- Кишоварзӣ

Бунёди ҷангалҳои нав ва кумакҳои Хоҷагии ҷангал ба зарардидагон

   Тоҳир Амиршозода, директори Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали минтақаи Кўлоб рўзи 16-июл дар рафти нишасти матбуотӣ дар баробари дигар масъалаҳо зикр кард, ки кормандонаш дар 6 моҳи соли ҷорӣ барои бунёди ҷангалзорҳои нав ва кўмак ба зарардидагон даст ёфтанд.

   Аз ҷумла ба гуфтаи мавсуф дар шаш моҳи сипаришуда хоҷагидорони хоҷагиҳои ҷангали минтақа бунёди ҷангалро аз 132 гектари пешбинишуда ба 146 гектар, 111 %, барқароркунии ҷангалро 390 гектари нақшавӣ ба 412 гектар 106%, тайёр кардани заминро бо мақсади истифодаи самарабахш ба ҷойи 522 гектари пешбинишуда ба 558 гектар 107% пурракунонии ҷангалзорро аз 126,8 гектари нақшабандишуда ба 184,7 гектар 146%, даромад аз ҷангалро ба ҷойи 740 ҳазор сомонӣ ба 766,1 ҳазор сомонӣ 104 % таъмин намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи гузашта қадре беҳтар арзёбӣ мегардад, вале қаноаткунанда нестанд.

   Тибқи маълумот дар Хоҷагии ҷангали Даштиҷум дар майдони 2 га боѓи анори навъи шириндонаи «Даштиҷум» ва хоҷагидорони хоҷагии ҷангали Муъминобод дар қатори дигар масъалаҳо ба бунёди майдони хуч диққати заруриро равона намуда, дар 19 гектар боғи хуч бунёд карданд.

   Амиршозода инчунин иттилоъ дод, ки дар доираи омодагиҳо ба санаи сарнавиштсози миллӣ, бо дастгириҳои бевоситаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як нафар офатзада Раҷабова Зикамо, сокини шаҳри Кўлоб маҳаллаи С. Даминзода хонаи истиқоматии 3 ҳуҷрадор бунёд шуда истодааст, ки дар бунёди он хоҷагиҳои ҷангали минтақа саҳм доранд.  

   Ҳамзамон дар рафти нишаст гуфта шуд, ки дар Хоҷагии ҷангали Шурообод дар назди бинои хоҷагӣ дар майдони 03, га ниҳолхонаи хурд ташкил карда шуда, ба зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кўлоб 10-метри кубӣ ҳезум ва ба маблаѓи 5300 сомонӣ кўмак расонида шудааст.

Худододи И