе бародарҳо хурсандї доранд. Аз сардорҳои давлат ман иҷозат пурсида ба инҷо омадам. Лекин мутаассифона душманҳои миллат, ватан, ки имрӯз дар хориҷ кор мекунанду ватанро ба хоку хун кашиданду гурехта рафта фурӯхтаи мардуманд, дар интернет чизҳои туҳматеро болои мо, ки рӯзҳои ҷумъа баромад мекунем ва ҳатто ду моҳ се моҳ пеш дар Рамазон ихтилофот дохта буданд ва мехостанд давлату сардори давлата сиёҳ кунанд, дар ҳамон вақт мо гуфта будем, ки ин инсонҳо боз мехоҳанд фитна андозанд. Ҳамон нақшаҳоро гирифта, хатову суханҳои худашонро дар интернет ҷо карда, нисбати мо бисёр гапҳои носазо гуфтанд. Аз давлат хоҳиш мекунем, ки мо ҳамавақт тарафдори ватан, миллат ҳастем аъзои мусолеҳаи миллӣ будем. Инҳо касоне, ки бошанд аз мо ҳам нестанд. Мо тоифае ҳамстем, ки аз он тоифа то қиёмата безорем ва онҳоро қабул ҳам надорем. Аз давлат хоҳиш мекунам, ки суханҳои инҳоро бовар накунад. Соханҳое, ки мо мегӯем ҳар намози ҷумъа давлат онро назорат мекунад. Онҳо суханҳои чанд соларо гирифта, суханҳои худро омехта карда, бофтаву сохта мехоҳанд, ки Тоҷикистонро ноором кунанд. Сардори давлат танзим гуфтааст, танзими шариатам танзим аст, ки касе закот дорад, пулу мол дорад Қурбонӣ мекунад. Давлат низ ҳаминро гуфтааст, билкул манъи Қурбонӣ накардааст. Танзиме, ки барои дигарн корҳо кардааст, ҳамонро барои камбизоатон кардааст. Касе, ки надорад Худованд низ гуфтааст, ки ба чени нафсу тоқаташ кунад. Сардори давлатам ҳаминро ба назар гирифта гуфта, ки сокинонро зиндагиаш пеш равад. Мо ҳам ҳаминро гуфтанием, ки кормандони амният гуш андозед, ки ҳамон касоне фитна андохта буданд, ҳамон касон ҳастанд. Ина акнун баромад, ки чикасо будаанд. Мо ин инсонҳоро намешиносем ва бо мо робитаҳам надорад ва аз кирдори ватанфурӯшҳо, миллатфурӯшҳо безор ҳастем ва қабул надорем. Хоҳиш мекунам, аз амнияти давлат, ки содиқонаву холисона инҳоро ба назар гирифта, тафтиш кунанд."

Эшони Муҳтадии Қаротегинӣ: Мо аз кирдори ватанфурӯшҳо, миллатфурӯшҳо безор ҳастем

Рӯзи иди Қурбон муайян шуд.

Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди Қурбонро дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр таъин кард. Марказӣ исломӣ пас аз ҷаласаи 23-уми август чунин тасмим гирифтааст. Дар қарори Шӯрои уламо гуфта мешавад иди Қурбон рӯзи 1-уми сентябр таҷлил шуда намози ид соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар баргуззор мегардад. Маркази исломӣ санаи таҷлили иди Қурбонро мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян кардаанд.

Дар ин ҷаласа Шӯрои уламо ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дод, ки дар мавъизаҳояшон мардумро ба худдорӣ аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона даъват кунанд. Иди Қурбон дар баробари Иди Рамазон аз муҳимтарин ҷашнҳои динӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки рӯзи истироҳати расмӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар Восеъ ҷинҳо ба хонаи одамон санг мезананд? (Акс) ва (Видео)

Сокинони деҳаи Чорбоғи (собиқ Имом Алӣ) ҷамоати Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки як моҳ боз онҳо дар зери резиши санг аз ҳаво қарор доранд ва то кунун муайян накардаанд, ки ин санг ба болои хона ва сари онҳо аз куҷо меояд. Дар гирди забони бошандагони ин деҳот ҳар ақида вуҷуд дорад. Яке мегӯяд, ки ин кори ҷинҳо аст, аммо дигаре мегӯяд, ки дар ин кор касе даст дорад, аммо то кунун ба касе муяссар нашудааст, ки гиреҳи ин мушкилиро боз кунад.

Оҷарбӣ Ғаффорова, сокини деҳоти Ҷорбоғи ноҳияи Восеъ ба "Пайк" қисса кард, ки ҳамдеҳагонаш аз дасти боридани санг ба болои хонаҳо ва сарашон дар ҳолати шок мондаанд. Холаи Оҷарбӣ илова кард, ки ҳарчанд ба хонаи ӯ ҳадафи сангборон қарор нагирифт, аммо се чор хона болотар ин ҳолат мушоҳида мешуд ва шабҳо садои рехтани санг ба болои хонаи ҳамсояаш меомад. Хонум Ғаффорова гуфт, ки мақомот ва тамоми сокинон шабҳои дароз дар ин деҳот қарор доранд, аммо то ҳол касе барои ин кор дастгир ё муайян карда нашудааст, аммо сару садо ҳаст, ки гуё дар ин кор ҷинҳо даст доранд.

"Сокинони деҳа ҳамроҳи милисаҳо ҳамаро кофтанд, чизе наёфтанд. То ҳол касе нафаҳмидааст, ки ин санг аз куҷо меояд, аммо милисаҳо ҳаминқадар кофтанд касеро наёфтанд,дар посух гуфтанд, ки ин корро Худованд надонад касе нафаҳмид, ки дар ин кор дасти кист. Ҳар чанд, ки чанд нафарро гумонбар карда оварданд, аммо онҳо дар наздашон истодаасту, санг аз ҳаво рехта истодааст. То агаротҳо гаштанд, вале чизе пайдо карда натавонистанд. Вале аҷоиботии кор дар он аст, ки санг дар одам намезанаду дар шифри хонаву дару тиреза мерасад",--қисса кард Оҷарбӣ Ғаффорова.

Сокинони ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки ин ҳодиса бори аввал дар ҳудуди ноҳия  рӯх намедиҳад. Одамони калонсоли ноҳия мегӯянд, ки онҳо солҳои пеш низ шоҳиди чунин сангборон шудани як деҳоти дигари ин ноҳия шуда буданд.

Аммо Меҳроб, сокини дигарт Чорбоғ баръакси ҳама мегӯяд, ки санг ба рӯи ӯ афтида, ӯро ҳоло захмдор кардааст. Меҳроб ба "Пайк" қисса кард, ки дар рӯи кати ҳавлияшон хоб мерафт ва ду санг аз сӯи боғчаашон ба рӯй ва миёнаш задааст. Ӯ гуфт, ки аз дасти резиши санг на оинаи хона монду на шефри хуб, аммо то ҳол касе боздошт ё ошкор нашудааст. Ин ҷавон мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ бовар надорад, ки дар ин кор дасти ҷин бошад ва ӯ дар ин кор дасти одамро мебинад, вале вақте сангборон оғоз мешавад онҳо ба ҷои он мераванд аз онҷо касеро пайдо карда наметавонанд.

Меҳроб баръакси ҳама мегӯяд

"Ростї аз ҳамин чор тараф санг меояд, дар як макон мерезад. То ҳозир ҳиҷ кас нафаҳмид. Шабҳо дар болои кат хоб ҳастем аз сӯи ҳота санг омад ба рӯй ва ба пуштам расид, аммо овоза ҳаст, ки гӯё ҷин бошад, вале ман бовар надорам, ки ҷин чунин кор кунад ва аз чор тараф сангандозӣ кунад. Ростї шабҳо посбонем, аз кор гашта омада то саҳар посбонӣ мекунем",--гуфт Меҳроб.

