- Без рубрики

МУШКИЛОТИ РОҲ ТАНҲО ДАРДИ САРИ МАСТЧОҲ ВА АЙНИСТ?

Аз чӣ бошад, ки ба баъзе, аз роҳҳое, ки аҳамияташон барои кишвар аз роҳҳои байналмилалӣ кам нестанд, ягон аҳамият дода намешавад ва имрӯзҳо сафар кардан ба баъзе аз манотиқи кишвар мушкилоти зиёдеро ба сари ронандагону мусофирон  ба бор меоранд,  ин роҳи Айнӣ-Мастчоҳи кӯҳӣ назири онҳост. Ин роҳ ки аз маркази Айнӣ сар шуда, то саршавии деҳаи Оббурдони ҷамоати деҳоти Иван- тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ мебарад 65 км буда, яке аз мушкилтарин  роҳ дар Ҷумурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки пурра дар тавозуни муассисаи нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ мебошад. Ҳамасола аз сабаби садамавӣ будани ин масир дар ин роҳ садҳо садамаҳо рух медиҳад, ки бадбахтона сабаби талаф ёфтани одамон низ мегардад. Вале аз чӣ бошад, ки давоми 30 соли охир ин масири роҳ боре ҳам таъмиру таҷдид нагардида ва мувофиқи маълумотҳои “Пайк” дар ин солҳои наздик низ таъмиру таҷдид намегардад. Ин роҳ ноҳияи Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳиро ба дигар манотиқи кишвар пайваст менамояд.

Идомаи матлабро дар нашри навбатии газета мутолиа намоед.