- Без рубрики

ВОСЕЪ, ДАР РЎЗИ ЯКУМИ ДАЪВАТ 60%-И НАҚША ИҶРО ГАРДИД

Дар ноҳияи Восеъ чун чанд ноҳияи пешдасти минтақаи Кўлоб дар рўзи якуми даъват нисф зиёди нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш иҷро шуд.

Чун дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар рўзи 1-уми апрел, яъне рўзи аввали даъвати ҷавонон ба мавсими баҳории қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони синни хизмати ихтиёрӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд. Ин ҷавонон бо ҳисси баланди масъулият, азми қавӣ ва бо нияти адо намудани хизмати Ватан-Модар саф ороста барои рафтан омода буданд.
Машрабзода ҷамшед, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ зимни сўҳбати телефонӣ ба хабарнигори ҳафтавори «Пайк» иттилоъ дод, ки “Корҳои оммафаҳмонӣ ва тарғиботии мақомоти маҳаллӣ ва дигар масъулин буд, ки дар рўзи аввали даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 55-60 фоизи ҷавонони ноҳияи Восеъ ихтиёран барои пайвастан ба артиш ҳозир шуданд.”
Роҳбарияти ноҳия ҳам дар ин чорабинӣ хизмат дар сафи артишро барои сарбозон муҳим арзёбӣ карда, бо ҳисси баланди ватандустӣ ва ғамхорӣ барои ояндаи сулҳу амнияти кишвар ва ҳамзамон роҳнамоӣ кардани ҷавонони даъватшударо аз ҷониби волидон баҳри адои хизмати ҳарбӣ таҳсину офарин гуфтанд.
Гуфта мешавад, дар ин рўз 120 нафар ҷавонон озими адои хизмати ҳарбӣ буданд, ки 60% нақшаи даъватро дарбар мегирад. Имсол дар мавсими баҳорӣ ҷавонони синни таваллуди 1994-2004 ба артиш ҷалб хоҳанд шуд. Тибқи иттилоъ дар минтақаи Кўлоб аввалин шуда нақшаи даъват дар мавсими баҳории ҷавонон ба сафи артишро ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иҷро кардааст.

Худойдоди И