- Иқтисод

Лаёқати порахӯрӣ дар “Литсеи хонандагони болаёқат”

Дирӯз соли нави хониш оғоз шуд ва ин албатта хурсандибахш аст. Аммо ба қавли бибиям ҳар масъала  — ва + худро дорад. Минусҳои таҳсил дар он аст, ки боз дар баробари кушода шудани дари таҳсил, дари порахӯрию порадиҳӣ ҳам кушода мешавад. + таҳсил дар он аст ки дар баробари соҳибилм шудани даҳҳо ҳазор хонанда, барои  пур шудани ҳисоботи масъулини мақомоти коррупсия мактабу литсейҳо, даргоҳе, ки бедудилагӣ ҷинояти коррупсионӣ рух медиҳад.

Масалан, аз ҷониби масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми  6 моҳи аввали соли равон  340 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки чун “анъана”, соҳии маориф дар ин самт пешсаф буда, бо ошкор шудани 37 ҷинояти ришваситонӣ дар шаш моҳ дар “ҷои аввал” қарор дорад.

Яке аз ин гуна ҷиноятҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ошкор шудааст. Ба гуфти масъулини Раёсати зидди фасод дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз ҷониби муҳосиби Литсеи хонандагони болаёқат Қодирова Ҷ. ба миқдори 19 ҳазору 628 сомонӣ бо роҳи нишон додани хароҷоти маблағҳои музди меҳнат ба шахсони бегона, инчунин аз тарафи мудири муассисаи томактабии №2 Юсуфова Р. ба миқдори 4 ҳазору 954 сомонӣ маблағҳои волидайни тарбиятгирандагон, ки барои харидорӣ намудани маводи хӯрокаи кӯдакон супорида шудааст. Барои содир кардани ҷиноятҳои зикршуда нисбати масъулини литсей бо моддаҳои дахлдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, таштишоти он идома дорад.

Тавре сардори Раёсати Агентӣ Аваззода Шараф Тавар гуфт таҳлили фаъолияти хизматии шахсони ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда нишон дод, ки онҳо ба намояндагони чунин кумитаву вазоратҳо мансубанд: кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — 25 ҷиноят, соҳаи тандурустӣ — 12 ҷиноят, Вазорати адлия — 2 ҷиноят, Вазорати мудофиа — 2 ҷиноят, дар зерсохторҳои Кумитаи андоз — 4 ҷиноят, дар зерсохторҳои Кумитаи идораи замин — 32 ҷиноят, дар зерсохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист – 3 ҷиноят, соҳаи маориф — 37 ҷиноят, Барқи тоҷик — 6 ҷиноят, соҳаи кишоварзӣ — 2 ҷиноят, Бонкҳо — 36 ҷиноят, дигар идораву корхонаҳои давлатӣ — 14 ҷиноят, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ – 43 ҷиноят, соҳибкорон ва шаҳрвандон — 115 ҷиноят.

Ба гуфтаи Аваззода тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо дар соҳаҳо бештар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – 25, ҷиноят, соҳаи маориф 37 ҷиноят, Кумитаи идораи замин – 32  ҷиноят, Бонкҳо – 36  ҷиноят ба назар мерасад.    

          Фарзона