Пайк

ХАБАРҲО

Ховалинг мавзеи сайёҳӣ ё талбандагӣ?


Лӯлӣ ё ба истилоҳ  ҷугиҳои зиёдеро дар ноҳияи сайёҳӣ-Ховалинг мушоҳида кардем, ки  русто ба русто, хона ба хона бо фарорасии  фасли зебои баҳору  гармии тобистон равуо мекарданду талбандагӣ.

Аммо авқоти ахир ин табаа ба тиҷорати махсуси хеш  ё ба истилоҳ «обментовар»-и лавозимоти ошхонагӣ (табақчаву сатилча, қошуқмонаку намакдонак , тағорачаву симак,  банкачаву танкача, шохинаку кордчача, чойгираку қандгирак)  ороишоти занонаи истеҳсолоти чинӣ, ба қавле «одноразовый»  бо муйҳои афтода рехта ё бекоргаштаи  занони тоҷик миёни авом машҳур гардидаанд.

Ҳамакнун тайи ҳафтаи сипаригардида канори роҳҳои пиёдагарди назди бинои навсохти  5-6 ошёнаву  бозори марказӣ бо баъзе занону тифлони ин табаа во хӯрдаму  ҳамсӯҳбат шудам.

Шояд ба касе хандаовар бошад ин рафтори ман, ки дар зер қисса мекунам.

Дар издиҳоми бозор лӯлӣ духтарбачаеро  во хӯрдам, ки металбиду мардум аҳён-аҳён писханд задаву масхарааш карда, қоҳ-қоҳ зада механдиданд.

Канори роҳи бозор  зани зебои миёнасолеро аз ҳамин табаа  дидаму пас аз аксбардорӣ  наздаш нишаста пурсидам:

«Хола, аз куҷоед?» Аз Шобика, гуфт.

Аз Шобика то ин ҷо дар чӣ омадӣ?

Дар таксӣ!

Чанд сум расход кардӣ?

Бист сум.

Холаҷон, агар ин ҷо бист рӯз бестӣ оё бист сомонӣ меёбӣ?» Лӯлӣ дар ҷавоб чизе нагуфт.

Ин ба хотири шиносоӣ бо ҷугӣ Фазилатбонӯ буд.

«Қисса кӯтоҳ!»гӯфтагӣ барин, бас аст дигар нодидагарӣ,  биёед ҳар як нафар рисолати хешро иҷро намоему  маконамонро, ки мехоҳем  ва даъво дорем макони сайёҳӣ созем, макони талбандагӣ насозем.

Нозим Раҳимзода

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru