- Сиёсат

Аз бебарқӣ то беинтернетиву беғизоӣ

Толибон (созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) бо вуҷуди эълони аташбасти 3-рӯза бо Ҷабҳаи муқовимат  ва  ваъдаи интиқоли барқ, ҳанӯз ҳам пурра Панҷшерро бо нерӯю алоқа таъмин накардаанд. Балки қувваи барқ дар Панҷшер танҳо қисман барқарор шудааст.

Гуфта мешавад, ки феълан нерӯи барқ дар Панҷшер аз даромадгоҳи водӣ то қароргоҳи волӣ таъмин мебошад. Аз ин нукта шимолтар ҳанӯз барқ дастрас нест.

Ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир интернет пурра қатъ буда, алоқаи мобилӣ аз баъзе ширкатҳо танҳо дар бархе қуллаҳо дастрас мебошад. Қаблан ширкати барқрасони минтақаӣ иттилоъ дод, ки интиқоли нерӯи барқ ба Панҷшер аз сар гирифта шуд.

Ҳамчунин, Толибон ҳанӯз ҳам интиқоли маводи ғизоиро ба Панҷшер иҷозат намедиҳанд.