Пайк

ХАБАРҲО

Корманди БДА: Брен ки маҳкамтон накнм ма зан


Дар бобати бемасъулиятию бетаваҷҷуҳии баъзе аз кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ борҳо қисса намуда будем ҳам фактҳои дақиқ, аз боби пулситонии ин масъулин пешкаш карда будем. Чун мешуниедем, ки корманд барои чунин амалҳои хеш «выговор» гирифтааст, шоҳид мешудем, ки аксари онҳо ислоҳ мешуданд.

Аммо имрӯз ҳам иҷборан лозим омад, ки бори дигар сари ин масъала баргардем.  Ин маротиба бошад аз тарафи кормандони «ЭКО-Гаи» чунин бемасъулиятӣ  ва суистифода аз мансабро мушоҳида намудем.

-Дар назди яке аз шоҳроҳҳои чорроҳаи Кӯлоб дар чароғаки сурх мунтазири чароғак будем, то сабз шавад. Чун сурхии чароғак ба шумори як расид, банда  мошинро рондам ва чанд қадам дуртар кормандони ЭКО-ГАИ-и Раёсати вазорати корҳои дохила дар минтақаи Кӯлоб дар таги як дарахт дар мошини opel- Astra рангаш кабуд рақамҳои қайди давлатиаш 67-17…03 фаромада, маро боздоштанд, ва гуфтанд, ки чароғакро сурх гузаштӣ. Ҳарчанд иддао намудам, ки сурх набуд онҳо боз суханони пештараро такрор мекарданд. Дар ин миён мушоҳида намудам, ки  ду ронандаи дигар чароғакро тамоман сурх гузашта бо кормандони ЭКО-ГАИ салом карда бемалол гузашта рафтанд. Баъди чанд лаҳза яке аз лейтенати онҳо бо лаҳни хеле тунду ғазаболӯд гуфт: «Шумо мардаки чиен, ина мардакира ай мо ёд бгирен, ҳай кнен брен, ки ҳози набарм маҳкамтон накнм, ма зан.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки корманди БДА баъди манъ кардани мошин бояд омада худро муаррифӣ кунад ва аз худ одоби баланди муошират нишон диҳад.

Дар як нишасти матбуотӣ раёсати корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб сардори он, ки хело ҳам марди оддӣ ва кордон менамояд, чунин гуфта буд: «муҳтарам хабарнигорон, ҳар боре, ки кормандони БДА дар сари роҳҳо пинҳон шуда, якбора ҷаста баромада мошинро боз медоранд, амалашон ғайриқонунӣ аст, чунки ин гуна кирдор метавонад боиси садама шавад. Дар чунин ҳолат ҳатман ба мо хабар диҳед»- гуфта буд Фаттоҳзода Абдусаттор.  Аммо ҳоло бошад сардории ин ниҳод бар уҳдаи Ваҳҳобзода Баҳодур мебошад, ки шояд аз чунин амалҳои кормандонаш хабар надошта бошад ё шояд дошта бошад, кӣ медонад? Хуб мешуд, ки пеши роҳи чунин кормандони бемасъулиятро гиранд, вагарна обирӯи ин вазоратро дар назди мардум паст мекунанд. Барои масъулини дар либоси низомӣ талаботи ахлоқ ва одоб бояд бештар бошад. Дар ҷумҳурӣ раванди ислоҳоти милиса раҳандозӣ шуда истодааст. Агар сафи чунин кормандони бадахлоқ кам карда нашавад ислоҳоти милиса бо ҳама харҷу ташвишҳои зиёд бефоида мешавад, мисли он ки аз дигар шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосил тағир намеёбад.

Комментарии  

 
#1 Мехрона 16.09.2018 13:46
Монанди инхел кормандони хифзи хукук кам нестанд. Чихел ислохоти милиса бошад намедонам.сардо ри учаскавойхои н. Ш. Шохин ном ва фамилияаш В.Ф 24 соат маст боз дар сари чамбараки мошин доимо. Одобу ахлок тамоман надорад. Ба инхел милисахо ки бовар карда боз дар сархади ватан ки чои пур масулият мебошад вазифа медиханд.Аз рохбари ин милисаи ин нохия хохиш мекунем ки чораи зарури нисбати ин майори милитсия ягон чора дида шавад
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru