- Маориф

ДДК: аз зинаи 17-ум ба 12-уми рейтинги муассисаҳои олӣ баромад

   16-уми июл бо иштироки намояндагони Воситаи Ахбори Оммаи минтақаву вилоят ва ҷумҳурӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ нишасти хабарӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст масъулин аз бурду бохти нимсолаи аввали соли 2021 маълумот доданд. Гуфта шуд, ки аҳли раёсат ва колллективи бисёрҳазорнафараи ДДК дар ин муддат ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.

   Аз сабаби узрнок иштирок надоштани ректори донишгоҳ Мирализода Абдусалом, нишасти мазкур бо иштироки муовинон, Шарофат Худойдодова ва масъули бахши матбуотии донишгоҳ Зафар Мирзоён гузаронида шуд.

   Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии ДДК дар баромади худ аз дастовардҳои дар шаш моҳ бадаст овардаи кормандону донишҷўён хабар дод. Аз ҷумла мавсуф гуфт, «Дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар омўзгорон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Дар 6 моҳи соли 2021 ҳайати профессорону омўзгорони донишгоҳ 4 китоби дарсӣ, 5 монография, 38 воситаи таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 566 мақолаҳо таҳия ва нашр намудаанд. Соли ҷорӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ 1 адад сервери пуриқтидор харидорӣ ва насб карда шуд, минбаъд раванди автоматикунонии таълим ва имтиҳонҳои ҷорӣ тавассути сервери ягона сурат мегирад. Боиси сарфарозист, ки Зафар Мирзоён барои силсилаи мақолаҳо доир ба ҳаёту фаолияти сиёсиву ҷамъиятии адиби зиндаёд устод Мирзо Турсунзода дар озмуни ҷмуҳуриявие, ки аз тарафи нашрияи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода ва шаҳри ҳисор доир гардид, ғолиб ва шоҳиди Шоҳҷоиза гардид. Ислом Ғуломов, профессори донишгоҳ дар озмуни ҳафтаномаи «Омўзгор» бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад» ҷойи дуюмро ишғол кард. Аз ҷумла дар ин давра иштироки донишҷўён дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ назаррас аст.»

   Тибқи маълумот Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ аз 10 факултет, 32 кафедра, хобгоҳ барои донишҷўён ва омўзгорон, 7 марказ, 7 бинои таълимӣ, осоишгоҳи табобатӣ, гармхона, майдончаҳои варзишӣ ва зимистона, 7100 ҷойи нишаст, парки технологӣ ва сохторҳои зертобеъ иборат аст. Шумораи донишҷўёнаш ба 12 111 нафар аст, ки 7201 нафар дар таълими рўзона ва дар таълими ғоибона ва фосилавӣ 4910 нафар таҳсил менамоянд. 421 нафар донишҷўён тибқи квота таҳсил менамоянд.

   Яке аз масъалае, ки ректори донишгоҳ дар нахустин нишасти матбуотияш аз он нигаронӣ кард, дар зинаи рейтингии муассисаҳои олии таълимии кишвар мавқеъ ғайриқаноатбах доштани донишгоҳ буд. Бо гузаштаи беш аз як сол ДДК дар ин радабандӣ мавқеи худро дигар кард.

   Доир ба ин масъала Шарофат Худойдодова муовини ректор иброз дошт, яке аз дастовардҳои назаррасе, ки коллективи донишгоҳ ноил шуданд, аз зинаи 17-ум ба зинаи 12-ум баромадани донишгоҳ дар радабандии муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар аст. Аз ин бармеояд, ки сатҳи таъмим ва тарбия боло рафта, дар ҳама сохторҳои донишгоҳ корҳо ба таври ҷиддӣ ҷараён доранд.

  Худододи Ислом