Дар таърихи Тоҷикистон ин ҳодиса нодиртарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар баробари сокинони деҳаи Чорбоғ, чанде аз сокинони деҳаи Заркорон низ мегӯянд, ки чанд рӯз мешавад, ки ба хонаҳои онҳо низ резиши санг ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз дар соати муайян мушоҳида мешавад. Ҳарчанд мо соатҳо поидем, аммо ин ҳолатро мушоҳида накардем, вале баъди рафтани мо ин ҳолат дар чанд хонаи деҳаи Заркорон мушоҳида шудааст, ки ба мо сокинони ин деҳот тариқи телефон хабар доданд.

Шароф Назаров, раиси деҳаи Чорбоғ ба "Пайк" қисса кард, ки онҳо баъди шунидани ин ҳодиса ҳудуди 40 нафар, ки дар он намояндагони милиса низ буд, тамоми деҳа ва гирду атрофи хонаеро, ки резиши санг мушоҳида мешуд поидем, аммо касе дар он мушоҳида нашуд. Раиси деҳа илова кард, ки аз ҳар тараф 20 одам мегузоштанд, то дақиқ кунем, аммо дар 18 шаби поидан чизе ошкор нашудааст. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҳудуди се шаб мешавад, ки резиши санг ё сангпартої бас шудааст.

«Мо зиёда аз 40 нафар мардуми деҳа дар дастомон чароғ (фонорик) дар ҷои ҳодиса қарор доштем, ин одам нест, зеро агар одам мешуд наход мо тули 18 шаб як деҳа одам онро намедидем. Чун онҳо баъзан вақт аз шом ва баъзан вақт аз соати 11-и шаб «кор»-ро оғоз мекарданд. Мо дар чор тарафи деҳа 20 нафарӣ одам мондем. Милитсия даъват кардем, нафаҳмидем чӣ буд. Ман аз сангҳо чандинашро барчида ба милитсия бурдем. Он дар як вақт дар чандин хона мезад. Мо дар як хонаем дар назди мо мезанад, баъди каме ду се хона пас бо мезанад, боз дар назди мо мезанад. Худоро шукр, ки тули се рўз шуд бо хости Худо ором шудаем»,-- гуфт раиси деҳа.

Гадобӣ: дишаб ба хонаи ман сангпартоӣ шуда буд

Аммо Гадобӣ, сокини дигари деҳаи Чорбоғ мегӯяд, ки баъди чанд рӯзи истироҳат дар хонаи ӯ сангпартої  мушоҳида шуд ва дигар аз тарс ба берун баромада натавонист. Холаи Гадобӣ гуфт, ҳудуди чор рӯз резиши санг ё сангпартоӣ ист шуда буд, вале дишаб дубора ин ҳолат такрор ёфта ба болои хона ва оғилхонаи говҳояш санг партоб шуда буд.

"Дирӯз шаб дар болои айвонча намози Хуфтан хонда истода будам, ки як санг дар тори шифери хонам заду яке дигар дар тори оғилхонам, азбаски шаб буд як берун баромадам ва ҳамсоя низ дид ва сония нагузашта, ки ба шифри хонаи он санг зад, аз ин рӯ аз тарс дигар ба берун набаромадам. Ростї ин ҳодиса хела боз идома дорад ва дар тарафи хонаи мо набуд, аммо дишаб дар хонаи мо низ зад. Дигар касе нафаҳмид, ки ин худаш чигапу хабар ва кї даст дорад, одама аст, ё ягон махлуқи рӯи дунё аст, ҳеҷ кас нафаҳмид",--афзуд холаи Гадобӣ

Ҳоло мақомоти ноҳия баъди ин ҳодиса чанд санги онро барои ташхис ва муайян кардан, ки ин санг аз куҷо ва чигуна омадааст ҳамроҳӣ худ бурдаанд. Сокинон низ мегӯянд, ки онҳо умед доранд, ки баъди ташхис дақиқ мешавад, ки дар ин кор кӣ даст дорад. Мақомоти ноҳия низ мегӯяд, ки ҳоло дар ин маврид чизе гуфта наметавонанд, то баромадани хулосаи ташхиси сангҳои бо худ бурдаашон.

