Пайк

ХАБАРҲО

Президент бадахшониёнро барои зиндагӣ ба Данғара даъват кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари корияш ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъмини аҳолиро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ яке аз масоили мубрам ва ҳалталаб хонд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ рӯзи 11 сентябр дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз гуфт, бо афзоиши зичии аҳолии минтақа таъмини ниёзмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, махсусан дар маркази ноҳия ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст.

Дар замони баррасии ин масъала Президент ба сокинони ноҳияи Дарвози ВМКБ кору иқомат дар ноҳияи Данғараро пешниҳод кардааст.

"Марҳамат ба Данғара, сад ҳазор гектар замин, захираи тиллоии давлати Тоҷикистон. Об баровардем, заминҳо аз худ шуда истодаанд. Одам даркор, ки ин заминро истифода бараду кор кунад, дашти ҳамвор аст. Роҳ шавад, аз Данғара ҳудуди 3 соат масофа аст. Ин дур нест. Одамҳо барои кор, барои зиндагӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар сафар мекунанд", — таъкид дошт Президент кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Дарвоз.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин таъкид дошт, ки дар баробари ин азхудкунии заминҳои нав дар ВМКБ низ ба таври густурда ба роҳ монда шавад. ва барои аз худ кардани заминҳои нав дар минтақа ҳукумат омода аст, ки маблағ ҷудо намояд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон масъулини ВМКБ ва ҷумҳуриро муваззаф намуд, ки дар мавзеъҳои барои зиндагӣ мусоид,  инфрасохтори зарурӣ фароҳам шавад ва дар ихтиёри аҳолӣ гузошта шавад.

Нуралӣ Карим



Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru