- Иқтисод

САРДОРИ ШАБАКАҲОИ БАРҚИ КЎЛОБ БЕЧОРАНОЛӢ МЕКУНАД

Маҳмуродзода Ғайратшо Мерган, сардори филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Шабакаҳои тақсими Барқ дар ш. Кўлоб дар сўҳбат бо ҳафтавори “Пайк” “башорат” дод, ки реҷаи тақсимоти барқ дар минтақаи Кўлоб то ба як соати дигар тамдид гардид. Қаблан барқ аз соати 23 шаб то 5 рўз хомўш карда мешуд, ҳоло аз соати 22 хомўш карда мешавад.

Дар 20 соли ахир ин барои аввалин маротиб аст, ки баъди ҷашни Наврўз ҳам реҷаи барқ боқӣ мемонад ва ҳатто дароз карда мешавад.

Ғайратшо Мерган, инчунин қайд кард, ки ҳамаи зеристгоҳҳои минтақаи Кўлоб корношоям шудаанду ба иваз кардан ниёз доранд.

Бадбахтӣ дар он аст, ки сардор мегўяд тамоми техникаҳои кории Филиал кўҳнаю фарсудаанду ба иваз кардан ниёз доранд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамтоҳои пешини ў аз муваффақиятҳо ҳарф мезаданд. Иттилоъ медоданд, ки фалон миқдор техникаи корӣ дорему фаолият карда истодаанд. Дар мавриди зеристгоҳҳо бошад сарварони пешини Шабакаҳои Барқи минтақа мушаххасан мегуфтанд, ки чанд ададашон корношоям асту чанд адади онро таъмир ё азнавсозӣ кардаанд.

Маҳмуродзода дар ҳоле бечоранолӣ мекард, ки қарздорӣ аз ҳисоби пардохти ҳаққи истифодаи барқ дар минтақаи Кўлоб ба 164 миллиону 222 ҳазору 69 сомонӣ мерасидааст.

 Маҳмуродзода қаноатмандона иттилоъ медиҳад, ки имсол назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23 млн квт соат кам нерўйи барқ истифода бурдаему ҳудуди 1 миллион сомонӣ қарзҳоро кам кардаем. Ин ҳам дар ҳоле, ки ў мегўяд дар ҳамин шабонарўз мо 1 миллиону 746 квт соат нерўйи барқ мегирем. Дар ҳамин рўзҳои соли гузашта бошад, қайд кард сардор, мо камтар барқ мегирифтем, ҳамагӣ 1 миллиону 562 ҳазор квт. соат. Воқеият гуфтаҳои сардорро инкор мекард.  

Дар мавриди талафоти барқ ҳам Филиали ҶСК ШБ дар шаҳри Кўлоб яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Талафот дар ин мавзеъ ба беш аз 27% баробар аст. Дар ҳоле, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ борҳо таъкид кардааст, ки талафоти барқ набояд бештар аз 15 %-ро ташкил кунад.  

Қутбиддин Самиев, сармуҳандиси Шабакаҳои Барқи шаҳри Кўлоб дар сўҳбат бо мо қайд кард, ки ҳоло ШБ шаҳр зертобеъ ва дастнигари Филиал шудааст. Барои ворид шудани таҷҳизот барои фаолияти мунтазам мо бояд аввал ба Филиал муроҷиат кунем, сипас филиал ба Барқи Тоҷик муроҷиат мекунад, ки кор бамаротиб мушкил шудааст. Мутахассис ақида дорад, ки бояд ШБ Кўлоб дар шакли мустақил боқӣ мемонд, мисли шаҳри Хуҷанд.

Бо ин ҳама бечоранолии сарварони Шабакаҳои Барқи минтақаи Кўлоб  мардум умед бар он бастаанд, ки рўзҳои наздик лимити барқ аз байн бардошта мешавад. Аммо ҳамарўза аз бемасъулиятии масъулини барқ ба ҷуз лимит хомўш шудани барқ дар шаҳру минтақаи Кўлоб мардумро маъюс кардааст.