- Тандурустӣ

АПТЕКАБОРОН ДАР БЕМОРХОНАИ №2 КЎЛОБ

Фақат дар дохили бино ва ҳавлии беморхонаи вилоятии №2 дар шаҳри Кўлоб мо 11 дукони фурўши доруворӣ ё ба истилоҳ аптека ба ҳисоб гирифтем. Дар атрофи беморхона бошад, ҳамагӣ 10 метр берун аз панҷараи он боз 31 дукони дорўфурўшии дигар ҳисоб кардем, ки дар маҷмўъ 42 дуконро ташкил медиҳад. То ба ин ҳадд зиёд шудани шумораи аптекаҳо шояд фоҷеа набошад, аммо хеле нигаронкунанда аст. Бино бар иттилои як сарчашма дар ҳоле, ки коллективи меҳнатии худи беморхона хеле бузург асту барои ҳама шўъбаҳо ва табибони алоҳида утоқи корӣ намерасад, чӣ лозим ин ҳама дорухонаҳо. Ва аммо бомуваффақият фаолият кардани ин аптекаҳо ва бою сарватманд шудани соҳибони онҳо, ба андешаи мо, бозгу аз фоҷеа бояд бошад. Ҳамарўза шояд то 5 ҳазор корафтода фақат ба ин 42 нуқта муроҷиат кунанд, ки ин дар як моҳ 20 то 30 фоизи аҳолии шаҳрро дар бар мегирад. Дар шаҳри Кўлоб бошад шумораи  мағозаҳои доруфурўшӣ ба садҳо адад мерасад. Инҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки шояд нисф зиёди аҳолии Кўлобшаҳр маризанду мизоҷони доимии мағозаҳои хурду бузурги доруфурўшӣ?

Афроди миёнаумр ва калонсол дар хотир доранд, ки замони шўравӣ дар тамоми шаҳри Кўлоб ҳамагӣ ду нуқтаи фурўш ва омода сохтани доруворӣ амал мекарду мудом камодам буданд. Мантиқан аз он солҳо то ба ин дам, агар Кўлобшаҳр 10 маротиба калон шуда бошад, пас имрўз барои шаҳр ҳамагӣ 20 нуқтаи фурўши дору лозим, бигзор 50-то.

Кас намедонад ҳамаи ин нуқтаҳо аз кадом афроди дастдарозанд. Кӣ ва ба ивази чӣ ба ин тоифа иҷозат медиҳад, ки дар дохили беморхонаҳо тиҷорати густардаи худро ба роҳ монанд. Як масъули дигари беморхонаи вилоятии №2 шаҳри Кўлоб ба шарти ифшо нашудани номаш, ки ба мансаби ў хатар дорад, гуфт: “Ба наздикӣ хостанд чанд дукони дохили биноро маҳкам кунанд. Аз тамоми ҷумҳурӣ мансабдорони баландпоя занг зада таҳдид карданд, ки нарасед ба ин дуконҳо.”

Дар фароварди сухан мо ба раиси вилояти Хатлон, мўҳтарам Ҳакимзода Қурбон, сардори Раёсати тандурустии вилоят Раҷабзода ва сардухтури ин беморхона ҷаноби Шомадов савол медиҳем, ки оё ин дуконҳои фурўши доруворӣ дар ҳаёти иҷтимоии беморхона ягон нақши созанда доранд? Агар дошта бошанд, чаро ин беморхона мудом дастнигар асту шикоят аз нарасидани таҷҳизот ва маблағ барои таъмир дорад? Гузашта аз ин оё боре санҷидаед, ки ин тоифа дар мағозаҳои худ чӣ мефурўшанд?

Оё Шумо ҷанобон, ҳаводиси ҳамин давраи соли гузаштаро аз хотир баровардед? Ҳамин доруфурўшон набуданд, ки баъди овозаи Коронавирус нархи ниқобҳои муҳофизатиро то 5 баробар ва дорувории каме ба роҳҳои нафас дахлдорро барои миллат то 20 баробар боло бурданд? Пас ин ҳама илтифоти Шумо ба ин ҷанобон ба хотири чист?

                                        Пайк