- Без рубрики

Озмуни «Дунёи саодат» ансамблҳои оилавии ВМКБ-ро ба ҳам овард

   Дар ҳудуди ВМКБ дар баробари ҳунармандони касбӣ,  санъаткорони зиёди ҳаваскор дар доираи имконоти худ эҷодкорӣ менамоянд.  Соли равон мисли дигар  солиёни пеш  наздики 10 оилаҳои ҳунарманд дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» дар озмуни  ансамблҳои оилавӣ  иштирок менамоянд.

   Ансамблҳои оилавӣ дар баробари сурудхониву рақс муваззаф гаштанд, ки эҷози дасти аъзоёни оила ва хешу таборашонро ба намоиш гузоранд. Чунин намоиши дастовардҳо дар хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Тусён бо иштироки ҳунармандони оилаи Муборакқадамовҳо доир гардид. Аз рўи гуфти як нафар аз аъзои ин оила Гулбегим Муборакқадамова ҳамаи бонувони оилаи онҳо дар баробари адои вазифаи хизматӣ дар вақтҳои  фориғ аз кор ба бофандагӣ машғул мегарданд. Бо ибтикори Гулбегим Муборакқадамова як гурўҳи манфиатдори бонувони ҳунарманд, ки асосан хешони наздик мебошанд, на танҳо маҳсулоти ҳунармандӣ истеҳсол менамоянд, балки ҳунари ҷавондухтаронро сайқал медиҳанд. Аз рўи гуфти Гулбегим Муборакқадамова ҳар як бону сайқал додани як навъи  гулпартоиро ба ўҳда дошта, дар навбати худ  ба дигарон ҳам  ёд медиҳад. Айни ҳол Гулбегим ва гурўҳи вай ба мавсими сайёҳӣ  омодагӣ дида истодаанд.

   Дар шафати хунарҳои дастии бонувони оилаи  Муборакқадамовҳо гўшаи маҳсулоти ҳунармандии чубин ҷо дода шуд. Дар ин ҷо маҳсулоти устоди чирадаст Иброҳим Элчибеков ва фарзандони оилаи Муборакқадамовҳо ба намоиш гузошта шуданд. Худи Иброҳим омўзгори мактаби санъати ноҳияи Роштқалъа буда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки  эҷози дасти бархе аз онҳо дар ин гўша ҷо дода шудаанд. Аз рўи гуфти ў айни ҳол бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вай бо шогирдонаш ба тайёр намудани армуғонҳо машғул аст. Тавре маълум гардид, маҳсулоти ҳунармандии ин устоди чирадаст  дар худи ноҳияи Роштқалъа ва вилоят талабгорони зиёд дошта,  аз тарафи сайёҳон ҳам фаровон харид мегардад. Соли гузашта  чунин имконот маҳдуд буд.

   Дар ҷараёни ҳунарнамоии оилаи Муборакқадамовҳо аён гашт, ки онҳо ба озмуни ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» бо тайёрии пухта омадаанд. Гурўҳи навозандагон бо шавқи беандоза оҳанги «Сезарби»-и Қимматшо Шоискандаровро пешкаши ҳакамон гардонданд.

   Дар сўҳбат бо сарвари оила Фозилбек Муборакқадамов  маълум гашт, ки аъзоёни  оилаи вай аз хурдсолӣ ба санъаткорӣ шавқ дошта, сол аз сол  ҳунари худро зери назорати вай сайқал доданд. Номгўи барномаи онҳо асосан аз сурудҳои халқиву эҷодиёти шоирони Бадахшон иборат буд. Аз ин рў суханони шоир Ширин Бунёд бо суруди «Навбаҳори кўҳистонӣ» ва оҳанги Қимматшо Шоискандаров аз забони Ҳангома Ошурмамадова хуш садо дод. Аз рўи шартҳои озмун як нафар аз аъзоёни ансамбл бояд рақси яккаро иҷро намояд. Аз тарафи Муштари Аличорова ин рақс бо маҳорати хоса иҷро гардид.  Бояд қайд намуд, ки дар озмуни имсола ба навохтани асбобҳои мусиқии халқӣ диққати бештар равона гардид. Яке аз асбобҳои  анъанавӣ ва қадимаи тоҷикони Кўҳистони Бадахшон тамбур бо назокати беандоза ва дарки моҳияти навои халқӣ аз тарафи  Савригули Муборакқадам пешкаши ҳозирон гардид. Дар озмун инчунин бадеҳаи халқӣ «Хандида биё» аз тарафи Мамадазими Баҳром ва Абригул Бехроншоева хуб иҷро гардид. Суруди анънавии  сартарошон бо ҷалби  ҳамаи санъаткорон  бо ҷузъиёти  пуррааш  рўи саҳна оварда шуд. Озмуни ансамбли оилавии Муборакқадамовҳо бо суитаи рақсии гурўҳи духтарон анҷом пазируфт.

      Озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ дар тамоми ҳудуди  ВМКБ дар ҷараён буда, баромадҳои ҷамъбастӣ дар маркази  вилоят баргузор мегарданд.

                                                                        Н.Раимова