- Иқтисод

Наздики 100 идораи букмекерӣ дар вилояти Суғд

   Дар ҳудуди вилояти Суғд наздики 100 идораҳои букмекерӣ мавҷуданд, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар ба ин идораҳо сар мехалонанд. Агарчӣ дар реклом “ба ноболиғон даромадан манъ аст” навишта шудааст, вале гузоришҳои пайваста масъулини мақомоти милитсияи вилоят нишон медиҳад, ки шиори директорони ин гуна идораҳо “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” аст.

   Сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Абдуқаюм Воҳидов гуфт: Дар вилояти Суғд 91 нафар соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ҳастанд, ки идораҳои букмекерӣ доранд.  Ҳамаи ин идораҳо филиали идорае ҳастанд, ки идораи асосияшон дар шаҳри Душанбе  мавҷуд аст.   Чи миқдор андоз супоридани ин идораҳо “сир” арзёбӣ мегардад, вале торафт зиёд шудани ин гуна клубҳо боиси нигаронии фаъолони ҷомеа гашта, дар барҳам доданаш ба қавли худашон “оҷизанд”. Зеро роҳбарони асосӣ “аз боло” мебошанд ва ҳар касе дахл ба идораҳои букмекерӣ мекунад сараш дар бало мемондааст.    “Имрӯз сари ҳар қадам аз  маркази шаҳрҳо сар карда то деҳоти дурдаст клубҳои бекмекерӣ, аз ҷумла Формула-55 ва РАХШ- мушоҳида мешаванд. Шумораи фиребхӯрдагони ин намуди бозиҳо кам нестанд, агарчӣ ба гуфти “соҳибонаш”  касе онҳоро маҷбур ба ин бозӣ накардааст.

Идомаи матлабро дар нашри навбатии газета мутолиа намоед.