- Маориф

Суғд: Беш аз 20 ҳазор нафар хонандаи “осебпазир”

Дар ҳудуди вилояти Суғд маҷмуан 20 ҳазору 162 нафар хонандаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ба истилоҳ “осебпазир” ҳастанд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд  Каримзода Осим аз  ин шумора 430 нафарро хонандагони душвортарбия, 1999 нафарро хонандагон аз оилаҳои ноустувор, 1401-нафарро хонандагон аз оилаҳои осебпазир ва 16 ҳазору 332 нафарро хонандагоне, ки падар- модарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ташкил медиҳанд.

Каримзода гуфт барои тарбияи солими ин гурӯҳи хонандагон ва пешгирӣ аз ҳар гуна кирдорҳои ношоям гурӯҳҳои зикршударо ба маҳфилҳои гуногун ҷалб карда шудаанд. 

Мушкили дигари соҳаи маориф дар вилоят ин афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ байни хонандагони мактаб мебошад.

Сардори Раёсат изњори нигаронӣ аз он кард, ки дар давоми шаш моҳи соли равон 87 нафар ноболиғон даст ба ҷиноят задаанд. Аз ин шумора 49 нафари онҳоро хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳад. Шумораи ҷинояткорӣ агарчӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  ҳамагӣ як адад зиёд ба қайд гирифта шуда бошад њам, вале  нигаронкунанда ва ҳалталаб боқӣ мемонад. Афзоиши ҷиноят дар байни мактаббачаҳо дар ҳолест, ки ҳамасола даҳҳо чорабиниҳо, вохуриҳо ва маҳфилҳои гуногун бо сарфу харчи зиёд баргузор карда мешавад.