- Варзиш

Темур Раҳимов парчами Тоҷикистонро мебардорад: оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио

23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио   дар    Варзишгоҳи миллии  шаҳри Токиои Япония    доир мегардад, ки  маросими мазкур соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додаанд.

Бояд зикр кард, ки ҳайати дастаи мунтахаби  олимпии Тоҷикистон шоми дирӯз ба Токио расид. Аъзои ҳайатро масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар деҳаи олимпӣ ҷобаҷо карданд.

Дар  бозиҳои олимпии  Токио- 2020  Тоҷикистонро 10 нафар варзишгарон- дзюдочиён: Сомон Маҳмадбеков (вазни то -73 кг), Акмал Муродов (то -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то -90 кг), Темур Раҳимов (то + 100 кг), муштзанҳо: Баҳодур Усмонов (то -63 кг), Шаббос Негматуллоев (то -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз -91 кг); риштаи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м), шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ мекунанд. Гулсумбӣ Шарифова бо сабаби  ҷароҳат бардоштан дар олимпиада иштирок карда наметавонад.

Дар назар аст, ки олимпиадаи Токио-2020 аз 23 июл  оғоз шуда, то  8  август идома ёфта, дар он   12 500 варзишгар   ширкат варзида, барои 339 ҷоиза миёни ҳам қувва озмоянд. Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио  паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов мебошад. Бо назардошти варзишгарон шумораи ҳайати  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.