- Маориф

ДДХ: Ихроҷи 750 нафар донишҷӯён барои напардохтани маблағи шартнома

   Дар шашмоҳаи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров беш аз 700 нафар донишҷӯ хориҷ шудаанд. Бино ба иттилои ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода сабаби асосии ихроҷи бештари донишҷӯён қарздории академӣ мебошад.

   Қарздории академӣ низ як намуди хориљ шудан аз донишгоҳ аст. Нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён, ки 23130 нафарро ташкил медиҳанд, хориҷ шудани ҳамагӣ 750 нафар донишҷӯ ҳеҷ аст.

   Барои идомаи таҳсил ва дастгирии донишҷӯён дар давоми шашмоҳаи соли 2021 ба 200 нафар донишҷӯйи тариқи шартнома таҳсилкунанда имконият дода шуд, ки маблағи шартномаро вобаста ба шароити иқтисодияшон аз муҳлати муқарраргардида дертар супоранд.

   Дар баробари ин дастгирии донишҷӯёни ятиму нимятим ва имконияти маҳдуддошта дар донишгоҳ ба назар мерасад. Ба гуфти Ҷӯразода дар донишгоҳ 44 нафар ятими кул ва 84 нафар маъюбони гурўҳҳои якум-дуюм ва сеюм таҳсил мекунанд. Ба онҳо ғайр аз стипендияҳои муқарраршуда ҳармоҳа 130 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида мешавад. Инчунин ятимони кули донишгоҳ бо хобгоҳҳои ройгон таъмин мебошанд.

Фарзона Муродӣ