- Кишоварзӣ

ШОЛИКОРӢ БО ОБИ ТАШНОБ

Тоҷикистон аз лиҳози манбаҳои энергетикию обӣ дар ҷаҳон ҳамто надошта, он дар қатори даҳгонаи аввал ҷойгир буда, беш аз 60%-и дарёҳои Осиёи Миёна аз пиряхҳои чандинасраи Точикистони азиз сарчашма мегиранд. Гарчанде, ки қариб тамоми дарёҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма гиранд ҳам, дар ҷумҳурӣ таъминоти оби полезӣ ва ошомиданӣ мушкилоти дараҷаи аввал гашта истодааст. Ҳукумати кишвар низ дар робита ба таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданию полезӣ онқадар корҳоро ба сомон расонидаву дар нақшаи 10-сола дорад, ки метавон гуфт бо амалӣ шудани онҳо таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳа ба миён меояд.

Бо вуҷуди он, ки дар самти самаранок истифода бурдани обу замин Вилояти Суғд зиёд корҳоро ба сомон расонида бошаду метавон гуфт дар ин вилоят ягон ваҷаб замин бекор нест, вале дидаю дониста баъзе аз масъулини ташкилоту идораҳо ба корҳое даст мезананд, ки агар аз руйи қонунҳо баҳо диҳем, онро чун ҷиноят талаққӣ дода мешавад. Гарчанде, ки заминҳои деҳаи Зарзамин (Қатаған) ҷамоати деҳоти Зарзамин (Қатаған) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамшафат бо обанбори азими Баҳри Тоҷик бошад ҳам, вале дидаву дониста хоҷагидорони Хоҷагии ҷамоавии ба номи «Абдураҳим Ҷумаев», раисаш Ҳомидҷон Ҳакимбоев ва Хоҷагии саҳҳомии ба номи «Отаҷон Убайдуллоев»-и  Вилояти Суғд, раисаш  Абдуллоҷонов Мухторҷон бар хилофи меъёрҳои қабулгардидаи ҳифзи муҳити зист, санитарию эпедемиологӣ ва экологӣ дар беш аз 200-300 га заминҳои назди соҳилӣ деҳаи Зарзамин (Қатаған) кишти шолиро бо оби системаи канализатсияи шаҳри Гулистон гузаронида аз ин ҳисоб  аз ҳар га замини шолӣ то 2800 кг шолӣ ба фоидаи хоҷагиҳо гуён аз иҷоракорон меруёёнанд. Аз ин ҳисоб, агар 2800 кг. ба 300 хоҷагидор бошад зарб занем 840,000 кг шолиро ташкил менамояд ва аз ин ҳисоб чӣ қадар маблағҳои андоз аз ҳисоби фоидаи шахсони ҳуқуқии воқеӣ давоми 5-10 соли охир куҷо шудаанд? Мо аз раиси ҷамоати Исфисор ҷаноби Анварҷон Дусматов, раиси хоҷагии «Отаҷон Убайдуллоев», раиси ҷамоати деҳоти Зарзамин хонумаи воломақом Ҷураева Мавлуда, раиси хоҷагии «Абдураҳим Ҷумаев» Ҳомидҷон Ҳакимбоев ва сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Усмони Ҳомид пурсиданием, ки оё бо ин кирдорашон ки гуё заминро самаранок истифода мебаранду аз он ҳосили баланди шолӣ руёнида, дар самти амнияти озуқавории кишвар саҳм мегузоранд, ҷинояте содир карданд ё на?

Дар суҳбати мо сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷаноби Усмони Ҳомид иброз намуданд, ки барои сохтмони иншооти ахлоттозакунии шаҳри Гулистон мо аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ҷамоавии ба номи «Абдураҳим Ҷумаев» 5-га замин ҷудо намудем, ки алакай тамоми тараддуди ҷудокунии замин ба охир расидааст. Вале агар деҳқонон бо оби канализатсия шолӣ корида бошанд, ин ба ягон меъёри бехатарию беҳдоштӣ ва экологӣ дуруст намебошад, чунки эҳтимол дорад баъзе бемориҳо ба шолӣ гузашта ба саломатии истеъмолкунанда зарари ҷиддӣ расонад. Абдураҳим Ҷумаев, раиси хоҷагӣ ва ҷаноби Ҳамидҷон Ҳакимбоев бошад иброз намуданд, ки мо аз ҳар як иҷоракор то 2800 кг шолӣ мегирем, заминҳои назди соҳилро бошад ба шаҳри Гулистон додаанд, ки худашон ҷавобашонро диҳанд. Агар деҳқонон обу ахлоти канализатсияи шаҳри Гулистонро истифода намуда бошанд, худашон ҷавоб гуянд. Раиси ҷамоати деҳоти Зарзамин н.Б. Ғафуров хонум Ҷураева Мавлуда бошад гуфтанд, ки аз оби канализатсияи ш. Гулистон сокинони ҷамоати Исфисор истифода менамоянд на мо, бигзор ба саволҳои шумо раиси ҷамоат Анварҷон Дусматов ҷавоб гуянд ва он кас ба зиёд зангҳои мо ҷавоб нагуфтаанд. Ба саволи мо оид ба самаранок истифода бурдани заминҳо ва гузаронидани кишти шолӣ бо оби канализатсия дар ҳудудҳои варзишгоҳи шаҳри Гулистон ва заминҳои ҷамоатҳои Зарзамин ва Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят ҷаноби Олимбек Юлдошзода иброз намудаанд, ки «умуман хоҷагидорону заминистифодабарандагон ба мо итоат намекунанд, вале агар чунин шуда бошад, ин кирдорест набахшиданӣ, ки инсонро ба зиёд бемориву маризиҳо мубтало мекунанд. Бояд Кумитаи идораи замини вилоят идораҳои беҳдоштӣ ва экологӣ ҷавоб гуянд.» Мо хостем дар суҳбати ру- ба ру ба саволҳои худ аз сардори Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ҷаноби Хуршедҷон Салимов  посух гирем, вале раис набуд ва мутахассиси ин корхона Бобозода Сарфароз иброз намуд, ки аз ин амалҳо хабардор нестанд, вале агар чунин бошад касе, ки ба чунин амал роҳ дода бошад бояд ҷазои худро гирад. Он шоликорон ва саҳмдороне, ки ба ин амал даст задаанд пеши Худои худ агар аз бандаву қонунҳо натарсанд, чӣ ҷавоб мегуфта бошанд? Дар маҷмуъ ба ин кирдори нангин, ки дидаву дониста даст задаву аз ин ҳисоб маблағҳои басо ҳангуфтро ба ҳамиёни бе охири худ задаву мардумро ба гумроҳӣ зада, маҳсулоти заҳролудшударо пешниҳод менамоянд кӣ бояд ҷавоб гуяд?

Саиди Ҳайдар

 Душанбе-Суғд-Душанбе