Чунин ҳолат дар Тоҷикистон камназир буда, дар ин ноҳия низ солҳои қабл низ рӯх дода будааст. Сокинони деҳаи Чорбоғи ҷамоати Худоёр Раҷабов низ гуфтанд, ки мисли ин ҳодиса солҳои 1986 рӯх дода буд ва баъди талошҳо дарк карда буданд, ки ин кори ҷинҳо буда, баъди чанде ин кор дигар такрор нашуд ва аз он сол то ҳол чунин ҳодиса дар Восеъ рӯх надода буд. Аммо сокинони ҳам Чорбоғ ва ҳам Заркорон мегӯянд, чизеро ҳангоми сангпартоӣ мушоҳида накардаанд. Ҳарчанд, ки шабҳои дароз сокинони ду деҳа барои муайян кардани ин ҳодиса посбон ташкил карда, аммо то ҳол муваффақ нашудаанд, ки дар ин кор кӣ даст дорад, ҷин ё одамизот.

Дар Восеъ ҷинҳо ба хонаи одамон санг мезананд?

Дар Восеъ ҷинҳо мардумро сангборон мекунанд

Хақиқат ё афсона

Мавҷудияти ҷин ҳақиқатест, ки бисёриҳо онро эътироф кардаанд. Худованд худ дар сураи «Зориёт» ояти 56 аз халқ кардани ҷинҳо хабар додааст,аммо дар бораи куҷо будану чигуна зистану оё дар Тоҷикистон буданашону дар Восеъ зуҳур карданашон огоҳие нест. Тули чанд ҳафтаи охир сару садоҳои зиёде дар бораи зуҳури ҷинҳо дар  н. Восеъ ба гўши мардум мерасид. Бархе инро дурўғ мешумориду бархеи дигар хурофот мегуфтанду дигарӣ тасдиқаш мекард. Чанде қабл якчанд нафар сокинони деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ ба «Пайк» муроҷиат карданд, ки тули чандин шаб аст ҷинҳо ба хонаҳои онҳо аз осмон санг мезананд. Ингуна овозаҳо чанд сол қабл дар ноҳияи Муъминобод, сипас дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ низ шуда буд. Билохира мо аз пайи ингуна овозаҳо нашудем. Аз байн 10 рўз гузашт, боз ҳамун шикоятҳо шуданд, ки ун сангҳо тули 10 рўз аст беист ба хонаҳои мо мерезанд. Банда ба ҷои ҳодиса рафтаму бо чандин хонадорҳо суҳбат намудам. Баъзе гуфтанд, ки «ун сангҳо фақат шабона ба болои хонаву ҳавливу дару тирезаҳои мо мезанаду бениҳоят гарм ҳастанд». Дигаре мегуфт, ки «сангҳо тамоман ба ягон одам зарар намедиҳад, аграчанде соатҳои 2-3-и шаб мардум дар берунанд дар торикиҳо давр мезананд, аммо дар ҳамун торикиҳо сангҳо ба ягон нафар намерасад,  танҳо ба ҳавлӣ, шифр ва дару тиреза мезанад.»

