- Иҷтимоъ

САГҲОИ ДАЙДУРО КӢ НЕСТ МЕКУНАД?

   Ҳолатҳои ба одамон дарафтодани сагҳои дайду ва гирифтори касалии ҳорӣ (девона) дар ҳама замон буду ва ҳам боқӣ мемонад. Ҳамасола даҳҳову садҳо одамон аз ҳамлаи чунин сагон зарари ҷисмонӣ ва ҳатто ҷонӣ мебинанд. Дар ин росто дар ҷойҳои серодам, бозорҳо, кўчаю маҳаллаҳо ва партовҷойҳои шаҳр сайругашти озоди сагҳои дайду ба чашм мерасанд. Барои нест кардани чунин ҳайвоноти ба саломатии мардум зараррасон кӣ масъул асту чӣ намерасад?  

   Қиёмиддин Розиқов, муҳандис-технологи шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кўлоб дар ин маврид зимни тамоси телефонӣ ба мо гуфт, “дар се моҳи имсол 138 ҳолати ба одамон ҳамла кардани сагҳо дар шаҳру деҳоти Кўлоб ба қайд гирифта шудааст. Сагҳои дайду нисбати солҳои қаблӣ кам аст. Ҳамаи осебдидагон аз ҷониби соҳибони сагҳо ва ё доштани кўмаки унвонии иҷтимоӣ (камбизоатӣ) ваксинатсия шудаанд. Миёни саггазидагон одамони ҳамаи синну сол ҳастанд. Хушбахтона ягон нафари онҳоро саги ҳорӣ нагазидааст. Вазифаи мо барои нест кардани сагҳои дайду ба корхонаи коммуналӣ дархост додан аст.”

   Тибқи расмиёт ҳар як нафаре, ки соҳиби саг аст, бояд ҳуҷҷати соҳибияти онро дошта бошад. Аммо кам нафаронро вохўрдан мумкин ки чунин талаботро рўи кор бигирад. Маъмулан ҳам зиёд шудани шумораи сагҳои дайду дар ҳудуди шаҳр, агар аз як ҷиҳат нодида гирифтани масъулин бошад, аз дигар тараф беинсофию бемаърифатии худи соҳибони ин гуна ҳайвонҳост. Зеро агар модасаге панҷ сагбача зояд, хонадорҳо ҳамон сагбачаи наринаро интихоб мекунанду модаҳояшро дар кўча ё шабона хилват аз маҳалли зисташон дур бурда мепартоянд. Агарчи мо аз шумораи зиёди сагҳои дайду дар кўчаву маҳаллаҳо ва бозорҳои шаҳр ёдовар мешавем, аммо кормандони муваззафи нест кардани чунин ҳайвонҳо иддао доранд, ки дар ин масъала бетараф нестанд ва ҳар ҳафта вазифаи худро иҷро карда истодаанд.

   Рустам Неъматзода, директори Корхонаи давлатии фаръию комуналии шаҳри Кўлоб ба «Пайк» иттилоъ дод, ки “Тибқи супориши протоколии раиси шаҳри Кўлоб ҳар ҳафта бо ҳамроҳии кормандони «ОМОН» барои безарар ва нест кардани сагҳои дайду кор бурда истодаем. Несткунии чунин ҳайвонҳо бо ду роҳ паррондан ва дорузаҳр анҷом меёбад. То имрўз зиёда аз 82 адад сагҳоро нест кардаем. Аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонӣ барои несткунии сагҳои дайду ҳасиб ва дорузаҳр харидорӣ мекунем.”

   Маъмулан чунин ҳайвонот паҳнкунандаи ҳама намуди сироятанд ва дар сурати одамро газидан, агар саривақтӣ ба беморхона интиқол дода нашаваду доруҳои алоҳида нагузаронанд, ҳалок шуданаш мумкин аст. Агар воқеан раванди нест кардани сагҳои дайду чанин сурат гирад, пас чи шабона ва чи рўзона тўдаи сагҳои дайдуе, ки ба чашм мерасанд, аз куҷо меоянд?

акс аз интернет

Худойдоди И