- Тандурустӣ

СУҒД: 55 КЎДАК ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ СИЛАНД- ТАҲСИЛИ ОНҲО ЧӢ МЕШАВАД?

Бемории сил ба қавли силниносон на ҷинс дораду на синну сол. Аз ин ҷост, ки гирифторшавии кӯдакону наврасон ба ин намуди беморӣ истисно нест. Аз сабаби он, ки табобати ин беморӣ тулонӣ аст, (аз 6 моҳ то 2 сол) аксарият гумон мекунанд, ки кӯдакони гирифтори бемории сил аз таҳсил дур мемонанд.
17-уми март вақте “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и вилояти Суғд рафтем дидем, ки дар шӯъбаи бачагона 10 нафар кӯдакон ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Саволе ба миён меояд, ки ин кўдакон дар вақташ БСЖ нагирифтаанд? Дар посух ба ин савол мудири шуъбаи кӯдаконаи “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и вилояти Суғд, Гулбаҳори Зоҳирҷон гуфт: — Албатта, ин кӯдакон низ дар вақташ БСЖ гирифтаанд, аммо аз сабаби алоқамандӣ доштан бо беморони сили микробхориҷкунанда онҳо низ сироят ёфтаанд.

Аксарияти кӯдаконе, ки дар марказ ба табобат ҷалб шудаанд, шуши линфағадудҳои дохили қафаси сина ҳастанд.
Дар умум нисбат ба солҳои қаблї сили кӯдакон кам шудааст. Сабаби камшавӣ барномаи нави ДОТС, ки 90% табобати аблаторӣ таъйин кард. Инчунин усулҳои муосири табобат.
Кӯдакони бемор ҳамагӣ ду моҳ ба мактаб намераванд, аммо…
Гулбаҳори Зоҳирҷон оид ба муддати табобати кӯдакони мубталои бемории силшуда гуфт: -Кӯдакон дар умум шаш моҳ табобат мегиранд. Ду моҳ давраи шиддатнок ва чањор моҳ давраи ёрирасон табобат мегиранд. Барои аз таҳсил дур намондани кӯдакон дар мактаби худамон таҳсилашонро давом медиҳанд. Муаллимон аз кормандони худамон сар карда то муаллимони ММТУ ҳастанд. Мо ҳамчун мутахассис тавсия медиҳем, ки дар ду моҳи аввали табобат ба мактаб нараванд. Баъд чор моҳи боқимонда аллакай бемории кӯдак безарар аст ва ӯ метавонад ба мактаб равад. Давоми ду моҳи табобат мо аз рӯи барномаҳои дарсӣ вобаста ба синну соли кӯдак дарсҳояшро роҳандозӣ мекунем. Ба роҳбарони мактабҳои онҳо маълумотнома (справка) медиҳем, ки ин кӯдак аз ҷараёни таҳсил дур намондааст.
Яке машғули китобхонию дуюмӣ ба бозӣ

Вақте ба шӯъбаи кӯдаконаи “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и вилояти Суғд рафтем дидем, ки яке ба китобхонию дуюмӣ ба бозӣ машғул буд. Ду-се нафари дигар ба тамошои телевизиор. Кӯдаки аз ҳамаи калонӣ байни кӯдакони шӯъбаи кӯдаконаи ин марказ Фотима буд, ки ҳамагӣ 11 сол дошт. Фотима қариб ду моҳ боз табобат гирифта истодааст. Дар рафти сӯҳбат (албатта бо иҷозаи волидонаш) чунин нақл кард: -Ҳама ҷои баданам дард карда меистод. Бисёр сулфа мекардам. Ҳамсинфонам мегуфтанд, ки чаро ҳама дар фасли зимистон зуком шавад ту чор фасли сол месулфию месулфӣ. Модару падарам ҳам маро шамолхӯрдагӣ гуфта, ҳар хел дорую дармон мекарданд. Аз мактаб то хона бо мушкилӣ меомадам, хастаю беҳол будам. Аввал маро ба Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурданд, духтурон ба волидонам тавсия доданд, ки маро ба Беморхонаи Деҳмой биёранд. Ман мактаб ва ҳамсинфонамро дӯст медорам. Дар аввал гиря кардам, ки ман дар беморхона хоб равам аз дарсҳо қафо мемонам. Баъди ба ин ҷо омаданам дидам, ки ҳам дарс мехонаму ҳам табобат мегирам, дигар гиря накардам. Худо хоҳад аз беморхона ҷавоб шавам ба мактаб рафта, ба ҳамаи ҳамсинфонам мегўям, ки доимо худашонро эҳтиёт кунанд-афзуд Фотима.