Билохира мо бо чандин нафар сўҳбат доштем, ки ҳамагӣ андешаҳои гуногун доштанд.Ягон нафар амали инсон будани онро тасдиқ накарданд, ҳамагӣ гуфтанд, ки ун ҷин аст, зеро гуфтанд таи 20 шаби охир анқариб тамоми мардуми деҳа, раиси маҳалла, нозири минтақа «учаскавой» ва намояндаҳои ҷамоат дар ҷои ҳодиса то саҳар росто истоданду ягон нафарро дастгир накарданд ва умуман, ягон инсонро пай набурданд.Мо баъди дубора мушоҳида намудани ун хонаҳо ба раиси маҳаллаи деҳаи Чорбоғ (собиқ Эмоми Алӣ) акаи Шароф сӯҳбати телефонӣ доштем, ки у низ ин ҳодисаро тасдиқ намуда, иброз намуд: «Мо зиёда аз 40 нафар мардуми деҳа дар дастомон чароғ (фонорик) дар ҷои ҳодиса қарор доштем, ин одам нест, зеро агар одам мешуд наход мо тули 18 шаб як деҳа одам онро намедидем. Чун онҳо баъзан вақт аз шом ва баъзан вақт аз соати 11-и шаб «кор»-ро оғоз мекарданд. Мо дар чор тарафи деҳа 20 нафарӣ одам мондем. Милитсия даъват кардем, нафаҳмидем чӣ буд.Ман аз сангҳо чандинашро барчида ба милитсия бурдем.Он дар як вақт дар чандин хона  мезад. Мо дар як хонаем дар назди мо мезанад, баъди каме ду се хона пас бо мезанад, боз дар назди мо мезанад. Худоро шукр, ки тули се рўз шуд бо хости Худо ором шидем» гуфт вакили деҳа акаи Шароф.

Дигар дар бораи хурофот ё афсона будани ин воқеа  хонандаи закии ҳафвори Пайк худ қазоват мекунад. Чун мо чизе дидему аз забони шоҳидон шунидем рўи сафҳа рехтем. На ҷин дидему на аз ҷин интервю гирифта тавонистем, то ба шумо ҳикоят кунем.

Муҳаммади Саидзод

Бозгашт аз ДИИШ. Фирори Алишер бо зану кӯдакаш аз Сурия

Қиссаи роҳи бозгашти дурудароз ва пурмашаққати ҷавони тоҷик ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаки ширхорааш аз Сурияву Ироқ ба Ватан. Алишери 25 сола ба ваъдаи дарёфти ҷои кору музди хуб дар Сурия бовар кард ва аз муҳоҷирати кории Русия ба Сурия рафт. Бо ҳамсар ва духтари ширхорааш. Сипас дар Мавсили Ироқ фармондеҳони гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" ба иштирок дар ҷанг дастураш доданд. Алишер рад кард, се бор ба зиндон андохтанд. Вале ӯ шикаста нашуд ва умеду талош дошт ба Тоҷикистон баргардад...

Алишер Қодирқулов, сокини 24-солаи ноҳияи Ашт, баъд аз якуним соли зиндагӣ дар қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ берун омадааст. ӯ мегӯяд, моҳи сентябри соли гузашта, пас аз саргардонӣ ва пушти сар кардани даҳшатҳо, бо ёрии як марди дӯкондори туркман худро ба марзи Туркия расонд ва моҳи феврали имсол имкон ёфт, ки ба Тоҷикистон баргардад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки якуним сол бо номи "Абуоиша" ёд мешуд, дубора дар кишвар ба номи аслии худ одат мекунад.

"ХОНАВОДАИ МУҲОҶИР АЗ ТОҶИКИСТОН"

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, нисбати Қодирқулов эзоҳи моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ (зархаридӣ) татбиқ шуд. Ин эзоҳ, ки соли 2015 қабул шуд, дар сурати аз қаламравҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ихтиёран баргашта сидқан пушаймон шудани шаҳрванди Тоҷикистон ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунад. "Тафтиши думоҳаи мақомот нишон дод, ки ин ҷавон гумроҳшуда, ба Сурия ва Ироқ рафтааст ва дар ҳақиқат аз кирдорҳояш пушаймон аст ва ҳаққи озод шуданро дорад", - гуфтанд манобеи Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ.

