- Сиёсат

Панҷ давлати Ғарб Россияро барои таҳдиди ҳарбӣ ба давлати Укроин айбдор донистанд

Амрико, Бритониё, Канада, Литва ва Полша ҳамоиши нерўҳои  ҳарбии русро дар марзҳои Укроин мавриди муҳокима қарор доданд, хабар медиҳад “РИА Новости.”

Вохурии панҷгонаро вазири дифои Бритониё  Бен Уоллес роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Амрико муовини вазири дифоъ Аманда Дори ҳузур дошт.

«Эҷоди ташаннуҷи авзо аз ҷониби Россия ҳусни тафоҳумро дар ин минтақа, ки 27 июли соли 2020 бо ҳузури САҲА ба даст омада буд, халалдор месозад.”- қайд кард департаменти давлатӣ. 

Ба ҷуз ин, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳарбиёни Укроинро машқҳои ҳарбӣ омузанд ва баҳри тақвияти нерўҳои ҳарбии ин кишвар кушиш ба харҷ диҳанд.

Муносиботи байни Киев ва Москва баъди он, ки Россия Қримро моҳи марти соли 2014 ба худ пайваст кард вайрон шуданд. Қисме аз вилоятҳои Донбасс ва Луганск  соҳибмухтории худро эълон карданд. Укроин тавассути дахолати ҳарбӣ борҳо кушиши баргардонидани ин ду вилоятро кард, аммо бе натиҷа.