- Иҷтимоъ

Чаро бунёди бино дар маҳаллаи Шарқ баҳснок шуд?

Чанде пештар сокинони бинои 90-и маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ба унвони ҳафтанома шикоят карда гуфтанд аз биное, ки дар паҳлӯи бинои 90  бунёд шуда истодааст норозӣ мебошанд. Сокинон  сабаби шикояту норизоии худро дар ду  чиз арёзбӣ карданд: Якум  зери биное, ки ду сол пеш ба бунёдаш оғоз карда буданд, солҳои Шӯравӣ таҳхонаи амниятӣ аз бомб (бомбоубежище) мавҷуд буда аҳамияти стратегӣ доштааст. Дуюм дар ҳоли сохта шудани бино роҳи мошингарди паҳлӯи бинои онҳо қариб, ки  манъ карда мешавад.

Азбаски шикояткунандагон хостанд арзу доди онҳо маҳз дар ҳафтаномаи “Пайк” (гуфтанд, ки газетаи шуморо ҳамаи мақомоти болоӣ мехонанд) барои рушанӣ андохтан ба баҳс бо сокинони бино ва масъулини идораи сохтмону дигар соҳаҳои дахлдор сӯҳбат кардем.

      Дар вақти бачагиям ба ҳамин бомбоубежище даромада будам

Раиси бинои 90 Рустамҷон Шарипов дар сӯҳбат ба мо гуфт:-Ёдам ҳаст, ки замоне бача будем ва тахмин дар синфи 2-3 мехондам, ки ҳамроҳи ҷураҳоям ба ин роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба даромада будем. Хеле торик ва тарсовар буд. Дар замони Шӯравӣ ин гуна ҷойҳо аҳамияти стратегӣ дошт ва ман фикр мекунам дар замони ҳозир ҳам бояд ин аҳамияташро аз даст надода бошад.

Пеш аз оғози сохтмони бинои 9 ошёнаи баҳсӣ дар ин ҷо маркази хизматрасонии 5 ошёна бунёд карданд. Баъди бунёди ин бино фаҳмидем, ки як соҳибкор зодаи шаҳри Истаравшан будааст ва дар шафати маркази хизматрасонии 5-ошёна бинои 9 ошёна месохтааст.

Замони шӯравӣ инҷо чойхона кушода шуд ва эҳтимол барои мавҷуд будани бомбоубежище якошёна аст. Ҳоло таги биноро кофтагӣ не. Агар кобанд маълум мешавад бомбоубежище аз куҷо сар мешавад. Се ё чор даромадгоҳаш ҳаст, ки баландича ва  ишора карда мондагӣ.

Шикояти мо дар масъалаи роҳ ин ки 47 сол боз дар қафои биноямон камтар майдони сабз карда дарахт шинонида будем. Аммо соҳибкоре ки биноро сохтанӣ аст як канализатсия кофта то ҳол ба ҳоли худаш  мондааст ва майдончаи сазби қафои бинои моро низ ба хоки сиёҳ яксон карданд. Аз хоку чанги зиёд мо маҷбур шудем ба кормандони экология муроҷиат кунем.

Бомбоубежище дар харита ҳаст

Темурҷон Темуров, масъули  шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд гуфт:-Баъди ба мо муроҷиат карданатон сокинони бино низ бо ариза муроҷиат карданд.  Аммо дар аризаи онҳо оид ба таҳхона ягон ишорае нест. Мақсади онҳо боздоштани сохтмони бино аст. Агар таҳхона мешуд дар ариза ин проблемаро зикр мекарданд.  Обеъектҳое, ки дар он нақша ҳаст он хатчаҳо пасту баландии заминро нишон медиҳад. Он ягон хел ишораи бомбоубежище нест.

Бо ин масъала ба роҳбари ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Мирзораҳим Абдуллоев муроҷиат кардем. Номбурда гуфт ба унвони сохтори онҳо низ нусхаи номбурда ирсол шудааст. Аммо то даме, ки гурўҳи корӣ масъаларо наомузад чизе гуфта наметавонад. Дигар ин ки масъалаи мавҷудияти бомбоубежищеро кормандони шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, идораи сохтмони шаҳр бояд аз иҷозаи сохтмон пеш омӯхта баромада бошанд.

Роҳбари сохтмон чи гуфт?

Роҳбари сохтмони биное ки ба гуфти сокинон ду сол пеш оғоз шудааст, шахсе бо номи Шӯҳрат мебошад. Номбурда гуфт: -Аз рӯзе ки он биноро гирифтем ягон хел гапу баҳси бомбоубежище ё худ таҳхона набуд, агар мебуд аз сохторҳои дахлдор иҷозаи сохтмон намедоданд. Аслан ман аз он соҳибкороне, ки бино бунёд карда бо мақсади тиҷорат истифода мебаранд, нестам. Пештар бо як нафар масъалаи додугирифти пулӣ доштем. Ба ҷои он як ҷойи якошёнаро дод ба мо. Баъд ба мо маълум шуд, ки дар харитаи он ҷой бунёди бинои 9 ошёна дар назар дошта шуда будааст. Бо маслиҳати як дӯстам ки дар МБТ кор мекунад мо иқдом гирифткм, ки дар ҷойи он бинои якошёна бинои 9 ошёна созем. Барои сохтмон тамоми ҳуҷҷатгузориҳо омода аст.

Дар масъалаи майдончаи қафои бинои 90 бошад, пештар 17-18 метр буд, мо бо розигии сокинони бино он ҷоро гирифтем(аммо сокинон инро инкор карданд).

Ба ҳар ҳол ин бино аввалину охирин бинои баҳсӣ дар шаҳри Хуҷанд ва умуман дар ҳудуди вилояти Суғд нест.  Имрӯз ҳар соҳибкоре, ки дасти дароз дарад дар дилхоҳ ҷой сохтмон мекунад, аммо то куҷо ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгӯй будани биноҳо ҳамеша савол боқӣ мемонад. Дуюм ин ки на танҳо сокинон, балки чанде аз парвандаҳо ҳам дар истеҳсоли мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳо оид ба сохтмони биноҳои ғайриқонунӣ ва ба талаботи шаҳрсозӣ ҷавобгуй набуда ҳаст, ки мақсад пур кардани ҷайби худ аст. Муҳим нест ки кӣ хонаҳоро мехарад ва оянда чи мешавад?  Сохтмони биноҳои “тезбунёдшавак” ва дар фосилаҳои ниҳоят наздик бунёд кардани биноҳо боиси нигаронист… вале дақиқ нашуд (масъулин дақиқан нагуфтанд) ки таҳхонаи амниятӣ имрӯз ҳам аҳамияти пешини худро дорад ё на?

ФАРЗОНА МУРОДӢ