Алишер Қодирқулов, ки мегӯяд, хеле зуд аз рафтанаш ба манотиқи ҷангии Сурия пушаймон шуд, натавонист ба зудӣ аз он макон раҳо шавад ва ба ватан баргардад. Вай мегӯяд, санадҳои худро дар Ироқ аз даст дода, танҳо як варақаи “оилаи муҳоҷир аз Тоҷикистон”-ро дар даст дошт ва бо ҳамин санад чаҳор моҳ дар боздоштгоҳи Туркия монд. Баъдан консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул барои бозгашт ба ватан ба ин хонавода санади муваққатӣ дод. Алишер Қодирқулов бо зану ду фарзандаш рӯзи 9-уми феврали соли равон вориди Душанбе шудааст.

Ин нахустин мавриди бозгашти як оилаи тоҷик аз майдонҳои ҷанги Ховари Миёна будааст, ки расонаӣ мешавад. Дар гузашта шаҳрвандони алоҳида аз майдонҳои ҷанг ё наздикии марзи Туркия бо Сурия ба ватан баргашта буданд.

Ҳоло Алишер Қодирқулов барои барқарор кардани санадҳои тасдиқкунандаи ҳуввияти худ ва аъзои хонаводааш ба мақомоти интизомии ноҳияи Ашт муроҷиат кардааст.

БЕМОРИИ ФАРЗАНДОН – БАЪДИ БОЗГАШТ

Оиша, духтари Алишер Қодирқулов, 2 сол дорад ва писараш Шодибек (Диёр) охири моҳи декабри соли гузашта дар Туркия ба дунё омад. Ҳар дуи ин кӯдакон бемор буда, баъди бозгашт ба ватан таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Алишер Қодирқулов гуфт, ки дар гардани духтараш вараме пайдо шуда, дар шифохонаи маризиҳои саратон дар вилояти Суғд бистарӣ аст.

"МАРО ОДАМ ТО СУРИЯ БУРД"

Алишер Қодирқулов гуфт, аз моҳи апрел то сентябри соли 2016, яъне замони фирораш аз ҳудудҳои ДИИШ дар шаҳри Мавсили Ироқ буд ва бо азоби сахте худрову ҳамсар ва кӯдакашро аз он ҷо то марзҳои Туркия расонд. ӯ гуфт, соли 2015 тавассути як марди чечен, ки аз ӯ Адам (Одам) ном мебарад, аз шаҳри Екатеринбург аввал ба Сурия ва сипас ба шаҳри Мавсил гузашт.

Қодирқулов гуфт, чун дар Русия мушкили кор дошт, пешниҳоди кор дар кишвари дигарро қабул кард ва ба умеди зиндагии хубу хуш ҳамроҳи оилааш ба он ҷо рафт. ӯ мегӯяд, ҳадафаш танҳо кор ва ба даст овардани пул буд ва бо вуҷуди фишорҳо дар ҷанг иштирок накардааст.

Бояд гуфт, аз даҳҳо нафаре, ки дар сафи ДИИШ буданд ва дар солҳои ахир ба таври ҳайратовар аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд, то ҳол нафаре иштироки худро дар ҷангҳои Ховари Миёна эътироф накардааст.

АБУСАЛМОН, АБУОИША...

Қодирқулов ин ақидаро тасдиқ кард, ки "ҷиҳодӣ"-ҳои тоҷик, узбак ва қазоқу қирғиз дар ҷангҳои Сурияву Ироқ бештар аз се моҳ умр намебинанд ва дар набардҳо зуд кушта мешаванд. ӯ гуфт, "он ҷо ду тоҷик ҳамроҳи ман буд. Вақте маро зиндонӣ карданду баъди халосӣ ба бошгоҳ баргаштам, ҳамсарам гуфт, ки яке аз тоҷикон аллакай кушта шудааст. ӯро “Абусалмон” мегуфтанд. Онҷо ҳеч кас номи аслии худро намегӯяд. Маро “Абуоиша”, яъне “Падари Оиша” мегуфтанд.”

ӯ дар бораи худаш гуфт, ки ҷангиёни ДИИШ дар рӯзҳои аввали расиданаш ба Сурия барои рӯзгузаронӣ ба ӯ каме пул доданд ва баъд аз ду моҳ аз ӯ талаб карданд, ки дар ҷангҳо иштирок кунад. Алишер Қодирқулов ба гуфтаи худаш, ин пешниҳодро қабул накард ва барои ду моҳ зиндонӣ шуд. “Шароит бад ва муносибати онҳо аз он бадтар буд. Чандин зани тоҷикро ҳам дидем, ки сарсону саргардон ва аз рафтанашон пушаймон буданд, вале намедонанд чӣ тавр ба ватан баргарданд. Вақте шавҳари занон дар ҷангҳо кушта мешуд, онҳоро маҷбурӣ ба марди дигар медоданд.” - гуфт Алишер.

"ТОҶИКОН БУДАНД, ВАЛЕ ГУЛМУРОД ҲАЛИМОВРО НАДИДАМ"

Бозгашт аз ДИИШ. Фирори Алишер бо зану кӯдакаш аз Сурия (ВИДЕО)Алишер Қодирқулов мегӯяд, дар он ҷо намояндагони бисёр миллатҳо, аз ҷумла тоҷикону узбакҳоро дидааст. ӯ ба саволи мо, ки аз фармондеҳони тоҷики ДИИШ, нафарони мисли Гулмурод Ҳалимов касеро дидааст, гуфт, вақте нахост ба ҷанг равад, чанд нафар, аз ҷангҷӯёни тоҷик ба сари ӯ омадаанд. "Рӯяшонро бо ниқоб пӯшида буданд, ман онҳоро нашинохтам. Бисёриҳо аз карда пушаймонанд, аммо аз ошкор кардани ин фикр, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, ҳарос доштанд. Онҳоро маҷбурӣ нигоҳ медоштанд ва мегуфтанд, ки ба “давлати куфр” наравед”, - афзуд ӯ.

Алишер Қодирқулов мегӯяд, баъди он ки "ҷиҳодӣ"-и тоҷик “Абусалмон” дар ҷанг кушта шуд, ҳамсараш дар шароити ногувор қарор гирифт, зеро саркардаҳои ДИИШ ин занро маҷбур кардаанд, ки ҳамсари марди дигар шавад. “Он хоҳари тоҷик ба ҳамсарам гуфтааст, ки азоб мекашад, ҳатто ғизои дуруст намедиҳанд, то маҷбур шавад шавҳари дигарро қабул кунад. Бо чашми худ муносибат ва муомилаи бераҳмонаи аъзои “Давлати исломӣ”-ро дидам, ки бо мо ва мо баринҳо дар Сурияву Ироқ мекарданд. Рафтори онҳо на дар чаҳорчӯби динӣ, на одамгарӣ рост намеояд.” - мегӯяд Қодирқулов.

Санҷидани дурустии тамоми ҳарфҳои Алишер Қодирқулов тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

ПАДАР: АЛИШЕР ФАРЗАНДИ ҲАШТУМИ ХОНАВОДА АСТ

Умурқул Қодирқулов, сокини 74-солаи ноҳияи Ашт, мегӯяд, писараш Алишер, фарзанди ҳаштуми хонавода буда, баъд аз хатми мактаби миёна барои кор ба шаҳри Екатеринбурги Русия рафт ва баъдан хабараш аз Сурия расид. Ӯ гуфт, “солҳо ба ҳайси байтор кор кардам. Ин ҳодиса мани 74-соларо шикаст. Лекин писарам як кор кард, ки баъди рафта расиданаш бо ман тамос гирифт ва вазъиятро гуфт. Ман ҳам ба ҳамаи идораҳо расман ариза навиштам, ки писарам дар Сурия аст ва бояд барои берун омаданаш кумак кунанд.”