Нуруллозода: дар соли 2020 беморӣ не, дарёфт кам шуд
Бино ба таҳлили силшиносони Маркази сили вилояти Суғд дарёфти беморӣ дар байни кӯдакон дар панҷолаи охир чунин аст:
Соли 2016-102-нафар,
Соли 2017-80-нафар
Соли 2018-81-нафар
Соли 2019-105-нафар
Соли 2020-55-нафар
Бино ба таҳлили омории силшиносони марказ шумораи кӯдакони гирифтори бемории сил агар соли 2016 ба беш аз 100 нафар баробар бошад, дар соли сипарӣ ин нишондиҳанда ба 55 нафар расидааст, яъне дар қиёс ба 5 соли пешӣ 50% коҳиш ёфтааст. Аммо сардори муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» дар вилояти Суғд Умед Нуруллозода сабаби кам гардидани дарёфти беморӣ дар байни кӯдаконро дар фаъол набудани дарёфти беморӣ аз сабаби паҳн гардидани пандемияи КОВИД-19 донист.

Вақте кӯдакон мубталои бемории сил мешаванд, шубҳаро нисбати гузаронидани вакцинаи ВЦЖ ва таъсиру аҳамияти он дар байни аҳолӣ ба бор меорад. Ҳатто буданд волидоне, ки мегуфтанд: “ваксинаро барои сил нашудани кӯдаконамон мегирем, пас чаро боз онҳо бемор мешаванд, дар ҳоле, ки алоқамандӣ бо бемор надоранд?”.
Ба ин савол, аниқтараш ба ин эрод мудири шӯъбаи кӯдаконаи Маркази сили вилояти Суғд Гулбаҳори Зоҳирҷон гуфт: — Эмгузаронӣ дар байни кӯдакон дар замони шӯравӣ дар се марҳила гузаронида мешуд: дар синни серӯзаги, 5 солагӣ ва 10- 12 солагии кӯдак. Яъне дар панҷ сол як маротиба, аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо ҳоли ҳозир ҳамагӣ як маротиба эмкунӣ аз сил гузаронида мешавад. Он ҳам дар серузагии кӯдак.

dav

Мақсади асосии ин ваксина пайдо намудани иммунитет дар бадани кӯдак бар зидди бемории сил мебошад. Як ваксинаи зиддисилӣ то панҷ сол метовонад кӯдакро аз ин беморӣ ҳимоя кунад, ба шарте, ки кӯдак бо бемор алоқаманд набошад.
Саҳми имомхатибон дар пешгирии бемории сил
-Баъзе аз беморон, ки хатари микробхориљкунӣ ва сироят кунонидани атрофиёнро доранд, на бо хоҳиши худ ба табобат ҷалб мешаванду не бо тавсияи духтурон ва на ба маҷбурияти аъзоёни оила. Қисме аз чунин нафарон ба сухани имому домулло эътимоди зиёд доранд. Аз ин рӯ дар такяи ба ин боварияшон мо аввалан оид ба саломатӣ сухан мекунем ва мегӯем: Ҳатто Худо одами тани солим ва ақли солим доштаро дӯст дорад. Касе дидаю дониста ҷони худро дар азоб мемонад ва боиси ранҷу машаққоти дигарҳо мешавад, дар пеши Худо гунаҳгор аст…- иброз дошт Нурулло Ҳидоятов, имомхатиби масҷид.

Узоқова:Баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ вазифаи асосии мост
Баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зич байни КАТС, МТТҲС, муассисаҳои зиддисилӣ ва ҷомеа, таъмини кӯмаки зарурии зиддисилӣ ба гурӯҳҳои хавфи зиёддошта, аз љумла маҳбусон, шахсони ВНМО- дошта яке аз вазифаҳои асосии мо аст. Инчунин тақвият додани мубориза бо эпидемияи б/с бо иштироки ҷамоатҳо, коммуникатсия, сафарбаркунии иҷтимоӣ, ҷалби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳое, ки аз беморӣ азият кашида истодаанд самтҳои асосии кори мо аст, ки бояд аз фароҳамии шароит истифода бурда, беҳтару бештар кор кунем. Аъзоёни КМТ дар деҳаҳо, мактабу маҳаллаҳо, ҷойҳои кории худ бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, оид ба бемории сил, пешгирии он, дастгирии беморон, дарёфти б/с ва маърифатноккунонии аҳолии ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд, гуфт- силшинос Ояҷон Узоқова.

Фарзона Муродӣ