- Тандурустӣ

Деваштич: Собиқ сардухтур 76 ҳазор ҷарима шуд

Охири моҳи август бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд собиқ сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич Маҳмадализода Насим бо моддаи 245 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ғайр аз барқарор кардани зарар, ба андозаи 76 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Тавре  роҳбари Раёсати Агентии мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Аваззода Шараф Тавар гуфт, ки ҷинояти азонихудкунии маблағҳои тендерӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич дар замони фаъолияти кории собиқ сардухтур Маҳмадализода Насим ошкор гардидааст.

“Номбурда дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ баъди ба суратҳисоби ҶДММ “Моли Ҷаҳон” гузаштани маблағи 118 175 сомонӣ бархилофи талаботи тендерӣ ва қарордод оид ба таъмини мол амал карда, бо сарпарасти ҶДММ “Моли Ҷаҳон” Исломзода Илҳом ва Муқумов Зафар Акрамович оиди нақдикунонии маблағҳои пулӣ бар ивази 18% маслиҳати пешакӣ намуда, охирин аз 118 175 сомонӣ, ки ба суратҳисоби ҷамъият ворид гардида буд, 21 271 сомонӣ гирифта, боқимонда 96 904 сомониро тариқи нақдӣ ба Маҳмадализода Н.Р. дастрас намуд. Минбаъд Маҳамдализода Н.Р. молу маводҳои пешбинигардидаро ба беморхона ворид накарда, 96 904 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуд”-афзуд сардори Раёсати Ангентӣ.

“Инчунин Маҳмадализода Н.Р. бо мақсади руйпуш кардани кирдорҳои ҷиноятии худ бо маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби Беморхона Баротова Ўғулҷон Абдусаматовна, Исломзода И. ва Муқумов З.А. борхатҳо оиди гўё ба беморхона таъмин кардани молҳои инвентари — нарм (болишт, курпа ва матрас)-ро бо роҳи сохтакорӣ тайёр карда, дар муҳосибот ба қайд гирифтааст, ки дар натиҷа ба буҷети давлат зарари молиявӣ расонида шудааст. Нисбати Маҳмадализода Н.Р. ва Баротова Ў.А. бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ ҶТ ва нисбати Муқумов З.А. ва Исломзода И. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 340 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони номбурда бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст”-афзуд Аваззода.