- Фарҳанг

Дар Кӯлоб роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор шуд

   9- сентябр бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор гардид. Ин парад дар маҳаллаи Сайфиддин Сангов, назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо ҳузури ҳазорҳо нафар аз кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр доир гашт.

Дар ин чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсиятҳои шинохтаи шаҳр, зиёиён ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд. Меҳмонони олиқадр ва иштирокдоронро раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Насриддинзода Эмомалӣ бахшида ба ин ҷашн табрику шодбошӣ гуфтанд.

  

Раиси шаҳр аз 30 соли дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат ва сокинони шаҳр ёдоварӣ гардида, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқароркунии истиқлолияти мамлакат хеле бузург арзёбӣ кард. Дар қатори дигар шаҳру навоҳӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб садҳо иншооти тиббӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, маишӣ, садҳо корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо ва хонаҳои баланошёна бунёд шуд, ки ин ҳам аз дастовардҳои замони истиқлол аст, афзуд раиси шаҳр.

  

Сипас паради меҳнаткашон оғоз шуда, ҳар як идораву ташкилот, муассисаву корхонаҳо бо ҷамъи кормандон якояк аз майдони парад гузаштанд. Аз ҷумла кормандони идораву ташкилотҳои шаҳр, собиқадорони Шӯрои ҷангу меҳнат, Ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, Шӯрои иттифоқи касабаи шаҳри Кӯлоб, занону бонувон ва гулдухтарони шаҳр, ҷамоати деҳот, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, муассисаҳои молиявӣ, намояндагони корхонаҳои саноатӣ, Ҷамъияти тоҷикматлубот, кормандони фарҳанг, кормандони соҳаи тандурустӣ, энергетика, роҳбарияту кормандон ва донишҷӯёни Муассисаҳои олии таълимӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, коллеҷҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ВАО, хуллас намояндагони ҳама касбу кори гуногун ширкат доштанд. Иштирокдорон бо муқаддасот ва либосҳои миллӣ, шиору овезаҳо аз ҷумла парчам, нишон, сурудхонону рақскунон ва табассуму ҷилванамоӣ аз майдон мегузаштанд. Техникаи кории меҳнаткашон аз назди майдон ҳам гузаштанд.

   Воқеан ҳам роҳпаймоии меҳнаткашон дар шаҳри Кӯлоб хеле хоса ҷашн гирифта шуд. Чорабинӣ фазои хуби ҷашнӣ дошт ва занону гулдухтарон бо либосҳои рангину гулу шиорҳо ба чорабинӣ шукуҳи дигар зам мекарданд.

   Бигзор ҳама рӯзи тоҷикону Тоҷикистониён ба монанди ин рӯз пур аз шодиву фараҳ бошаду соҳибистиқлолии кишвари мо асрҳо идома ёбад. 30-солагии ҷашни Истиқлолият ба ҳама ҳамватанон муборак бошад!

Худододи И