- Фарҳанг

МУЪМИНОБОД: ВАЗЪИ НОГУВОРИ МАКТАБИ БАЧАГОНАИ МУСИҚӢ

Чанд сол аст, ки мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Муъминобод дар бинои бегона ҷойгирифта, шароити хуб надорад. Ҳамзамон, дар мактаби бачагонаи мусиқӣ се синфхона побарҷо аст. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар мактаб ба 170 – нафар хонанда нозукиҳои санъатро меомўзанд. Мутасаддиёни мактаби фавқ аз сабаби набудани синфхона дар утоқи кории директор ба хонандагон дарс мегузаранд. Табиист, ки мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Муъминобод дар собиқ бинои таваллудхонаи ноҳия ҷойгир аст. Вазъи бино хароб аст ва таъмирро тақозо дорад. Тибқи иттилои дастрас вақти боридани борон вазъи синфхонаҳо ноҷур мешавад. Ба гуфтаи омўзгорони мактаби мазкур дар як синфхона ҳам дарси таблаку дойра мегузаранд, ки боиси ташвиши якдигар мегарданд.

Олимҷон Сафаралиев, директори мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Муъминобод гуфт: “Ман наздики 6 моҳ аст, ки ба ҳайси директор фаъолият дорам. Ростӣ, дар мактаб аз норасоии синфхона ва ҷойи нишаст танқисӣ дорем. Айни замон 170 хонанда дар назди муаллимони мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия сабақ меомўзанд. Аз сабаби набудани синфахона 6 муаллимамон дар Қасри фарҳанг, муаллими рассомӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ноҳия, муаллими суруд дар мактаб- интернати ноҳия фаъолият карда истодаанд.

Возеҳ аст, ки аз ҳоли табоҳ доштани мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Муъминобод масъулони ноҳия хабар доранд. Вале маълум нест, ки чаро муҳри хомўшӣ ба лаб ниҳоданду пайи бартараф кардани мушкилот намешаванд. Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия ҳамагӣ як мактаби бачагонаи мусиқӣ фаъолият мекунад.

Исроил Баротов, мудири Бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Пайк» гуфт: “Айни замон мактаби бачагонаи мусиқӣ камбудӣ надорад. Бо қарори собиқ раиси ноҳия як масҷиди ғайрирасмиро барои таъсиси мактаби мусиқӣ доданд. Барои таъмири он бошад, маблағи зиёд лозим аст. Феълан 5 синфхона барои мактаби мусиқӣ дар Қасри фарҳанг ҷудо кардем.”  

Омўзгорони мактаби мазкур зимни мусоҳиба ироа карданд, ки дар муассиса бо қувваи худ асбоби мусиқӣ харидорӣ кардаанд. Вале ҳамоно Исроил Баротов, мудири Бахши фарҳанг мехоҳад, бо таърифу тавсифи беасосаш моро ба раҳгумӣ андозад.

 Рамазон Саидов, собиқ директори мактаби мазкур дар мусоҳиба зикр кард, ки барои таъмини ҷойи нишаст ва синфхонаҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардааст, вале бенатиҷа. Манбаъ гуфт, ки ба хотири шикоят карданаш аз шароити мактаб ахиран ўро аз вазифа озод карданд.

                                                                                                          Суннати Содиқ