Қодирқулов мегӯяд, бозгашти фарзандашро бо баргузории маъракае дар ноҳияи Ашт таҷлил карданд, вале маризии наберагонаш онҳоро дубора саргардон намуд. Ӯмегӯяд, маълум нест, ин маризӣ аз чист, вале бовар дорад, ки саҳми таъсири ҷангу беназмӣ камтар нест. Зимнан, Диёр (Шодибек) - фарзанди хурдии Алишеру ҳамсараш - Дилноза моҳи декабри соли 2016 вақт бозгашт ба ватан дар хоки Туркия чашм ба олам кушодааст.

МАҚОМОТ: БЕШ АЗ 1000 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БА СУРИЯВУ ИРОҚ РАФТАНД

То кунун тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хоҳиши худ аз ҳудудҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё наздикии марзи Туркия бо Сурия баргашта буданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки касе аз ҷангҷӯён бо хоҳиши худ баргашта ва собиқаи ҷиноӣ надорад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Аммо дар ин миён даҳҳо нафар ба ҷурми пайравӣ ё ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошту зиндонӣ шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, хабари марги сесад нафари онҳо тавассути наздиконашон тасдиқ шудааст. Мавҷи пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба соли 2014 рост меояд. Ҳоло мақомот мегӯянд, бо таҳти фишор қарор гирифтани пойгоҳҳои аслии ДИИШ дар Ироқу Сурия пайвастани тоҷикон ба ин созмони тундрав коҳиш ёфтааст. Аммо бархе аз коршиносон бо ишора ба чанд ҳолати боздошти сокинон дар моҳҳои ахир мегӯянд, зоҳиран масири ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқу Сурия ба Афғонистон тағйир кардааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Саодат Исмоилӣ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

Гулмурод Ҳалимов бо духтараш "селфӣ" гирифтааст

Аксҳои нави полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дувум ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд. Дар ду акси Гулмурод Ҳалимов, ки рӯзи 31-уми июл дар расонаҳо нашр шуд, духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро Мирова дар канораш нишастааст.

Дар ин аксҳо полковники фирорӣ бо мӯйҳои жулидаи хоси ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” духтари бузургашро дар бағалаш гирифтааст. Возеҳ нест, ки ин аксҳоро дар куҷо ва кай гирифтаанд.

Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваст. Ҳумайро Мирова, ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов ва сухангӯи собиқи Хадамоти гумрук, моҳи феврали соли гузашта бо фарзандонаш ғайб зад ва маълум набуд, ки дар куҷост. Бархе аз манобеъ гуфта буданд, ӯ ба Сурия рафтааст.

Шоҳназар Миров, бародари Ҳумайро Мирова гуфт, аз рӯи аксҳо дигар шубҳае намонд, ки ӯ ба пеши шавҳараш расидааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ Ҳумайро бо наздиконаш тамос надошт. Ӯ гуфт, бо хабарҳои кушта шудани Гулмурод Ҳалимов ва озод шудани Мавсил аз дасти тундравон хонавода умед дошт, ки Ҳумайро аз Ироқ бо онҳо дар тамос мешавад, вале то ҳол ҳеҷ садое аз ӯ нашуниданд.

Расонаҳо ду бор хабари марги Ҳалимовро нашр карданд. Бори охир моҳи апрели имсол нашрияи “Таймс” аз қавли мақомоти Ироқ гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст. Аммо то ҳол ҳеҷ манбаи дигаре ин хабарро тасдиқ ё рад накард. ​Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 21 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, “баъзе маълумоти оперативӣ”-ро дар бораи Ҳалимов рӯи даст доранд, вале дар бораи зинда ё мурда будани ӯ чизе нагуфт.

Страница 1 из 2

Суроғаи мо:

Joomla ru