- Фарҳанг

ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ ДАР Ш. КӮЛОБ

Бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Давлатии ҷумҳурӣ чун дар дигар нуқоти кишвар чорабиниҳои тантанавии хотирмон баргузор гашта истодааст. Баъди зуҳри имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ҳам чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин ҷашни фархунда баргузор гашт. Ҳозиринро дар баробари роҳбарияти шаҳру намояндаи раиси вилоят мушовири Президенти мамлакат оид ба масоили ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ аз номи Президенти мамлакат табрику таҳният гуфта, мардуми минтақаро ба корҳои созандагӣ ва ҳифзи Истиқлолияту марзу бум далолат кард.

Вализода Абдуқодир, раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳам фаолони хоҷагиии халқро ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти кишвар табрику таҳният гуфта дар бораи рушди соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб маълумоти муфассал дод.

Табрикот ва таманниёти раиси муҳтарами вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро бошад муовини раиси вилоят ба мардуми Кӯлобшаҳр расонид.

Дар ҳамин нишаст намояндаи Президенти кишвар дар минтақаи Кӯлоб Насриддинзода Эмомалӣ ба як қатор пешқадамони соҳаи хоҷагии халқ ва собиқадорон нишонҳои фахрии 30 солагии Истиқлолиятро аз номи Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Сайдализода инчунин пешқадамони истеҳсолот ва хоҷагии халқро бо ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон табрику таҳният гуфт. Дар қатори тӯҳфагирифтагон коллективи меҳнатии ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии «Пайк» ҳам буд. Бояд гуфт, ин тӯҳфаи коллективи меҳнатии ҳафтавор аст, ки тули 9 сол бо хабару мақолаҳои ҷолиб фазои иттилоотии минтақа, вилоят ва ҷумҳуриро пур карда истодаанд. 

Аслиддин Достиев, Худойдоди Ислом, Муҳаммади Мӯсавӣ, Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ, Фарзона Муродӣ, Нуралӣ Карим, Аҳмади Раҳим, Саиди Ҳайдар, Шамсиддини Муқим (хабарнигор дар Маскав) номгӯйи нопурраи тими «Пайк» аст, ки бо қалами худ баҳри рушду нумӯи ҷумҳурӣ саҳми худро гузоштаанд ва дар сӣ қабат ошёни кохи бузурги давлат саҳми арзанда гузоштаанд. Маҳз ҳаминро раиси мӯҳтарами вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ҳадр кард.

Абдуҷаббор Зардиев, собиқадори соҳаи сиёсат ва кишоварзӣ, Сафаралӣ Бозорзода директори «Телевизиони Кӯлоб», Абдунабӣ Зардиев роҳбари хоҷагии «Ҳамадонӣ», Ғиёсиддин Достиев сардори хоҷагии Комуналии шаҳри Кӯлоб, Исмоилзода Саидмурод роҳбари собиқадорони меҳнати шаҳр, Садриддин Ғаюров сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб номгӯйи нопурраи пешқадамоне буданд, ки сазовори ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб шуданд.

Гуфта мешавад, ки саҳари имрӯз  дар майдони марказии шаҳри Кӯлоб паради ҳарбӣ бо шукуҳу шаҳомат барпо шуд. Тантанаҳои ҷашнӣ дар шакли роҳпаймоии идонаи шаҳрвандон ва базму тараб ба ифтихори ҷашни 9 сентябр ҳам дар шаҳри Кӯлоб идома меёбад.                 

    «Пайк»