- Иҷтимоъ

Суғд:157 ҷинояти “заминбизнесон” ошкор шуд

Бино ба иттилои прокурори вилояти Суғд Хоҷазода Фурқат Файзалӣ  дар соли 2020  нисбати заминфурўшӣ 157 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба гуфтаи масъулини сохтори зикршуда назорат дар самти иҷрои қонунгузории замин пурзӯр карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст. Инчунин, 4340 га қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида, ба 239 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, ки аз ин 206 адад вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътироз оварда шудааст.

         Талаби 1 161 153 сомонӣ пора барои  як ваҷаб замин

Мисолу далелҳо оид ба заминфурӯшии  шахсони касбу кори  гуногун зиёданд. Талаби 1 161 153 сомонӣ пора барои як ваҷаб замин кардани “се додарон” Ахмедов Алӣ Саидович, Ашрапов Бахтиёр Раҳматович ва Ҳикматов Рустам мисоли рушани афзоиши ин намуди ҷиноят аст. Бино ба иттилои сардори Раёсат Аваззода Шараф Тавар соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ахмедов Али Саидович, Ашрапов Бахтиёр Раҳматович ва Ҳикматов Рустам бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 3381 қисми 2 бандҳои «а,б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳолати бо роҳи фиреб бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон тасарруф кардани маблағи умумии 1 161 153 сомонӣ оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст. Доир ба парвандаи ҷиноятии мазкур қитъаҳои замин дар масоҳати 0,78 га ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.  Минбаъд парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Айни замон дар пешбурди шуъбаи тафтишотии Раёсат парвандаи ҷиноятии дигар нисбати Ахмедов А.С. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 3381 қисми 2 бандҳои «а,б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Фарзона Муродӣ