- Иқтисод

ВОСЕЪ: нақшаи МНХ иҷро шуду аммо онро истифода набаранд чӣ суд?

  Кормандони Нозироти андози ноҳияи Восеъ ҷиҳати таъмини дастгоҳҳои ҳисоббаробаркунӣ (МНХ) мошини назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ ба соҳибкорон нақшаи худро дар се моҳаи аввали имсол ҳатто барзиёд иҷро карданд. Аммо бохабару бехабар аз он, ки соҳибкорони дўкону мағозаҳо аз ин дастгоҳ анқариб истифода намекунанд ва даромади ҳаррўзаи худро пинҳон месозанд. Яъне дар симои ноўҳдабароӣ ё пинҳонкории масъулони муваззафи андози ноҳия ба давлат хисорот меоранд.

   Ҷиҳати истифодабарии мошинҳои хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар ноҳияи Восеъ аз ҳисоби соҳибкороне, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият доранд, рўзи 1-уми апрел ҳудуди 20 дўкони гўштфурўшии маркази шаҳраки ноҳияро гаштем. Нархи як килограмм гўшти гов ба 60 сомонӣ мерасиду назди дўконҳо ҳам харидорон кам набуданд. Яке гўшт мехариду дигаре дилу ҷигар суроғ мекард, сеюмин нафар каллаву почак. Аммо ба дурустӣ надидем ягон нафар баққоле аз МНХ истифода барад ва ба харидорон расид диҳад. Чунин дастгоҳҳо ҳам дар атрофи гўштфурўшҳо наменамуданд. Ҳол он ки тибқи муқаррарот ҳар як соҳибкори тибқи шаҳодатнома фаъолият доштаи аз МНХ истифода мебурда баъди ҳар як муомилот ба харидор расид диҳад. Вале ин ҷиҳати масъала барои соҳибони дўконҳои мазкур аҳамият надошт. Муҳимии корашон дар фурўши маҳсулоту фоида гирифтан буд. Чаро чунин аст, оё ҷиҳати дар амал қарор додани истифодаи МНХ аз ҷониби кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи мазкур назорат бурда намешавад?

   Сорбон Умаров, сармутахассиси гурўҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии Нозироти андози ноҳияи Восеъ рўзи 1-уми апрел ба хабарнигори ҳафтавори “Пайк” иттилоъ дод, ки “Дар соли 2021 дар як моҳ 7 адад рост меояд, яъне дар се моҳ 21 адад мошини назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ. Дар се моҳи аввал мо ин шумораро ба 22 адад расондем, яъне барзиёд нақшаи таъминро иҷро кардем. Дар ноҳияи Восеъ 546 нафар соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолият мекарда сабти ном шудаанд. Проблемаи гўштфурўшҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ аст, ки аз кассовий аппарат истифода намекунанд. Мо даъват карда огоҳинома додаем, барои насби МНХ-ҳо.”

   Бубинед, ки ин масъул аз омори барзиёд таъмин шудани МНХ-ҳо дар ноҳияи Восеъ бо камоли майл болидарўҳӣ мекунад. Аммо чӣ суд, аз таъмини МНХ-ҳо ки онҳоро мавриди истифода қарор надиҳанд? Дар ҳоле, ки ноҳияи Восеъ беш аз 500 соҳибкори тибқи шаҳодатнома фаъолияткарда дораду аммо масъулини андоз наметавонанд бо истифода аз чораҳои зарурӣ истифодаи МНХ-ҳоро аз ҷониби соҳибкорон назорати ҷиддӣ баранд. Ё шояд миёни масъулон ва соҳибкорон ягон “доду гирифтест”, ки дигарон аз он бехабаранд?   

   Дар моддаи 39-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст:

   “Мақомоти андоз -назорати риояи тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ, инчунин истифодаи дафтари сабти қайди маблағҳои пулии нақд ва Дафтари сабти расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъиро, ки шаклҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, амалӣ менамоянд.”

  Мавриди зикр аст, ки истифода накардани мошини назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ аз ҷониби соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолият дошта, маънои гурехтан аз муайян намудани даромади ҳаррўзаи онҳост. Яъне ҳар соҳибкор аз ин дастгоҳ пурра истифода барад, даромади ў аниқ карда мешавад. Тавре, ки гуфта гузаштем, риояи талаботи моддаҳои алоҳидаи Кодекси андоз аз ҷониби иддае аз соҳибкорон ба мисоли гўштфурўшон риоя нашуда, масъулони алоҳидаи Нозироти андоз низ дар иҷрои вазифаи ҷонии худ бетарафона амал мекунанд.   

Худойдоди И